Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе санаи 21-уми майи соли 2024 аризаи даъвогии бародари марҳум Розиқов Абдуқаҳҳорро дар бораи рӯёнидани зарари маънавӣ қисман қонеъ намуда, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро уҳдадор намуд, ки ба даъвогар 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохт намояд.
Даъвогар бо ҳалномаи суд розӣ нашуда, санаи 6-уми июни соли 2024 бо шикояти кассатсионӣ ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди шаҳри Душанбе муроҷиат намуд.
Суди марҳилаи кассатсионӣ санаи 12-уми июли соли 2024 дар ҳайати дастаҷамъона ҳалномаи суди зинаи якумро дастгирӣ намуда, онро бетағйир ва шикояти кассатсионии даъвогарро беқаноат мононд.
Бояд қайд кард, ки бародари марҳум Розиқов А. ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо аризаи даъвогӣ оид ба руёнидани зарари маънавӣ муроҷиат намуда, аз ҷавобгар - ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 400 000 (чорсад ҳазор) сомонӣ талаб намуда буд.
Ҳуқуқ ва манфиатҳои бародари марҳум Розиқов А.-ро Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳимоя менамояд.