Ҳамкории Кумитаи зидди шиканҷа бо давлатҳои аъзо дар баррасии иттилоот оид ба истифодаи мунтазами шиканҷа

1. Агар Кумита иттилооти боэътимоде гирад, ки ба ақидаи он ин иттилоот дорои маълумоти комилан асоснок оид ба истифодаи мунтазами шиканҷа дар қаламрави ягон Давлати узв мебошад, он гоҳ Кумита ба ин Давлати узв пешниҳод менамояд, ки дар баррасии ин иттилоот ҳамкорӣ намояд ва бо ин мақсад мулоҳизоти худро нисбати ин иттилоот пешниҳод кунад.

2. Бо назардошти ҳама гуна фикру мулоҳизаҳое, ки метавонанд аз ҷониби Давлати дахлдори узв пешниҳод гарданд, ҳамчунин ҳама гуна дигар иттилооти марбут ба масъала, ки дар ихтиёри он мебошад, Кумита метавонад, агар онро зарур шуморад, як ё якчанд аъзои худро барои доир намудани Тафтишоти махфӣ ва фавран ба Кумита пешниҳод намудани гузориши дахлдор таъин намояд.

3. Агар мутобиқи банди 2 ин модда тафтиш доир гардад, Кумита кӯшиш мекунад бо Давлати дахлдори узв ҳамкорӣ ба роҳ монад. Бо розигии ин Давлати узв чунин тафтиш метавонад боздид аз қаламрави онро низ дар бар гирад.

4. Пас аз баррасии натиҷаҳои доирнамудаи ин узв ё аъзоёни тафтишот, ки мутобиқи банди 2 ҳамин модда пешниҳод гардидаанд, Кумита ин натиҷаҳоро якҷоя бо ҳама гуна фикру мулоҳизаҳо ё пешниҳодҳое, ки дар ин ҳолат зарур ҳисобида мешаванд, ба Давлати дахлдори узв равон менамояд.

5. Тамоми кори Кумита, ки дар бандҳои 1-4 ин модда зикр гардидаанд, хислати махфӣ дошта, дар тамоми марҳалаҳои ин кор бояд ба ҳамкорӣ бо Давлати узв саъй намуд. Пас аз анҷоми чунин кор нисбати тафтишоти мутобиқи банди 2 доиргардида, Кумита метавонад баъд аз машварат бо Давлати дахлдори узв доир ба ворид намудани ҳисоботи мухтасар оид ба натиҷаҳои ин кор ба гузориши ҳарсолаи худ, ки мутобиқи моддаи 24 таҳия мегардад, қарор қабул намояд.

Моддаи 20-и Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф

NotortureTj