Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Санаи 23-юми август дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии мутахассисони Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо адвокатҳои шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Марҳилаи санҷишии мурофиаи ҷиноятӣ. Мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо” гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии "Дунёи ҳуқуқ" дар доираи лоиҳаи «Муқобилият бо шиканҷа дар Тоҷикистон - дастгирии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шаканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа Ашурова Г. дар мавзӯи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038” баромад намуд.
Инчунин, мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа Бобоев А. Дар мавзӯи “Ариза дар бораи ҷинояти вобаста ба шиканҷа. Мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо” баромад кард.
Дар рафти вохӯрӣ адвокатҳо оид ба мушкилоте, ки дар парвандаҳо оид ба шиканҷа дучор мешаванд, аз ҷумла сари вақт баррасӣ нашудани арзу шикоятҳои онҳо, сари вақт баррасӣ накардани аризаҳо аз ҷониби мақомоти болоӣ ва ирсоли он аз рӯйи тобеият ба мақомоти поёнӣ, гузаронидани баррасии муҳлатҳои мурофиавӣ ва ҷой надоштани институти экспертони мустақил дар соҳаи судӣ-тиббӣ ва равоншиносон сухан гуфтанд.
Баҳри самаранок истифода бурдани механизми ҳимояи ҳуқуқҳои инсон адвокатҳо тавсияҳо ва пешниҳодҳои худро мавриди баррасӣ қарор доданд.