Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
20-уми июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ширкати телевизион ва радиои «АЗИЯ» мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин ташаббус дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Машваратчиёни халқӣ зидди шиканҷа!», ки бо дастгирии молиявии «Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон - IPHR» амалӣ мегардад, имконпазир гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо шиканҷа, ки ба 26-уми июн рост меояд, ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбари НВҲИ Суғд Ҳамидова Х., мутахассиси пешбари НВҲИ Суғд Мамадҷонова М., муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Самадзода И. А., мутахассиси шуъбаи Раёсати адлияи Суғд Исозода Н., сардори шуъбаи Суди гарнизони вилояти Суғд Холзода М. Ш., муовини сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд Ҷамилзода Ф. М., муфаттиши ШТ РВКД Маҳмадов У. А., судяи Суди вилояти Суғд Аҳмадзода Ф., адвокати Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд Фаррух Абдулло, машваратчиёни халқии Суди вилояти Суғд, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» ва «Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа мебошанд, иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ суолҳои «Шиканҷа чист?», «Кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ шиканҷаро ҷиноят эътироф мекунад?», «Дар бораи мисолҳои воқеии шиканҷа ва ҷазоҳои татбиқшуда маълумот пешниҳод намоед», «Шахсоне, ки нисбаташон шиканҷа истифода шудааст, чӣ тавр метавонанд дар бораи ҳодисаи рухдода хабар диҳанд?» ва чанд суоли дигар баррасӣ гардиданд.
Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки натанҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, балки барои баланд бардоштани дараҷаи муълумотнокии кормандони сохторҳои гуногун оид ба ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд бояд мунтазам дар ҳамҷоягӣ корбарӣ намуд.