Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
12-уми марти соли 2025 соати 10:00-и субҳ се нафар кормандони ШВКД дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе бо дастгирии ҳамкасбонашон аз Кӯлоб дар маркази савдои “Ғайрат”-и шаҳри Кӯлоб Сафархон Ҳасановро боздошт карданд. Боздошт бидуни фаҳмонидани сабаб сурат гирифт. Баъди нигоҳдории на он қадар зиёд дар ШВКД дар шаҳри Кӯлоб мардро бо автомобили тамғаи BMW ба Душанбе оварданд.
Маълумоти пурра дар бораи кормандони милитсия маълум нест: танҳо номҳои Фирӯз ва Баҳром Шарифов, инчунин нишонаи корманди сеюм - доғ дар рухсораи тарафи рост маълум аст. Хешовандон аз боздошт танҳо ба шарофати шоҳидони тасодуфӣ огоҳ шудаанд.
Худи ҳамон бегоҳ, тахминан соати 22:00 дар бораи марги Ҳасанов аз "сактаи қалбӣ ҳангоми бозпурсӣ" ба хонавода хабар додаанд. Аммо хабари боздоштро ба наздиконаш расман тасдиқ накардаанд.
Писарони ӯро, ки рӯзи 13-уми март аз Русия меоянд, кормандони милитсия пешвоз гирифта, ба сардхонаи бемористони «Шаҳраки Шифобахш» мебаранд. Дар он ҷо ҷасади падарро бо аломатҳои зӯроварӣ дидаанд: захмҳои зиёд ва ҷароҳатҳои гуногун дар қисматҳои гуногуни бадан, аз ҷумла пойҳо. Хешовандон ин ҳама изҳоро аксу навор гирифтаанд. Пас аз ин ҷасадро ба хона бурда, ба хок месупоранд.
Дар маросими дафн намояндагони прокуратура ва милитсия ҳузур доштаанд.
Қабл аз боздошт Ҳасанов бо худ телефони мобилӣ ва 12 ҳазор сомонии нақд доштааст. Пас аз маргаш танҳо либосаш баргардонида шудааст - чизҳои дигар гум шудаанд.
Ин хонавода ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Дастгоҳи иҷроияи Президент шикоят бурдаанд. Муроҷиатҳо 18-уми март, 28-уми март ва 14-уми апрели соли 2025 пешниҳод шудаанд, вале парванда ба Прокуратураи ноҳияи И. Сомонӣ супурда шуда, «бо сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят» оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба ин оила ёрии ҳуқуқӣ расонида, адвокат пешниҳод кардааст ва даст ёфтан ба тафтишоти одилонаро идома медиҳад. Бо вуҷуди ин прокуратура аз боз кардани парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ мекунад. Маводҳои парванда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ гирифта шуда, дар онҷо бидуни амал боқӣ мондаанд.
Эътилоф гузаронидани тафтишоти самараноку мустақил ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани гунаҳкоронро талаб дорад.