Оё кормандони милитсия ҳақ доранд аз ман талаб кунанд, ки ба шарикӣ иқрор шавам?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Ман шоҳиди авбошии гурӯҳӣ бо иштироки наздиконам шудам ва барои ҷудо кардани тарафҳо дахолат кардам. Оё кормандони милитсия ҳақ доранд аз ман талаб кунанд, ки ба шарикӣ иқрор шавам?

ПОСУХ: Агар дар ҷиноят иштирок надошта бошед, кормандони милитсия ҳуқуқ надоранд, ки аз шумо эътирофи шарикиро талаб намоянд. Мутобиқи моддаҳои 88 ва 88(1) КМҶ ҶТ, нишондоди худиқрорие, ки таҳти фишор ё бе ҳузури адвокат гирифта шудааст, метавонад беэътибор дониста шавад. Шумо ҳуқуқ ба ҳимоя доред ва метавонед бидуни адвокат шаҳодат доданро рад кунед. Агар шумо ҳис кунед, ки ҳуқуқҳоятон поймол карда мешаванд ва гумон доред, ки шиканҷа мешавед, тавсия дода мешавад, ки барои машварат ва ҳимояи манфиатҳои худ ба ҳуқуқшиноси соҳибихтисос муроҷиат намоед. Шумо инчунин ҳуқуқ доред аз рафтори ғайриқонунии шахсони мансабдоре, ки тафтишотро пеш мебаранд, ба мақомоти назорати прокурории тафтишот шикоят кунед (м. 27, 119 ва 122 КМҶ ҶТ).

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

 +992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

 +992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj