Чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!» (Моддаи 16) Эътилофи зидди шиканҷа оғози чорабинии иттилоотии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон мекунад!

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.

Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст (22 майи соли 2016).

Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.

NotortureTj