Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иқтибос
аз қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1, аз 25-уми июни соли 2012 «Дар бораи татбиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ оид ба мубориза бар зидди шиканҷа»
(Қисми 28). Бо мақсади пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ба суд, судяҳо зарур аст, ки агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, инчунин риоя накардани муқаррароти қонун, ки зимни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии судӣ ошкор намоянд нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, ҳуқуқ доранд таъинотҳои (қарорҳои) хусусӣ бароранд.
Ҳангоми баровардани ҳукми сафедкунанда ё қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои реабилитатсионӣ суд, судяҳо дар ҳама ҳолат бояд таъинот, қарорҳои хусусӣ қабул намуда, дар он масъалаи дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони мансабдор (муфаттиш, таҳқиқбаранда, прокурор ва ғайра), ки дар ғайриқонунӣ дастгир кардан, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси бегуноҳ айбдор мебошанд, ба миён гузоранд.