Чораҷӯии бештар дар масъалаи шиканҷа

Чораҷӯии бештар дар масъалаи шиканҷа

Инъикоси масоили шиканҷа ва латукӯби шаҳрвандон дар моҳи марти соли ҷорӣ тариқи ВАО аз он гувоҳӣ медиҳад, ки мақомот беш аз пеш дар ин самт чораҷӯӣ доранд ва воситаҳои ахбори омма ҳам фаъолтар шудаанд.

Хабаргузории Би-би-сӣ 4-уми марти соли равон таҳти унвони «Ифтитоҳи маркази бозомӯзӣ барои кормандони умури зиндонҳо» хушхабар расонида, аз ҷумла навишт: «Дар бинои Идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон бо кӯмаки давлати Бритониё маркази ҷадиди муҷаҳҳазе барои бозомӯзии кормандони ин ниҳод ифтитоҳ шуд. Маҳфили ифтитоҳии ин марказ рӯзи 4-уми март доир шуд ва дар он Вивиен Стерн (Vivien Stern) - аъзои парлумони Бритониё ва Иззатулло Шарифов - раиси ин идора ширкат доштанд». Хабаргузорӣ ҳамзамон андешаҳои ин нафаронро оид ба зарурати маркази бозомӯзӣ нашр карда, дар анҷом менависад: «Кӯмаки Бритониё ба Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳоле ироа мешавад, ки ахиран мавориди шикоят аз эъмоли шиканҷа алайҳи маҳбусон ва нақзи ҳуқуқи онҳо дар муассисоти баста дар ин кишвар афзоиш ёфтааст».

Дар пайи ин хабар, худи ҳамон рӯз, яъне 4-уми март хабаргузории TojNews бо номи «Талаби истеъфои Иззатулло Шарипов» шикояти пайвандони маҳбусони қурбонии шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистонро пахш кард. Ба навиштаи хабаргузорӣ, онҳо тасмим гирифтаанд бо ирсоли як нома ба президент Эмомалӣ Раҳмон ва комиссари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон истеъфои Иззатулло Шарипов ва Толиб Азимовро талаб кунанд. «Хешони Ҳамза Икромзода ва маҳбусони шоҳиди марги вай дар маҳбаси Душанбе тасмим гирифтаанд ба комиссари минтақавии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Роберт Блейк, ёвари вазири корҳои хориҷии ИМА бо мактубе, ки зераш ҳудуди 300 нафар имзо гузоштаанд, ба истеъфо фиристодани Иззатулло Шарипов, сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ, Толиб Азимов, сарпрокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва раиси Суди Олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоевро талаб кунанд», - омадааст дар хабар.

Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода, маҳбуси муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе, ки моҳи сентябри соли гузашта дар маҳбас ба ҳалокат расида буд, ба TojNews гуфтааст: «Дар аризаи даъвогӣ, ки зераш ҳудуди 300 нафар имзо гузоштаанд, аз “ноадолатӣ”-и ин сегона дар баррасии қазияи марг ва шиканҷаи маҳбусон” маълумот дода шуда, ҳамчунин, ба аризаи мазкур сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ, ки осори латукӯб шудани маҳбусон дар маҳбаси Хуҷандро ба намоиш мегузоранд, замима карда мешаванд».

Ин хабарро ҳафтаномаи «Нигоҳ» (№50 (326), 6-уми марти соли 2013) низ ба табъ расонида, ҳамзамон, дар ҳамин шумораи худ ба масъалаи озод шудан ва ё нашудани собиқ сарвазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов аз боздоштгоҳ, инчунин ба сарнавишти роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов дахл кардааст. Аммо хабари аз ҳама муҳими ин шумора таҳти унвони «Суд талаби наздикони маҳбусро қонеъ кард» нашр шудааст. «Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти хонаводаи Исмоил Бачаҷоновро, ки дар боздоштгоҳ бар асари шиканҷа ба ҳалокат расида буд, баъди як соли баррасии ин қазия қонеъ карда, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлияро ба пардохти маблағи 25 ҳазор сомонӣ зарар муваззаф кард», - навиштааст ҳафтанома.

Дар гузориши мазкур ҳамзамон ёдоварӣ шудааст, ки Исмоил Бачаҷонов соли 2010 дар боздоштгоҳи муваққатии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлияи Тоҷикистон баъди шиканҷа аз ҷониби кормандони ин муассисаи ислоҳӣ ба ҳалокат расида буд. Дар робита ба қазияи шиканҷаи Исмоил Бачаҷонов се нафар корманди боздоштгоҳи мазкур барои содир кардани амалҳои ғайриқонунӣ ва истифода аз шиканҷа бо қарори суд гунаҳкор дониста шуда, аз 2 то 5-солӣ зиндонӣ гардида буданд.

Ҳафтаномаи «Озодагон» хабаре бо номи «Amnesty international боздошти Абдуллоҷоновро ба интихобот рабт дод» (№09 (269), 5-уми марти соли 2013) нашр кардаву навишт, ки «Созмони афви байналмилал алайҳи истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон аз Украина ба Душанбе изҳорот пахш карда, озодии ӯро талаб кардааст. Ин созмон бо пахши баёния изҳори боварӣ кардааст, ки боздошт ва талаби истирдоди Абдуллоҷонов ба интихоботи президентии моҳи ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон рабт дорад. Созмон афзудааст, ки дар сурати истирдод ба Душанбе Абдуллоҷонов мавриди шиканҷа ва ноадолатиҳои судӣ қарор хоҳад гирифт».

Аммо, тавре мушоҳида мешавад, расонаҳо бештар сари масъалаи истеъфои Иззатулло Шарипов баҳс кардаанд. Ҳафтаномаи «Чархи гардун» гузорише таҳти унвони «Волидайни маҳбусон: генерал Шарипов ба истеъфо равад» (№11 (862), 13-уми марти соли 2013) ба табъ расонида, аз ҷумла зикр кардааст: «Беш аз 300 нафар падару модарони маҳкумшудагони дар зиндонҳо қарордошта ва ё дар маҳбасхонаҳо фавтида истеъфои муовини вазири адлияи ҶТ, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати мазкур Иззатулло Шариповро талаб доранд. Мактуб бо ин мазмун ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва нусхаи он ба ёвари котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк ва сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд Смит равона шудааст. Яке аз нусхаҳои мактуби мазкур дар ихтиёри «Азия-Плюс» қарор гирифтааст».

Ба навиштаи ин нашрия, дар мактуби иборат аз чанд саҳифа маълумоти муфассал дар бораи далелҳои латукӯб ва истифодаи шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ва гӯё ҷой доштани маслиҳат миёни мақомот доир ба тафтишоти ҳодисаҳои мазкур дарҷ ёфтааст.

Ҳафтаномаи «Фараж» низ доир ба ҳамин мавзӯъ таҳти унвони «Иззатулло Шарипов ба истеъфо меравад?» (№11 (328), 13-уми марти соли 2013) назарпурсие анҷом дода, андешаи коршиносонро пешкаши хонанда гардонидааст. Аз ҷумла, коршинос Маҳдӣ Собир дар посух ба пурсиши ҳафтанома гуфтааст: «Ин муроҷиате, ки аз ҷониби шаҳрвандон шудааст, ки И. Шарипов бояд ба истеъфо равад, агар ҳамин гуноҳи И. Шарипов рост бошад, бояд чора дида шавад. Аз қаъри асрҳо бармеояд, ки «марди фитодаро пой мазан». Баръакс, бояд дасти ӯро гирифт. Чунин одамоне, ки имиҷи Тоҷикистонро дар миқёси байналхалқӣ паст мекунанд, лозим нестанд. Имрӯз садҳо ҷавонҳо ҳастанд, ки мактабҳои олии ҳарбиро хатм кардаанду бекор мегарданд. Бигзор онҳо ба кор оварда шаванд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳо оид ба норозигии Русия нисбати мақомдорони Тоҷикистон иттилоъ пахш карда буданд. Хабаргузории «Азия-Плюс» санаи 7-уми марти соли ҷорӣ хабаре таҳти унвони «Гунаҳкор донистани ВКХ-и Тоҷикистон ба ҳимояи наркобарон» пахш карда, аз ҷумла, навишт: «Бино ба маълумоти Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовари Русия, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳукуматдорони АМА дархост намудааст, ки Атобек Гулмамадови дар фурудгоҳи шаҳри Дубай боздоштшуда ба Русия истирдод нагардад».

Бино ба иттилои хабаргузорӣ, чанде қабл дар барномаи «Специальный корреспондент»-и шабакаи телевизионии «Россия-1» сармуфтаттиши парвандаҳои махсусан муҳими департаменти тафтишоти Хадамот Ренат Курамшин изҳор намудааст, ки матни нотаи фиристодаи ВКХ-и Тоҷикистон тақрибан ба ин зайл аст: «Мӯҳтарам мақомоти салоҳиятдори АМА, Гулмамадовро ба Русия надиҳед, зеро дар он ҷо ӯ мавриди шиканҷаву таъқиби беасоси ҷиноӣ қарор гирифта, амволи ӯ бидуни суду тафтишот мусодира ва ба оилаи ӯ фишор оварда мешавад. Оилааш ҳам ба таъқиботи ҷиноӣ дучор хоҳад шуд. Фарзандонашро гирифта, ба хонаҳои кӯдакон месупоранд».

Ҳамзамон хабаргузории «Азия-Плюс» ёдовар мешавад, ки 27-уми декабри соли гузашта Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия дар бораи боздошти Атобек Гулмамадов дар Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) хабар дода буд.

Аммо Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин қазия чунин хабар дод: «Изҳороти муфаттиши калони Департаменти тафтишотии Хадамоти федералии назорати маводи мухаддири Россия Ренат Курамшин, ки 5 марти соли 2013 тавассути шабакаи телевизионии «Россия-1» дар барномаи «Специальный корреспондент» садо дода буд, вақеият надорад.  Дар бобати истирдоди Атобек Гулмамадов аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон намуд ёддошт, муроҷиатҳои дигари хаттӣ ё шифоҳӣ содир нашудаанд. Сафорати Тоҷикистон дар Абу-забӣ дар доираи салоҳияти худ 23 январи соли 2013 дар асоси муроҷиати хаттии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – волидайни А. Гулмамадов ба Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб ёддошт фиристода, хоҳиш намуд, ки дар бораи сабабҳои ба ҳабс гирифтан ва ҷои боздошти ӯ иттило диҳад. Иттилое, ки Р. Курамшин пешниҳод кард, дар ин ёддошт низ вуҷуд надорад. Вобаста ба ин, изҳор менамоем, ки иттилои пахшнамудаи Р. Курамшин аз ҳақиқат дур буда, хусусияти иғвоангезӣ дорад».

Чунин хабарҳо дар ҳоле пахш мешаванд, ки ҳанӯз ҳам масъалаи ба Тоҷикистон истирдод шудани ду тоҷики дар хориҷа боздоштшудаи дигар - Абдумалик Абдуллоҷонов ва Умаралӣ Қувватов номаълум аст. Дар ҳамин бора ҳафтаномаи «Нигоҳ» бо номи «Рад шудани истирдоди Қувватов» (№51 (327), 13-уми марти соли 2013) гузоришеро ба табъ расонида, аз дастгирӣ наёфтани дархости Тоҷикистон ва то 10-уми апрел мавқуф гузоштани мурофиаи судии Умаралӣ Қувватов дарак додааст.

Ҳафтаномаи «Озодагон» ҳам мақолае таҳти унвони «Қисмати охирин мухолифони Раҳмон» (№10 (270), 13-уми марти соли 2013) нашр карда, дар сурати ба Тоҷикистон истирдод шудани А.Абдуллоҷонов ва У.Қувватов, зери шиканҷа қарор гирифтани онҳоро аз эҳтимол дур надонистааст. Ҳафтанома дар ин маврид аз ҷумла чунин менависад: «Боздошти Умаралӣ Қувватов аз сӯйи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мавриди интиқод қарор гирифт. Афви байналмилал дар изҳороте навишт, ки дар сурати истирдод ба Тоҷикистон, мавриди шиканҷаву рафтори бераҳмона қарор гирифтани Умаралӣ Қувватов аз эҳтимол дур набуда, ҳамчунин ба ӯ ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқи инсон, аз қабили дар ҳабс нигоҳ доштан бидуни ҳуқуқи мукотиба ва мурофиаи додгоҳии ғайримунсифонаи қазия таҳдид мекунанд. Агар Қувватов ба ихтиёри Душанбе супорида шавад, дар ин ҳолат ҳукуматдорони Амороти Муттаҳидаи Араб мутобиқи ҳуқуқи байналмилалӣ ба иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ дар доираи манъи мутлақи шиканҷа ва дигар навъҳои кирдори бераҳмона роҳ медиҳанд».

Чун сухан атрофи ҳуқуқҳои инсон меравад, ҳафтаномаи мазкур дар ҳамин шумораи худ бо суоли «Иқрори Ализода аз нақзи ҳуқуқи инсон нишони чист» ба коршиносон муроҷиат кардааст. Ҳуқуқшиноси тоҷик Файзинисо Воҳидова дар посух ба ин суоли «Озодагон» аз ҷумла чунин мегӯяд: «Гузориши навбатии Зариф Ализода оид ба ҳуқуқи инсон қобили дастгирӣ аст. Зеро Ализода ба унвони ваколатдор бояд ҳамеша ҳомии ҳуқуқи шаҳрвандон бошад, на манфиатҳои давлатӣ. Эътироф кардани нақзи ҳуқуқи инсон дар бахшҳои гуногун аз ҷониби Ализода метавонад натиҷаи мусбат дошта бошад. Ин як қадам ба пеш аз ҷониби институти ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аст. Зариф Ализода ҳуқуқи баромад кардан аз номи 8 миллион сокини Тоҷикистонро дорад ва таъкиди ӯ аз нақзи ҳуқуқ дар бахшҳои гуногун оғози рисолати ӯст. Ҳамакнун Зариф Ализода бо эътирофи вазъият бояд, ки қадамҳои дигареро барои ислоҳ кардани ҳолат гузорад».

Таври маълум, ин ҷо сухан дар бораи яке аз гузоришҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон З.Ализода меравад, ки дар ин боб нашрияи «Озодагон» бо номбурда таҳти унвони «Зариф Ализода: Тамоми маҳбасҳои кишварро гаштам, вале...» мусоҳибае ҳам дошт. Ӯ ҳангоми сӯҳбат атрофи гузорише сухан гуфтааст, ки қаблан тариқи он аз вазъи ҳуқуқи инсон, дастрасӣ ба иттилоот, шиканҷа ва хушунат интиқод карда буд.

Гузориши нави З.Ализода аз ҷониби бисёриҳо дастгирӣ ёфт, аммо дар ҳамин рӯзҳо вокунишҳое низ ба назар мерасиданд. Торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 14-уми март бо номи «СММ мехоҳад, ки Тоҷикистон масъулони шиканҷаро афв накунад» хабаре пахш карда, навишт, ки «Шаҳноза Нодирова мегӯяд, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба Тоҷикистон тавсия додааст, то муҷозоти афроди муттаҳам ба шиканҷаро шадидтар ва муҷримонро аз ҳақи авф маҳрум кунад».

Муовини вазири адлияи Тоҷикистон Шаҳноза Нодирова дар сӯҳбат бо «Озодӣ» афзудааст: «Ин дархост дар ҳоле ворид шудааст, ки соли гузашта Тоҷикистон як банди дигар (моддаи 143 прим, ё худ ташреҳи 1) ба қонуни ҷиноӣ ворид кард, ки муҷозоти шиканҷаро дар назар дорад».

- Муовини вазири адлияи Тоҷикистон ба ин дархост, ки масъулони шиканҷа аз ҳақи афв маҳрум шаванд, мувофиқ нест ва мегӯяд, дар ҳоле ки афроди дастдошта дар ҷиноятҳои мисли куштор ба авф ҳақ доранд, оё маҳрум кардани масъулоне, ки дар шиканҷа даст доштаанд, поймол шудани ҳуқуқи онҳо нест? Ба қавли мансабдори тоҷик, дар масъалаи авф набояд ба меъёрҳои дугона роҳ дод. Аммо нигаронии СММ ва эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон аз он аст, ки масъулони шиканҷа дар кишвар бо муҷозоти сабук аз масъулият раҳо мешаванд ва сипас мавриди авф низ қарор мегиранд, - навиштааст «Озодӣ» ва барои тасдиқи ин гуфта аз сокини шаҳри Душанбе Сафаралӣ Сангов ёдовар шудааст, ки бино ба маълумоти наздиконаш, 5-уми марти соли 2011 бар асари латукӯб дар боздошгоҳи идораи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон ба ҳалокат расид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки торнамои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон - NoTorture.Tj 15-уми марти соли равон таҳти унвони «Суд ВКД-ро ба пардохти ҷубронпулӣ ба ҳамсари Сангов ӯҳдадор кард» хабаре интишор сохт. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Суд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба пардохти ҷубронпулӣ ба маҳбуси фавтида, ки ба қавли наздиконаш, бар асари лату кӯб ва шиканҷа дар шӯъбаи милиса ба ҳалокат расида буд, водор кард. Дар ин хусус ба NoTorture.Tj ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод. Хизматрасонии ин ҳимоятгар аз ҷониби Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ройгон таъмин гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, даъвои ҷуброни моддӣ ва маънавӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҳамсари Сангов нисбат ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ пешниҳод гардида буд. «Суд тамоми далелҳои зарурии гирдовардаро баррасӣ карда, дар бораи пардохти ҷуброн аз ҷониби вазорати мазкур дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) қарор содир кард», - афзуд Холматова. Ҳимоятгар гуфт, ки қарори суд 5-уми апрел мавриди амал қарор гирифта, дар сурати то ин замон шикоят наовардан ба он аз ҷониби ҷавобгар, ВКД маблағи ҷубронро бояд бипардозад».

Ин хабар боиси пайдо шудани андешаҳои мухталиф миёни ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва шаҳрвандӣ гардид. Радиои «Озодӣ» рӯзи 15-уми март бо номи «Арзиши ҷон арзонтар аз шаъну шарафи писари мансабдор?» гузориши муфассалеро пахш карда, аз ҷумла гуфтааст: «Пардохти 46 000 сомонӣ ба хонаводаи Сангов ва 30 000 сомонӣ ба хонаводаи Бачаҷонов суолеро халқ кардааст, ки чаро ҷони одамро дар Тоҷикистон чунин арзон баҳо мекунанд. Дар ҳоле, ки як додгоҳи Душанбе аз нашрияи "ИмрӯзNews" барои паст задани эътибори писари раиси ширкати роҳи оҳан Рустам Ҳукумов 50 000 сомонӣ талаби товон кардааст, дар маҳофил мегӯянд, магар арзиши ҷони инсон дар Тоҷикистон арзонтар аз шаъну шарафи писари як мансабдор аст?».

Ҳафтаномаи «Самак» низ ба ин масъала таваҷҷӯҳ дода, мақолае таҳти унвони «Тоҷики даҳҳазордоллара» ба табъ расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ қазияи додгоҳии «Имрӯз-нюз» бо Рустам Ҳукумовро дар мавриди барқарор кардани «обрӯи рехта» баррасӣ карда, ҳалнома баровард, ки рӯзнома 50 ҳазор сомонӣ (зиёдтар аз 10 ҳазор доллар) товони зарар пардохт намояд. Барои барқарор кардани обрӯ 50 ҳазор сомонӣ, аммо барои қатл 46,5 ҳазор сомонӣ товони зарар будааст! Магар аҷиб нест, хонандаи гиромӣ? Ё судҳои мо ҳамон гапҳои «дилбардорикунанда»-и тоҷикиро, ки мегӯянд «хайр ӯ мурд, ту акнун барои зиндаҳо зиндагӣ кун» истифода кардаанд?».

Бояд гуфт, ки хабари охирини моҳи марти соли ҷорӣ дар мавриди шиканҷа, бо иттиҳоми расонидани иттилои бардурӯғ оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоев, ду зиндонии маҳбаси рақами 1-и пойтахт буд, ки дар қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода шоҳидӣ дода, баъдтар ба маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд интиқол ёфтанд. Ин хабарро қисми зиёди расонаҳои чопиву электронии кишвар рӯзҳои 29 ва 30-юми март пахшу нашр карданд ва ҳанӯз ҳам баҳс атрофи он ҷараён дорад.

NoTorture.Tj