Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
13 декабр, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва 40-умин солгарди қабули Конвенсияи СММ зидди шиканҷа мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ ҳуҷҷатҳои зерин, ки дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, таҳия карда шуда буданд, пешкаш карда шуд:
• Курси электронӣ барои ҳуқуқшиносони ҷавон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон оид ба ҳуқуқи инсон
• Дастур барои адвокатҳо оид ба ҳифзи қурбониёни шиканҷа
Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» якҷоя бо Фонди Ҳолландии «Perspectivity Challenge» дар доираи лоиҳаҳои «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Пешбурди ҳуқуқи инсон ва тобеиятҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон бо назардошти ҷанбаҳои ҳассосияти гендерӣ: тадқиқот, муколама ва тарғибот», ки аз ҷониби Фонди Канада барои ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ мешавад, ташкил карда шудааст. European Union in Tajikistan Embassy of Canada in Central Asia