Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ба Прокуратураи генералии ҶТ оид ба ҳолати марги Икромов Ҳамзалӣ муроҷиат намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ иттилоъ доданд, дар муроҷиат аз марги Ҳамза Икромзода изҳори нигаронӣ шуда, аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мегардад, ки тафтиши қазияи мазкур фавран ва беғаразона сурат гирифта, аз натиҷаҳои он ба Ваколатдор хабар дода шавад.
Ёдрас мекунем, ки маҳбус Ҳамза Икромзода 20-уми сентябри соли равон дар муассисаи ислоҳии № 1 шаҳри Душанбе, ки дар он адои ҷазо менамуд, фавтид.
Қаблан ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холдматова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ дар робита ба марги Ҳамза Икромзода мутобиқи моддаи 322 (Хунукназарӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ҳимоятгар мегӯяд, ӯ талош хоҳад варзид, ки нисбати шахсони мансабдори гунаҳкор дар марги маҳбус мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа) парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.
Ҳамчунин хоҳари фавтида Дилхоҳ Икромзода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки ахири моҳи сентябр падари ӯ – Файзалӣ Икромов ба президенти кишвар муроҷиат намуда, аз ӯ дархост намуда буд, ки гунаҳкорони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. «Дар посух сарвари давлат ба мо хабар дорд, ки аз ин ҳодиса бохабар аст ва ҷаораёни трафтиши сабабҳои марги бародарамро таҳти назорати шахсӣ қарор додааст», - изҳор карда буд Дилхоҳ.