ГО: соли 2024 барои офиятбахшӣ 27 қурбонии шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо ворид шуданд

Соли 2024 тавассути Гурӯҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва/ё аъзои оилаҳои онҳо, ки дар назди Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, барои офиятбахшӣ 27 нафар ворид шуданд, ки аз онҳо 17 нафар мардҳо (4 писари ноболиғ) ва 10 нафар занҳоянд.

Аз шумораи умумии қурбониён 13 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 14 нафар аъзои оилаҳои қурбониён мебошанд. Ҳамаи онҳо дар марҳилаи гузаштан аз офиятбахшӣ қарор доранд.

Аз шумораи умумӣ 19 нафар дар соли 2024 барои офиятбахшӣ ворид шуда, 8 нафар дар солҳои 2022 ва 2023 ворид гардидаанд, аммо гузаштан аз офиятбахширо дар асоси қарори консилиум ва хулосаи мутахассисон идома медиҳанд.

Ба ҳамаи қурбониён, инчунин ба аъзои оилаҳои онҳо ёрии иҷтимоӣ, тиббӣ ва равонӣ расонида шуд.

Дар натиҷаи ташхис дар қурбониён ва хешовандони онҳо зарарҳои зерини хосияти тиббӣ дошта муайян карда шуд: болоравии қанд дар хун, баланд шудани фишори хун, дарди дил, дард дар сутунмуҳра, дарди сахти сар, дард дар қисмати қабурғаҳо, дард дар зонуҳо, дард дар гурдаҳо, дард дар пойҳо, дард дар қисмати қафаси сина, сарчархзанӣ. Баъди муоинаи терапевт, невропатолог, кардиолог, ортопед, травматолог дар шакли табобати амбулаторӣ ва статсионарӣ тавсияҳо дода шуданд.

Дар натиҷаи истифодаи шиканҷа қурбониён осеби равонӣ низ дидаанд, ки боиси аз байн рафтани хоб, асабоният, изтироб, хашмгинӣ, худбаҳодиҳии паст, дамдуздӣ, нобоварӣ ба одамон, паст шудани иштиҳо, фаромӯшхотирӣ ва бепарвоӣ гаштааст.

Кормандони иҷтимоӣ низ бо қурбониён кор карданд. Онҳо баҳодгузории аввалини қурбониёнро гузаронида, эҳтиёҷоти онҳоро муайян намуданд, ба онҳо роҳнамоиҳои иҷтимоӣ пешниҳод карданд, дар масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ (таъминот бо кор, таҳсил, нафақа, ёрдампулӣ ва ғайра) ёрӣ расониданд.

NotortureTj