Эҳтироми шаъну шарафу арзиши шахсияти маҳбусон ва роҳ надодан ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона

Ҳимояи ҳуқуқи маҳбусон ягон вақт осон набуд. Дар Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон аз соли 1948 муқаррароти мушаххасе, ки ба маҳбусон алоқаманд бошанд, вуҷуд надоранд, гарчанде ҳуқуқҳои дар он номбаршуда, аз ҷумла манъи шиканҷа, ҳуқуқ ба мурофиаи судии одилона ва эҳтимолияти бегуноҳӣ нисбати онҳо низ татбиқ мегардад.

Бо гузашти ҳафт сол, соли 1955 дар Конгресси якуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муносибат бо ҷинояткорон Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии муомила бо маҳбусон қабул гардид. Ҳамин тавр, дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда қадами аввалин гузошта шуд. Соли 2015 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид як намунаи васеи қоидаҳоро тасдиқ кард, ки онро ба ифтихори яке аз маҳбусони машҳури асри ХХ "Қоидаҳои Нелсон Мандела" номиданд.

Таҳияи санад дар таҳрири нав таҳти роҳбарии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (РМҶ СММ) сурат гирифт. Идораи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон (ИКОҲИ) назорат бурд, то қоидаҳои аз нав дида баромадашуда ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки солҳои 1950-ум қабул шудаанд, мувофиқат намоянд. Дар натиҷа, Қоидаҳои Мандела шартҳои муфассалро барои кишварҳои узв дар мавриди ҳуқуқҳои ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда дар бар мегиранд,- оғоз аз нафарони интизори мурофиаи судӣ то маҳкумшудагон.

Асоси Қоидаҳо уҳдадории эҳтиром кардани шаъну шарафу арзиши шахсияти маҳбусон ва роҳ надодан ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона мебошад. Қоидаҳо оид ба доираи васеи масъалаҳо, аз чораҳои интизомӣ то ёрии тиббӣ шартҳои муфассал пешниҳод мекунанд. Масалан, онҳо кам кардани ғизову оби ошомиданӣ барои маҳбусон, инчунин истифодаи маҳдудиятҳои таҳқиркунанда ё дардоварро манъ мекунанд.

Манбаъ: https://www.un.org/ru/36170

NotortureTj