Дастрасӣ ба адолат ва ёрии ҳуқуқӣ: Андешаҳо оид ба пешрафти ёрии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон

13-уми ноябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе нишасти мутахассисон оид ба “Дастрасӣ ба адолат ва ёрии ҳуқуқӣ: Андешаҳо оид ба пешрафти ёрии ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони  ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла, ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон низ иштирок ва баромад намуданд.

Дар баробари дигар намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, Азизчон Бобоев намояндаи Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оид ба вазифаҳои асосӣ, усулҳои кор, расмиёт ва механизмҳои расонидани кумаки ҳуқуқӣ, санҷиши хабар дар бораи шиканҷа, механизмҳои байланмилалӣ ва ғайра маълумот дод.

Шоира Давлатова, намояндаи ТҶ “Ҳуқуқи дастрас” - ташкилоти узви Эътилофи ҷомеааи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар ин ташкилот, хусусан ёрии ҳуқуқии якумдараҷа, ки ба ҳамаи шахсони воқеӣ расонида мешавад; ёрии ҳуқуқии дуюминдараҷа: ҳуқуқ ба манзили муносиб, озодӣ аз шиканҷа, ҳимояи ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта ва ёрии ҳуқуқии сайёр: дар маҳалҳо ва минтақаҳо иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки ёрии ҳуқуқӣ дар шаклҳои зерин расонида мешавад: иттилоотонии ҳуқуқӣ; машваратдиҳӣ, фаҳмондадиҳӣ ва истифодаи чораҳои ҳалли тосудии парвандаҳо; тартиб додани ариза, шикоят, ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти мурофиавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ; ҳамроҳӣ кардан дар мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ; иштирок ва ҳимоя дар парвандаҳои дар зинаи то судӣ ва марҳилаи судӣ.

Дар фарҷоми чорабинӣ коршиноси байналмилалӣ хонум Кэтрин Инглиш, муаррифии нуқтаҳои зеринро оиди дастрасӣ ба адолат қайд намуд ва таҳти роҳбарии ӯ оид ба такмил додани чаҳорчӯбаи AAAQ дар Тоҷикистон муҳокимаронӣ баргузор гардид:

  • ХРУ16 – Ҳадафи рушди устувор.
  • Норасоиҳои адлияи ҷаҳонӣ.
  • Дастрасӣ, Дастёбӣ, Қабулпазирӣ ва Сифат (Availability, Accessibility,
  • Acceptability, and Quality (AAAQ).
  • Framework (HRBA)).
  • Меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ ва нуқтаҳои муҳим ва мушкилотҳои мавҷудаи ин соҳа дар Тоҷикистон.

Чоранибии мазкур бо дастгирии молявии Барномаи Рушди СММ, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо HELVETAS баргузор гардид.

NotortureTj