Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ташкилоти ҷамъиятии «Машваратчиён халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, рӯзҳои 22-23-юми июл барои машваратчиёни халқии суди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд тренинг баргузор намуд.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон», ки дар чаҳорчӯбаи созишномаи субгрантии «Дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон» бо кумаки молиявии Фонди Зигрид амалӣ карда мешавад, баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории тренинг баланд бардоштани саводнокии иттилоотию ҳуқуқӣ ва фаъол намудани машваратчиёни халқии нав интихобшуда - таъиншуда ҳангоми иштирок дар мурофиаҳои судӣ мебошад. Инчунин, дар рафти тренинг ба мавзӯи шиканҷа ва ҷавобгарӣ барои истифодаи он дар доираи қонунгузории миллӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавон ба мутахассис оид ба иттилооти ташкилот Муҳаррам Абдурасулова муроҷиат намуд: +992 927755755, e-mail: info@apart.tj, web-site: www.apart.tj