Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иқтибос
аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»
(Қисми 9). Ҳаракатҳои қонунии зерини шахсони мансабдор оид ба татбиқи чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ шиканҷа эътироф намешаванд: пешгирии ҳаракатҳои зиддиҳуқуқии гумонбаршуда (айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда); истифодаи қонунии яроқ ва воситаҳои махсус (кишанҳо, калтакҳо ва ғайра); дастгир кардан; дар ҳабс нигоҳ доштан бо қарори дахлдори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, дар асоси ҳукми суд аз озодӣ маҳрум сохтан ва дигар ҳаракатҳои мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, ки баҳри иҷроиши вазифаҳои мурофиавии ҷиноятӣ равона карда шудааст.
Татбиқи зўроварии ҷисмонӣ ё рўҳӣ барои ноил гардидан ба мақсадҳои дар қисми 1-и моддаи 1431 КҶ қайдгардида бо баҳонаи ба амал баровардани чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ ҷавобгарии ҷиноятиро бо меъёри зикргардидаи қонуни ҷиноятӣ ба вуҷуд меорад.