Оё муфаттиш ҳақ дорад амалеро, ки ба ман зарар мерасонад, анҷом диҳад?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ кормандони мақомоти тафтишоти пешакӣ маро ҳамчун шоҳид ба пурсиш даъват намуда, водор карданд, ки аз соати 08:00 то 17:00 дар долон истода, барои хӯроки нисфирӯзӣ ё дигар зарурат берун набароям. Оё муфаттиш ҳақ дорад амалеро, ки ба ман зарар мерасонад, анҷом диҳад?

ПОСУХ: Муфаттиш ҳақ надорад, ки ба шумо зарар расонад ё ҳуқуқҳоятонро ҳамчун шоҳид нақз намояд. Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқҳои шоҳидон (м. 86 КМҶ ҶТ), шумо ҳуқуқ ба муносибати эҳтиромона ва инсондӯстона доред. Аз ҷумла, ҳуқуқ ба: Бо эҳтиром муносибат кардан - Шумо бояд аз ҳама гуна муносибати бераҳмона ё пастзанандаи шаъну шараф ҳифз карда шавед. Ҷойи интизории бехатар - Шумо ҳуқуқ ба ҷойи бехатару муносиби интизор шудан дар ҷараёни тафтишот ва мурофиаи судӣ доред. Маълумот дар бораи рафти тафтишот - Шумо ҳуқуқ доред, ки дар бораи вазъи тафтишот ва мурофиаи судӣ огоҳ карда шавед. Агар ҳуқуқҳои шумо поймол шуда бошанд, метавонед ба мақомоти дахлдор шикоят кунед ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ баҳри дарёфти ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат намоед.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

 +992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

 +992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj