Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
4-уми апрели соли 2024 давоми ду соат - аз соати 09:00 то 11:00 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар назди бозори серодами «Панҷшанбе» бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбрниёни шиканҷа машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ гузаронида шуданд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар маҷмуъ ҳудуди 12 нафар шаҳрвандон кумаки ройгони ҳуқуқӣ гирифтанд. Онҳо асосан ба масъалаҳое аз қабили ҳуқуқ ба ҳимоят ҳангоми ҳабс то ҷойгиркунӣ дар ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ, масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳуқуқи муҳоҷирон, ҳуқуқи манзил ва оила, масъалаҳои бақайдгирии ҳуқуқии соҳибкории хурд, инчунин ба ҳуқуқҳои маъюбон ва ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Ҳуқуқшиносони Эътилоф ба саволҳои шаҳрвандон посух дода, салоҳият ва вазифаҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуқуқи муроҷиат ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқҳояшонро шарҳ доданд. Барои муроҷиати шаҳрвандон маълумотҳои тамос пешниҳод карда шуданд.