Сокинони Душанбе машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ гирифтанд

Рӯзи 5-уми апрел бо ташаббуси Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ дар шаҳри Душанбе машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуданд.

Ба шаҳрвандон ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилоф машварат доданд.

Дар доираи ин чорабинӣ зиёда аз 30 нафар шаҳрвандон барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.

Саволҳо бештар ба ҳифзи ҳуқуқҳо ҳангоми боздошт ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, баҳсҳои меҳнатӣ ва оилавӣ, тартиб ва раванди муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иштирок дар мурофиаҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва ғайра дахл доштанд, ки ҳуқуқшиносон доир ба тамоми масъалаҳо тавзеҳоти муфассал дода, инчунин маълумот барои тамос баҳри гирифтани ёрии ҳуқуқӣ дар оянда пешниҳод карда шуд. Илова бар ин, созмондиҳандагон ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ чатр бо нишонаи Эътилоф тақдим намуданд.

Зарнигор, яке аз шаҳрвандони муроҷиаткарда қайд намуд, ки «барои мо гирифтани машварати ҳуқуқӣ оид ба мушкилот, бахусус машварати ройгон хеле муҳим аст. Гап сари он аст, ки на ҳама вақт аз ҷиҳати молиявӣ ба адвокатҳо муроҷиат кардан ё имкони вохӯрӣ бо мутахассисон даст медиҳад». Ӯ барои кумаки ҳуқуқии расонидашуда изҳори миннатдорӣ намуд.

Бояд гуфт, ки ояндаи наздик роҳандозии чунин иқдом дар вилояти Суғд низ дар назар аст.

Чорабинии мазкур ба Рӯзи ҷаҳонии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад ва ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бахшида шудааст.

Бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ метавон дар тамос шуд:

Телефонҳои боварии Гурӯҳи кумаки ҳуқуқӣ:

987873333 дар вилояти Суғд

987876666 дар вилояти Хатлон

987087676 дар шаҳри Душанбе ва НТМ

E-mail: notorture.tj@gmail.com

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аъзо шавед, то аз хабарҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj