Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон нақша дорад, ки дар Тоҷикистон чанд мизи мудаввар баргузор намояд, то мушкилот ва монеаҳо дар қонунгузорӣ ва иҷрои қонун дар масоили марбут ба озодӣ аз шиканҷа баррасӣ гарданд.
Нахустин чорабинии ин силсила - мизи мудаввар дар мавзӯи “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирӣ аз он ва амалисозии механизмҳои тафтишот” рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Чорабинии дуюм ба масъалаҳои боздошти худсарона бахшида хоҳад шуд, ки 31-уми июл баргузор мешавад ва чорабинии охирини сеюм дар мавзӯи дастрасӣ ба адолат 19-уми сентябри соли 2024 пешбинӣ шудааст.
Чорабиниҳо дар якҷоягӣ бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Дафтари Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон баргузор мешаванд.
Дар мизи мудаввар коршиносон, ҳимоятгарони ҳуқуқ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони судӣ-тиббӣ ва адвокатҳо иштирок мекунанд.
Интизор меравад, ки чорабинӣ ба майдони беназири муколамаи ошкоро ва созанда барои баррасии мушкилоти мавҷуда ва дарёфти роҳҳои ҳалли муассири масъалаҳои марбут ба озодӣ аз шиканҷа табдил меёбад.
Дар чорабинӣ ба масъалаҳое аз қабили механизмҳои ҳимоя аз шиканҷа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад: баррасии муфассали механизмҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин самаранокии татбиқи онҳо дар амал; иртиботи инфиродӣ бо мақомоти оинномавӣ ва шартномавии СММ: баррасии тартиб ва самаранокии пешниҳод ва иҷрои қарорҳо оид ба иртиботи инфиродӣ ҳамчун воситаи ҳимоя ва барқарор кардани ҳуқуқҳои поймолшудаи инсон тавассути системаи СММ.
Мизи мудаввар дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2025, ки бахше аз Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 маҳсуб меёбад, ташкил карда мешавад. Стратегия ба амалисозии қонунгузорӣ оид ба пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона мутобиқи талаботи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф, инчунин таҳияи механизмҳои муассири ҳуқуқӣ ва институтсионалии вокуниш ва тафтишот равона шудааст.
Чорабинии мазкур бо дастгирии ҳукумати Финландия баргузор карда мешавад.