Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ин аксҳо аз бойгонии намоишгоҳи «Нест бод шиканҷа!» гирифта шудаанд, ки аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми июни соли 2014 дар Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Шуъбаи тоҷикистонии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад гузаронида шуд. Тафсилоти бештари ин иқдомотро метавон дар гузориши видеоии NoTorture.Tj тамошо кард.
17-уми апрели соли 2014 года Фаррух Давлатов, сержанти қисми ҳарбии 2850-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, се сарбози ҷавонро, ки як рӯз қабл ба ин қисм гузаронида шуданд, ба назди худ хонда, онҳоро дар як саф қатор кард ва ба шикамашон зарбаҳои паёпай зад.
Акмал Давлатов дар қатор сеюм меистод. Аз зарбаи сахт Акмал афтода, нафасгир шуд. Тамоми ҳамхизматон ба кӯмаки ӯ шитофтанд, вале кӯшишҳои онҳо беҳуда буд - сарбози ҷавон ҳамоно нафасгир мешуд. Акмал Давлатов дар роҳ ба сӯйи беморхона фавтид. Тибқи ташхиси мутахассисони судию тиббӣ, ӯ дар натиҷаи гирифтани роҳи нафас аз маводи қай ба ҳалокат расид. Бино ба фарзияи тафтишот, зарбаи марговар чанд лаҳза пас аз хӯроки шом зада шуд.
19-уми июни соли 2014 Фаррух Давлатовро суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ба муҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.