Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборак!

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон нафаронеро, ки вазифаашон таъмини риояи волоияти қонун дар кишвар аст, бо иди касбиашон табрик менамояд.

Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура муборак! Таманно дорем, ки дар кори душвор ва пурмасъулият ҳамеша дониши амиқи касбӣ, шаъну виҷдони бегазанд ва хиради азалӣ ҳамроҳатон бошад.

Бигзор ҳамеша дар зиндагӣ комёбӣ, сарбаландӣ ва ободӣ насибатон гардад!

NotortureTj