Мониторинг: Аз шиканҷа шикоят нашуд

Мониторинг: Аз шиканҷа шикоят нашуд

Рӯзи 15-уми сентябр дар маҷлисгоҳи идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ гузориши пешакӣ аз рӯйи натоиҷи мониторинги муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Дар ин нишаст намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятию байнулмилалӣ ва ҳуқуқшиносону рӯзноманигорон иштирок доштанд.

Гардонандаи ҷараёни муаррифӣ, сарвари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният Наргис Зокирова ҳадафи баргузории нишастро чунин шарҳ дод: «Тайи 9 моҳи ахир имкон ёфтем, ки дар доираи мониторинг аз 5 муассисаи пӯшидаи Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо намояндагони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ боздид кунем».

Вай афзуд, ки мониторингҳо дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе, боздоштгоҳи тафтишотии шаҳри Хуҷанд, боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Исфара, боздоштгоҳ барои ноболиғони шаҳри Душанбе ва муассисаи иҷрои ҷазо барои занон дар шаҳри Норак гузаронида шудааст.

Дар идомаи нишаст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода гуфт, ки соли гузашта дар ҳамдастӣ бо намояндагони Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон ва созмонҳои дигари ғайридавлатӣ шароити таъсиси гурӯҳи корӣ баррасӣ гардида, имсол фаъолияти он роҳандозӣ шуд.

«Тавре медонем, айни замон дар минтақа ду модел вуҷуд дорад: яке дар Қирғизистон, ки мустақилона таъсис ёфтаву хуб кор карда истодааст ва дигар дар Қазоқистон, ки бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ мешавад. Ман фикр мекунам, ки дар натиҷаи омӯзиш мо беҳтарин ва муносибтарин моделро барои кишвари худ интихоб мекунем», - гуфт Ализода.

Ӯ ҳамзамон изҳор дошт, ки наметавон ҳама шароитро дар рафти гузаронидани мониторинг бекамбуд унвон кард ва суханро ба намояндагони гурӯҳи мониторингӣ дод.

Дар идомаи нишаст мушовири масоили ҳуқуқи инсони Дафтари швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон Патрисия Дворачек ва мушовир оид ба ҳуқуқи инсони СММ Лилия Захариева андешаҳои худро иброз дштанд. Сипас муовини сарвари Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният Таҳмина Ҷӯраева, вакили мудофеъ Худойдод Ёрматов, сармутахасси шуъба оид ба ҳимояи давлатии ҳуқуқи кӯдакони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Парвиз Маҷидов ва муовини сардори шуъба оид ба ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев, ки дар муассисаҳои пӯшидаи кишвар мониторинг гузаронидаанд, шарҳу тавзеҳоти худро матраҳ карданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар ҷараёни мониторинг касе аз мавҷудияти шиканҷа шикоят накарда, танҳо дар баъзе ҳолатҳо суҳбат оид ба гирифтани вакили мудофеъ ва ё кӯмаки тиббӣ вуҷуд доштааст.

Дар давоми баҳсу баррасӣ таъкид шуд, ки гузориши пешакӣ ҳанӯз номукаммал буда, пас аз таҳлили пешниҳодоти ироашуда такмил меёбад ва дастраси умум мегардад.

NoTorture.Tj