Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Моҳи марти соли 2015 расонаҳои ватанӣ аз чанд ҳолати нави шиканҷа хабар доданд. Вале, ба замми ин, қазияҳое низ, ки қаблан сарусадои зиёд ба бор овардаву баррасияшон идома дошт, бозтоб ёфтанд.
Санаи 4-уми март торнамои «Озодӣ» гузорише таҳти унвони «Саидалиро латукўб кардаанд ё аз мошин паридааст?» пахш кардаву навишт: «Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд барои дақиқ кардани он, ки оё Саидалӣ Ҳақбердиев - сокини 24-солаи шаҳри Панҷакент воқеан ҳангоми "облава" латукўб шудааст ва ё аз мошин парида ҷароҳат бардоштааст, ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ таъин кард».
Аммо, ба қавли ин расона, Урунбек Тошев - афсари собиқи Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ки ҳоло барои "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" муттаҳам мешавад, дар мурофиа фақат ҷалби иҷбории Саидалӣ Ҳақбердиевро ба хидмат тасдиқ карда, вале латукўбашро рад намудааст. Дар ҳоле, ки худи Саидалӣ Ҳақбердиев ба додрас гуфтааст, афсари собиқи комиссариати ҳарбӣ ўро дар роҳ то маркази ноҳия шадидан латукўб кард.
Ёдовар мешавем, ки сокини деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент Саидалӣ Ҳақбердиевро 4-уми ноябри соли 2014 кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия бо роҳи “облава" дастгир карда, хостаанд ба артиш баранд. Вале ба гуфтаи наздиконаш, Саидалӣ ба амалкардҳои афсарон эътироз мекунад ва ўро дар роҳ то маркази ноҳия ба ҳадде мезананд, ки пардаи гўшаш медарад ва аз ҳуш рафта, баъд аз ду рўз дар беморхона ба худ меояд. Парванда бар асоси даъвои наздикони Саидалӣ боз шуда, як корманди собиқи дигари Комиссариати ҳарбии Панҷакент низ ба додгоҳ кашида шудааст.
Ҳоло додгоҳи гарнизони ҳарбии Хуҷанд идомаи баррасии ин парвандаро то поёни ташхиси додгоҳиву тиббии криминалӣ ба таъхир гузоштааст.
Дигар аз мавзуҳои доғ қазияи Шаҳбол Мирзоев, сарбози маҷруҳи тоҷик аст, ки баррасии он низ дар моҳи март идома дошт. Ҳафтаномаи «Фараж» таҳти унвони «Чаро нафақаи Шаҳбол 130 сомонӣ аст?» (№10 (431), аз 4-уми марти соли 2015) мақолаи таҳлилӣ-тадқиқотие ба табъ расонида, чун нишони эътироз навишт: «Оё бо ин нафақаи ночизе, ки барои ин сарбози маъюби бистарӣ муқаррар шудааст, вай метавонад ба по рост шавад, зиндагиро аз сар бигирад ва ба орзуҳояш бирасад? Магар қадри сарбозе, ки дар роҳи ҳимояи Ватан маъюб шудааст, 130 сомонӣ арзиш дорад?».
Ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», полковники эҳтиётӣ Қаюм Атаев ба рўзноманигор иброз доштааст, ки тибқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», ки ба таърихи 01.12.1994 (Ахбори Шўрои Олии ҶТ, Душанбе, 1994, №23-24) ва иловаҳои ба он воридшуда (аз 16.04.2012) қабул шудааст, таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбие, ки аз рўйи даъват ба ҳайси сарбоз, сержантҳо, старшинаҳо ва аъзои оилаҳои онҳо адои хизмат менамоянд (қаблан хизмати ҳақиқии ҳарбӣ) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 01.02.1993 (Ахбороти Шўрои Олии ҶТ, 1993 (№15-16) дар амал татбиқ мегардад. Ба қонуни мазкур аз 16.04.2012 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Тибқи моддаи 27 (Андозаи нафақа)-и Қонуни мазкур андозаи нафақаи маъюбият аз рўйи андозаи ҳадди ақали нафақаи пиронсолӣ муқаррар карда мешавад. Барои маъюбони гуруҳи якум андозаи нафақа аз рўйи пиронсолӣ тибқи қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2013-ум 130 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Раиси Иттифоқи волидайни сарбозони вилояти Суғд, полковники эҳтиётӣ Музаффар Бобоҷонов иқрор аст, ки нафақаи барои Шаҳбол Мирзоев муқарраршуда дар доираи қонун сурат гирифтааст, аммо нигаронӣ вуҷуд дорад: «Дар Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хидматчиёни ҳарбӣ» зикр гардидааст, ки нафақа ба сарбозон ба монанди ашхоси мулкӣ муқаррар карда мешавад. Албатта, бисёр аламангез аст, ки чунин як навъ беадолатӣ дар қонун вуҷуд дорад. Шаҳбол Мирзоев дар асоси шаҳодатнома дар мавриди беморӣ аз хизмат озод карда шуда, лиҳозо шахси мулкӣ ба шумор меравад. Қонунҳои марбута ба ашхоси либоси низомипўш бартарият намедиҳанд. Ин аст, ки нафақаи онҳо низ басо ночиз буда, ҳатто ба як нону чойпулӣ намерасад».
Ў дар мавриди пардохти маблағҳои дар роҳи табобат сарфкардаи Шаҳбол Мирзоев суҳбат карда, таъкид медорад, ки «тибқи Кодекси гражданӣ ва дигар қонунҳои мавҷуда, ашхоси муҷрим ва гунаҳкор, дар симои Ғайратов Усмоналӣ ва Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадӣ бояд тамоми он хароҷотро бипардозанд. Барои он, ки дигар дар қисмҳои ҳарбӣ ҳодисаҳои латукўби сарбозон сурат нагирад, ба сарбозони маъюбшуда нафақаи ночиз таъин нашавад, бояд дар ҳама қисмҳои низомӣ интизом ҷорӣ кард, қонунҳоро таҷдиди назар намуд».
Ҳафтаномаи «Озодагон» бошад, чанд рўз баъд хабар дод, ки «Ташхиси психологии Шаҳбол ба зарари Кумитаи амният анҷом ёфт» (№10 (366), аз 11-уми марти соли 2015).
- Ташхиси психологӣ ҳаҷми зарари маънавии Шаҳбол Мирзоев, сарбози латукўбшудаи тоҷикро 180 ҳазор сомонӣ муайян кардааст, ки ин нисбат ба маблағе, ки қаблан хонаводаи Мирзоев аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ талаб доштанд, бештар мебошад,- навишт нашрия.
Гулчеҳра Холматова, вакили дифои хонаводаи Шаҳбол Мирзоев гуфтааст, ки минбаъд дар додгоҳ ба ҷои 144 ҳазор сомонии қаблӣ аз Қўшунҳои сарҳадии КДАМ 180 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ талаб хоҳанд кард.
Дар ниҳоят, нашрияи «Азия-Плюс» бо чопи хабари васеъ таҳти унвони «Қўшунҳои сарҳадии КДАМ ҷуброни зарари муайянкардаи равоншиносонро ба Шаҳбол Мирзоев намепардозад» (№22 (1005), аз 19-уми марти соли 2015) аз ҷумла зикр кард: «Сарраёсати Қўшунҳои сарҳадии КДАМ эълон дошт, ки бо хулосаи кормандони кафедраи равоншиносии муассисаи давлатии «Институти идораи давлатии назди Президенти ҶТ» дар бораи ҷуброни зарари маънавии Шаҳбол Мирзоев розӣ нест».
Лозим ба ёдоварист, ки Шаҳбол Мирзоеви 23-сола, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ва фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ў шоми 8-уми марти соли 2014 аз сўи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди латукўби шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе низ баъд аз таҳқиқи ин қазия эълон карда буд, ки “гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гўштин гирондани ў бо куҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст”. 19-уми июни соли сипаришуда Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Усмоналӣ Ғайратовро дар латукўби Шаҳбол Мирзоев гунаҳкор дониста, нуҳ сол аз озодӣ маҳрум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гулрухсор Ширинова - навбатдори нуқтаи тиббии қисми низомии 2620 низ муҷрим шинохта шуда, даҳ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рўёнда хоҳад шуд.
Яке аз дигар қазияҳои давомдор латукўби мўйсафед дар Бадахшон буд, ки баррасияш ба моҳи март низ расид. Санаи 5-уми март торнамои Faraj.tj хабаре бо номи «Бадахшон: Милисаи авбош барканор гардид»
пахш кардаву навишт: «Орзу Суриев, нозири минтақавии милиса дар ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнони Бадахшон, ки моҳи октябр мўйсафеди 71-соларо латукўб карда буд, аз вазифааш сабукдўш гардидааст. Аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Хоруғ хабар доданд, ки Орзу Суриев минбаъд дар мақомоти корҳои дохилӣ кор карда наметавонад. Зеро ў Шанбе Салимшоевро латукўб кардааст ва дуввумӣ ҷароҳати сахти ҷисмонӣ бардоштааст».
Қобил ба ёдоварист, Шанбе Салимшоев, мўйсафеди 71-сола аз ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнони Бадахшон, шикоят карда буд, ки 22-юми октябри соли равон Носир Суриев, раиси ҷамоат ҳамроҳ бо Орзу Суриев, нозири минтақавии милиса дар идораи ҷамоат ўро беасос латукўб кардаанд. Ҷабрдида, ки 43 сол ба ҳайси роҳтозакун (грейдерист) дар муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди Вазорати нақлиёт кор карда, айни замон нафақахўр аст, сабаби латукўб шуданашро он вақт чунин шарҳ дод буд:
- Бо коре ба Хоруғ рафта будам ва баъди бозгашт ба назди раиси ҷамоати Вери ноҳияи Шуғнон Носир Суриев даромадам. Аз раис хоҳиш кардам, ки барои набераи 5-моҳаам шаҳодатномаи таваллуд диҳад. Вале раиси ҷамоат бо қаҳр гуфт, ки варақаи шаҳодатнома надораду ҷанҷол бардошта, аз идорааш ронд. Аммо баъдтар, вақте ҳамдеҳаҳо гуфтанд, ки аз шаҳри Душанбе варақаи шаҳодатнома овардаанд, дубора ба назди раиси ҷамоат рафтам. Аммо Носир Суриев дар кабинеташ танҳо набуд. Нозири минтақавии ҷамоати деҳоти Вер Орзу Суриев низ дар он ҷо буд. Вақте пурсидам, ки барои набераам шаҳодатномаи таваллуд гирифта метавонам ё не, корманди милиса ба сарам дод зад, ки "чаро барои ҳалли як мушкили кўчак 10 маротиба ба назди раиси ҷамоат меоӣ?!”. Баъд маро кашолакунон аз кабинети раиси ҷамоат бароварду ба дигар кабинет даровард ва ҳамроҳ бо раиси ҷамоат маро сахт латукўб карданд. Аз зарбаҳои бераҳмонаи онҳо ман беҳуш шудам ва вақте ба худ омадам, ронандаи раиси ҷамоат маро аз мошинаш фуроварду дар назди хонаам партофта, гурехта рафт.
Тавре қаблан зикр шуд, дар моҳи март оид ба ҳолатҳои нави шиканҷа ҳам сарусадо ба миён омад. Санаи 9-уми март торнамои «Озодӣ» таҳти унвони «Ҷавони боздоштшуда: "Агар ту ҳам ба ҷои ман мебудӣ, имзо мекардӣ» хабаре пахш кард, ки он чунин оғоз меёбад: «Волидони ду ҷавон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бовар доранд, ки фарзандонашон дар зери зарбу лати маъмурони пулис як ҳолати ғоратгариро ба гардан гирифтаанд».
Ба навиштаи торнамо, волидони Шерзод Алиев ва Ойбек Холматов, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов, иддао доранд, ки маъмурони пулис таҳти фишор ва зарбу лат як ҳолати ғоратгариро ба гардани фарзандонашон бор кардаанд. Онҳо аз раисҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбарияти Додситонии кулл хостаанд, ки ба ин қазия дахл карда, мўйро аз хамир ҷудо намоянд. Аммо мақомоти пулиси Ҷаббор Расулов мегўянд, ки то ҳоло ин қазия аз тарафи намояндагони Додситонии кулл ва Вазорати умури дохилӣ таҳқиқ ва маъмурони марбут ба ин ҳодиса бозпурсӣ шуда, ҳарфи охирро додгоҳ хоҳад гуфт.
- Шерзод Алиев, донишҷўи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд ва Ойбек Холматов ҳамроҳ бо Анвар Қодиров - хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 1 ва Акмал Юсупов - муҳассили коллеҷи муҳандисӣ моҳи сентябри соли 2014 боздошт шуда буданд. Мақомоти пулис ин чор нафарро ба "роҳзанӣ бо маслиҳати пешакӣ" муттаҳам карда, алайҳи онҳо парванда боз намуд. Ба қавли маъмурони пулис, онҳо шаби 27-уми августи соли гузашта дар роҳи ҷамоати Ғўлакандоз аз автомобили Акмал Юсупов берун шуда, бо 2 марди маст баҳсу муноқиша мекунанд ва телефонҳои ҳамроҳ ва маблағи яке аз онҳоро ба зўрӣ мегиранд… Аммо волидони ин ду ҷавони айбдоршаванда фарзандони худро бегуноҳ медонанд ва мегўянд, ки вохўрии фарзандонашон бо ду нафари маст тасодуфӣ буд ва онҳо ҳеҷ маслиҳати пешакӣ ва нияти раҳзании касеро дар сар надоштанд,- менависад торнамо.
Ин ҳам дар ҳолест, ки 11-уми март торнамои «Озодӣ» бо пахши гузориши муфассал таҳти унвони «Шикоятҳои рўзмарра аз фаъолияти кормандони милиса» чунин иттилоъ дод: «Тайи ду моҳи гузашта дар Тоҷикистон ҳар рўз аз 2 то 3 нафар ба Вазорати умури дохилӣ занг зада ва аз бадрафторӣ, амалҳои ғайриқонунӣ ва ё саҳлагангории маъмурони милиса ҳангоми корашон шикоят кардаанд».
Шикояту муроҷиати рўзмарра аз кору рафтори кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки охири моҳи феврал Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шўрои амнияти миллӣ кори мақомоти интизомиву амниятиро башиддат танқид кард ва чандин мақоми баландпояро ҳам аз кор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки “баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андоз ва сохторҳои низомӣ ба ҷои пешгирии ҷиноят, савганди ёдкардаашонро вайрон карда, худ ба содир намудани ҷиноятҳои сўйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, беамалӣ дар иҷрои вазифа, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гирифтану додани пора, қаллобӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, шиканҷа, хунукназарӣ ва дигар ҷиноятҳо даст мезананд”.
Дере нагузашта, санаи 13-уми март хабаргузории «Азия-Плюс» бо номи «Сокини Варзоб аз рафтори ғайриқонунии кормандони милиса шикоят кард» хабар пахш намуда, аз ҷумла навишт: «Ба Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон рўзи 10-уми март сокини ноҳияи Варзоб Туйчӣ Аминов оид ба рафтори ғайриқонунии кормандони ШВКД-и ноҳияи Варзоб шикоят кард».
Тавре ба ин хабаргузорӣ Абдураҳмон Шарипов, корманди ташкилоти ҳуқуқҳимоякунандаи номбаршуда гуфтааст, Туйчӣ Аминов хабар медиҳад, ки 5-уми марти соли 2015 тахминан соати 21 бе ягон шарҳу асос ба хонааш се нафар мард медароянд. Як нафари мардҳо либоси низомӣ ва дуи дигар либоси мулкӣ ба бар доштаанд. Ин нафарон талаб кардаанд, ки Аминов бо онҳо ба ШВКД равад, аммо худро шинос накардаву шарҳ ҳам надодаанд, ки Аминов ба чӣ гумонбар дониста мешавад.
- Тавре аз нишондоди худи Аминова Т. бармеояд, се нафари барояш ношинос ўро аз хона ба ҳавлӣ бароварда, ба хотири бо онҳо нарафтанаш дар ҳузури ҳамсар ва се кўдаки ноболиғаш латукўб мекунанд. 11-уми март Аминов Т. бо ариза дар бораи рафтори ғайриқонунии кормандони ШВКД ба Прокуратураи ноҳияи Варзоб муроҷиат кардааст. Ба ариза ҳамзамон санади судӣ-тиббӣ замима гардидааст. Ҳангоми ироаи нишондод дар Прокуратураи ноҳияи Варзоб ба Аминов Т. маълум мегардад, ки ҳамаи се нафари нисбаташ аз зўроварӣ истифодабурда воқеан кормандони ШВКД-и ноҳияи Варзобанд,- хабар додааст ҳимоятгари ҳуқуқ. Ў зикр кардааст, ки айни замон дар асоси аризаи Аминова Т. оид ба рафтори милисаҳо санҷиши прокурорӣ рафта истодааст.
Аммо, ба ҳар ҳол, мушоҳида мешавад, ки қазияҳои шиканҷа ва латукўби шаҳрвандон аз мадди назари ниҳодҳои масъул дур намемонад. Масалан, хабаргузории БиБиСи санаи 18-уми март хабаре таҳти унвони «Даъвати Омбудсмен барои таъсиси пизишкии қонунии мустақил» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар гузориши солонаи худ дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар кишвар тавсияҳои худро ба давлат ироа кардааст. Тибқи гузориши Омбудсмени Тоҷикистон, дар соли 2014 дар кишвар шикоёти шаҳрвандон нисбат ба мақомоти интизомӣ афзоиш ёфта ва шикоёт дар робита ба мақомоти додгоҳӣ дар ин кишвар дар муқоиса бо соли гузашта коҳиш ёфтааст. Ба ҳар сурат, Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар гузориши худ бори дигар вуҷуди мавориди шиканҷа дар муассисоти бастаи кишварро эътироф карда ва дар бораи барномаҳои мавҷуд барои ҷилавгирӣ аз ин падида гузориш додааст. Бо ин вуҷуд, Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон ба давлат тавсия додааст, ки дар кишвар як ниҳоди мустақил барои анҷоми ташхисҳои пизишкии қонунӣ таъсис шавад. Ваколатдор аз ҷумла таъкид кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз мавориди шиканҷа бояд боздоштшудагон аз нахустин лаҳазоти боздошташон ба вакили мудофеъ дастрасӣ дода шаванд, на ин ки пас аз нахустин истинтоқ дар зери фишору таҳдидҳои мақомоти интизомӣ. Гузориши Омбудсмен ҳамчунин давлати Тоҷикистонро даъват кардааст, ки протоколи иловагӣ дар бораи мубориза бо шиканҷаро тасвиб кунад».