Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи душанбе, 1-уми апрел Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тренинг-викторинаи “Асосҳои озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона”-ро барои беш аз 20 нафар афроди ношунаво ва камшунаво баргузор намуд.
Намояндагони ин қишри осебпазири аҳолӣ бори нахуст дар чунин тренинг иштирок карданд ва бо ин мақсад мутахассиси забони имову ишора Зебо Бидиева ҷалб карда шуд.
«Ин гуна одамон бо табъизи дукарата рӯ ба рӯ мешаванд: аввалан, онҳо касе надоранд, ки дар бораи ҳуқуқҳояшон, аз ҷумла оид ба нораво будани шиканҷа ва муносибати бераҳмона маълумот диҳад, дуюм, бинобар нишонаи маъюбӣ осебпазиранд. Онҳо инчунин метавонанд таҳти шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гиранд, аммо на ҳамеша метавонанд ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунанд. Баъзеи онҳо ҳатто намедонистанд, ки шиканҷа ва муносибати бераҳмона амали ҷиноятиянд ва ҷазо талаб мекунанд»,- иброз доштанд созмондиҳандагони чорабинӣ.
Шакли баргузории чорабинӣ чунин буд: нахуст иштирокчиён дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона маълумоти кӯтоҳ гирифта, сипас дар ин мавзуъ викторина баргузор гардид. Се нафар иштирокчиёни фаъол, ки бештар ҷавобҳои дуруст доданд ва ду иштирокчии фаъоли дигар бо туҳфаҳо - дарзмол мукофотонида шуданд.
Баргузории чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг имконпазир гардид. Чорабинӣ ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шуд.