Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гузориш дар доираи вохӯрии кории “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирӣ ва такмили механизмҳои тафтишот”, ки рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд, омода гардидааст.
«Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон дар доираи фаъолияти худ оид ба масъалаҳои мухталиф дар самти шиканҷа дар Тоҷикистон фаъолона кор бурда, вазъи шиканҷаро ҳам дар сатҳи инфиродӣ (кори мустақим бо қурбониёни шиканҷа ва наздикони онҳо) ва ҳам дар сатҳи сиёсӣ (дар таҳияи барномаҳои миллии мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон фаъолона иштирок мекунад) меомӯзад, механизмҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баҳри пешбурди тавсияҳо барои пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон самаранок истифода мебарад»,- гуфт роҳбари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Нурмаҳмад Халилов рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе ҳангоми суханронӣ дар вохӯрии корӣ вобаста ба мавзӯи озодӣ аз шиканҷа.
Ба гуфтаи Халилов, намояндагони Эътилоф дар доираи ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ дар гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати такмили қонунгузорӣ ва ислоҳот, гузаронидани тренингҳо ва дигар чорабиниҳои маърифатӣ оид ба озодӣ аз шиканҷа барои судяҳо, адвокатҳои амалкунанда ва намояндагони дигар касбҳои ҳуқуқӣ иштирок мекунанд.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки Эътилофи зидди шиканҷа пайваста мониторинги иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои СММ-ро мегузаронад, асноди таҳлилӣ ва гузоришҳои алтернативӣ омода мекунад ва дар пешбурди сиёсати миллӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа фаъолона иштирок менамояд.
«Тоҷикистон аз ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мухталифи пешгирӣ ва муборизаи муассир бо шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тавсияҳои зиёд гирифтааст. Аксари тавсияҳои Кумитаи СММ аз ҷониби Тоҷикистон иҷро ва ё қисман иҷро шудаанд. Ба ин чанд барномаи миллии барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ равонагардида то охири соли 2022 мусоидат намуд»,- қайд кард роҳбари Эътилофи зидди шиканҷа.
Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар самти озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон тамоюлҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Аз ҷумла, қонунгузорӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа қариб ба куллӣ тағйир ёфт: ба қонунгузории ҷиноятӣ меъёрҳое ворид карда шуданд, ки пурзӯр гардидани ҷавобгарӣ барои истифода аз шиканҷаро пешбинӣ мекунанд ва дар амал алакай ҳукмҳои судӣ дар мавриди ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз шиканҷа истифода бурдаанд, инчунин қарорҳои суд оид ба парвандаҳои ҷуброни зарар ба қурбониёни шиканҷа вуҷуд доранд; кафолати ҳуқуқҳои шахсони дастгиршуда қонунан таъмин мегардад; Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул шудааст, ки самтҳоеро аз қабили мусоидат ба мониторинги муассисаҳои пӯшида аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бар мегирад.
«Илова бар ин, гарчанде Тоҷикистон ба Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа напайваста бошад ҳам, гурӯҳи мустақили мониторингӣ вуҷуд дорад, ки вазифаи асосии он боздид аз тамоми муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида бо мақсади пешгирии шиканҷа аст»,- таъкид кард Нурмаҳмад Халилов.
Ба гуфтаи ӯ, то охири соли 2022 чанд барномаи миллӣ барои иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ амал кардаанд.
«Бо вуҷуди баъзе пешрафтҳо, дар Тоҷикистон шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона чун пештара мавҷуд аст. Мутаассифона, мушкили асосӣ дар самти озодӣ аз шиканҷа - ин холигӣ миёни қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ мебошад. Дар амал қонунҳо кор намекунанд ва сабабҳо гуногунанд: механизмҳои татбиқи қонунҳо коркард нашудаанд, шароити кор мавҷуд нест, мутахассисони сатҳҳои гуногун дониши кофӣ надоранд. Шахсоне, ки уҳдадориҳои худро тибқи қонун иҷро намекунанд ва ё номатлуб иҷро мекунанд, агар гунаҳкор бошанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд»,- иброз дошт роҳбари Эътилофи зидди шиканҷа.
- Барои ҳамин,- суханашро идома дод номбурда,- такмили минбаъдаи қонунгузорӣ ва татбиқи пайвастаи онҳо зарур аст.