Дар Душанбе барои прокурорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили тафтиши шиканҷа ва муносибати бераҳмона тренинги дурӯза баргузор гардид

Тренинг аз ҷониби ТҶ "Дунёи ҳуқуқ" дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи "Роҳ ба сӯи адолат: тақвияти ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ" бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ташкил карда шуд.

Барномаи тренинг ба амалия нигаронида шуда, масъалаҳои тафтишоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона, вокуниши мурофиавӣ, ҳамкории байниидоравӣ, инчунин истифодаи стандартҳои байналмилалӣ ва миллиро дар фаъолияти мақомоти прокуратура фаро гирифт.

 

 

ТЧ «Дунёи ҳуқуқ»