"Қоидаҳо"-и Нелсон Мандела

18-уми июл Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела таҷлил мешавад, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ моҳи ноябри соли 2009 ба хотири эътирофи саҳми собиқ президенти Африқои Ҷанубӣ дар роҳи сулҳу озодӣ таъсис дода шуд.

Моҳи декабри соли 2015 Ассамблеяи Генералӣ тасмим гирифт, ки доираи Рӯзи байналмилалии Нелсон Манделаро васеъ намояд ва ҳамзамон онро барои мусоидат ба таъмини шароити инсондӯстонаи маҳбасҳо, боло бурдани маълумотнокӣ оид ба он, ки маҳбусон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа ҳастанд ва эътирофи арзиши кори кормандони маҳбас ҳамчун хидматрасонии иҷтимоии аҳамияти махсус дошта истифода барад.

Қатъномаи 70/175-и Ассамблеяи Генералӣ матни ислоҳшудаи Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии муносибат бо маҳбусонро қабул кард ва инчунин тавсияи Гурӯҳи коршиносонро дар бораи он ки қоидаҳо бояд ҳамчун нишони эҳтиром нисбати мероси президенти марҳуми Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела, ки дар рафти мубориза барои ҳуқуқи инсон 27 солро дар маҳбас сипарӣ кард, “Қоидаҳои Нелсон Мандела» номида шаванд, тасдиқ намуд.

Нелсон Мандела, ки ба ҳабси абад маҳкум шуд, 27 соли зиндонро сипарӣ кард, аммо соли 1990 бо фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ озод шуд. Ӯ китоби «Роҳи дурудароз ба сӯйи озодӣ»-и худро ба ин давраи тираи ҳаёташ бахшидааст. Дар он Мандела вазъиятҳоеро, ки бо ӯ ва ҳамроҳони зиндониаш дар замони маҳбусӣ рух дода ва маҳз ҳамин таҷриба баъдан ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон кумак кардааст, тасвир намудааст. Ҳамин тариқ, дар замони маҳбусӣ Мандела ба як ҷунбиши шаҳрвандӣ роҳбарӣ мекард, ки дар натиҷа шароити маҳбусон беҳтар шуд.

Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела) аз 122 “қоида” иборат аст. На ҳамаи онҳо қоидаҳо мебошанд, аммо баъзе принсипҳое доранд, ба монанди баробарии институтсионалӣ ва фалсафаи маҳдудияти озодӣ.

Қоидаҳо аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмӣ нестанд, аммо барои шаҳрвандоне, ки дар маҳбасҳо ва дигар шаклҳои ҳабс нигоҳ дошта мешаванд, дастурҳоро оид ба ҳуқуқи байналмилалӣ ва дохилӣ пешниҳод мекунанд.

Эътилофи зидди шиканҷа маъракаеро бахшида ба Рӯзи байналмилалии Нелсон Мандела оғоз мекунад ва мунтахаби Қоидаҳои ҳадди ақали стандартиро оид ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона пешкаши хонандагон месозад.

Қоидаҳои ҳадди ақали стандартии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳбусон (Қоидаҳои Нелсон Мандела)-ро инҷо пайдо кардан мумкин аст.

NotortureTj