Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар матлаби мо шумо метавонед оид ба чорабиниҳои иттилоотӣ ва вохӯриҳои машваратие, ки аз ҷониби Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар се соли охир (2021-2023) гузаронида шудаанд, маълумот пайдо намоед.
2021:
Чорабиниҳои иттилоотӣ:
1. Дар давраи ҳисоботӣ бо адвокатҳо дар ноҳияҳои Ашт, Деваштич, Ҷ. Расулов, шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Исфара ва Конибодом бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои шиканҷа ва баррасии имкони ҳамкории минбаъда бо адвокатҳову иштироки онҳо дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона вохӯриҳо гузаронида шуданд. Мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ба адвокатҳо дар бораи фаъолияти Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон маълумот дод. Маҷмӯаҳои фарогири санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии марбут ба масъалаҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва ҷазо ва варақаҳои иттилоотии Эътилоф дар байни ҳуқуқшиносон паҳн карда шуданд.
2. Дар вохӯрии 10-уми сентябри соли 2021 адвокатҳо муқаррароти моддаи 14-и Конвенсияи СММ зидди шиканҷаро дар заминаи Шарҳи умумии №3 (2012) баррасӣ намуданд, ки дар он зикр гардидааст: «Ҳар як давлати узв вазифадор аст, ки системаи ҳуқуқии худро таъмин намояд, то қурбонии шиканҷа ҷубронпулӣ гирад ва ҳуқуқи аз ҷиҳати қонунӣ иҷрошаванда ба ҷуброни одилона ва мувофиқ, аз ҷумла воситаҳои имконпазири офиятбахширо доро бошад». Дар амал, ҳангоми баррасии даъвоҳои ҷубронпулӣ усулҳои возеҳ ва фаҳмо барои муайян кардани маблағи он вуҷуд надорад. Мутобиқи қонунгузории амалкунанда, судяҳо сатҳи зарарро мувофиқи боварҳои ботинии худ муайян мекунанд. Тавре адвокатҳо қайд карданд, ҳолатҳое мешавад, ки мақомоти судӣ кӯшиш мекунанд масъулияти шиканҷаро ба зиммаи шахсе вогузоранд, ки ин гуна ҷиноятро содир кардааст. Ҳамин тавр, вазорат ва ё ниҳоде, ки масъул аст, аз ҷавобгарӣ дар канор мемонад. Дар поёни вохӯрӣ оид ба се ҳолате, ки қаблан тибқи моддаҳои 143.1 («Шиканҷа») ва 322 («Хунукназарӣ»)-и КҶ ҶТ ҳукм бароварда шуда буд, бо дарназардошти муҳокимаҳо оид ба амалҳои минбаъда як қатор тавсияҳо пешниҳод карда шуданд, аз ҷумла раддия ба маълумоти қаблан дар ВАО нашршуда, пешниҳоди дархост барои як қатор ташхисҳои маҷмуӣ ва ғайра.
22-юми ноябри соли 2021 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вохӯрии машваратии корӣ бо адвокатҳои вилоят дар мавзӯи «Баррасии стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба ҷуброни зарари маънавӣ ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона” доир гардид, ки дар он 19 адвокат, аз ҷумла 10 нафар занон иштирок доштанд.
29-уми ноябри соли 2021 Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилоф бо адвокатҳо дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон вохӯрии корӣ баргузор намуд, ки дар он 18 нафар, аз ҷумла 8 нафар занони адвокат иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ муқаррароти моддаи 14-и Конвенсияи СММ зидди шиканҷа дар заминаи Шарҳи умумии №3 (2012) баррасӣ шуд, ки дар он зикр гардидааст: «Ҳар як давлати узв вазифадор аст, ки системаи ҳуқуқии худро таъмин намояд, то қурбонии шиканҷа ҷубронпулӣ гирад ва ҳуқуқи аз ҷиҳати қонунӣ иҷрошаванда ба ҷуброни одилона ва мувофиқ, аз ҷумла воситаҳои имконпазири офиятбахширо доро бошад».
2022:
Чорабиниҳои иттилоотӣ:
Дар давраи ҳисоботӣ 17 вохӯрӣ бо адвокатҳои шаҳру вилоятҳои гуногуни Тоҷикистон, аз қабили шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Истаравшан, Исфара, Бӯстон, инчунин ноҳияҳои Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Спитамен ва Деваштич гузаронида шуд. Ҳадаф аз ин вохӯриҳо ошкор кардани парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва баррасии имкони ҳамкориҳои минбаъда бо адвокатҳо аз рӯйи ин парвандаҳо буд.
Дар ин вохӯриҳо мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ба адвокатҳо дар бораи фаъолияти Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон маълумот доданд. Самтҳои асосии фаъолият, намудҳои хизматрасонӣ ва марҳилаҳои онҳо муаррифӣ гардиданд. Дар маҷмуъ, 112 нафар адвокатҳо ҷалб карда шуданд, ки 34 нафарашон занон ва 78 нафарашон мардон буданд.
Дар байни адвокатҳо варақаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла маҷмӯаҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллии марбут ба масъалаҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва ғайриинсонӣ, инчунин варақаҳои иттилоотии ТҒД Тоҷикистон бахшида ба мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ тақсим карда шуданд. Ин маводҳо бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо таҳия ва нашр шудаанд.
Чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии адвокатҳо оид ба мушкилоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона мусоидат намуда, ба онҳо дастгирии заруриро барои дахолати муассир ба чунин парвандаҳо дар оянда фароҳам меоранд.
2023:
ГКҲ мунтазам бо гурӯҳҳои гуногун вохӯриҳои машваратӣ мегузаронад:
- Бо адвокатҳое, ки корҳои Эътилофро пеш мебаранд.
- Бо коршиносон оид ба масъалаҳои гуногуни марбут ба парвандаҳои ГКҲ.
- Бо ТҒД, аз ҷумла ташкилотҳои ноҳиявӣ, ки ба роҳнамоии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба Эътилоф машғуланд.
- Бо ташкилотҳои адвокатӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст.
- Бо Марказҳо оид ба расонидани кумаки ҳуқуқии ройгон, ки дар назди ВА ҶТ таъсис ёфтаанд.
Дар давоми соли 2023 бо адвокатҳо 30 вохӯрии машваратӣ барои муҳокимаи стратегияҳо дар марҳилаҳои гуногуни мурофиаи судии ҷиноятӣ дар парвандаҳои ГКҲ гузаронида шуд.
Ҳамчунин дар минтақаҳо бо иштироки адвокатҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои шиканҷа ва баррасии имкони ҳамкориҳои минбаъда бо адвокатҳо дар вилояти Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳо вохӯриҳои кории иттилоотӣ ташкил карда шуданд. Иштирокдорони вохӯриҳо дар бораи самтҳои асосии фаъолияти ГКҲ дар доираи Эътилоф маълумот гирифта, имкониятҳои ҳамкорӣ бо адвокатҳо, аз ҷумла иштироки онҳо дар парвандаҳои марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро баррасӣ намуданд. Ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ, аз ҷумла маҷмӯаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва нишонии тамос бо ГКҲ пешниҳод карда шуданд.
Бо натиҷаҳои фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон инҷо метавон шинос шуд:
Дар соли 2021: https://notorturetj.org/activities/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-1
Дар соли 2022: https://notorturetj.org/activities/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-2
Дар соли 2023: https://notorturetj.org/activities/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-3
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равониву иҷтимоӣ) мерасонад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
E-mail: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ва ё хешовандонатон ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дучор шудед, метавонед ба мо тариқи WhatsApp ва Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат намоед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои «Тоҷикматлубот»
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, ҳуҷраи 117
Бо мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бипайвандед, то аз иттилоот огоҳ бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk