Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Мушовирони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон», ки дар чаҳорчӯби созишномаи субгрантии «Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид амалӣ мегардад, рӯзҳои 16-17-уми июли соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд барои мушовирони халқии суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд тренинг баргузор намуд.
Мақсад аз баргузории тренинг баланд бардоштани саводнокии иттилоотию ҳуқуқӣ ва фаъол намудани мушовирони халқии нав интихобшуда - таъиншуда ҳангоми иштирок дар мурофиаҳои судӣ мебошад. Инчунин, дар рафти тренинг ба мавзӯи шиканҷа ва меъёрҳои масъулият барои истифодаи он дар доираи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ ба мутахассиси бахши иттилооти ташкилот Муҳаррам Абдурасулова муроҷиат кардан мумкин аст.
Телефон барои маълумот: 92 7755755
e-mail: info@apart.tj
web-site: www.apart.tj