Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Соли гузашта дар чорабинии ҳамсон намоиши аксҳои қурбониёни шиканҷа ва муаррифии китоби “Чанд ҳаёти сӯзонидашуда, ҷонҳои рабудашуда” баргузор гардида буд. Ин китоб ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр шуда, фарогири 8 қазияи воқеии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон мебошад. Дар он хотираҳои хешовандони қурбониён дар бораи писар ё шавҳарашон гирдоварӣ шудааст, ки мавриди зӯроварию худсарии мақомоти қудратӣ қарор гирифтаанд.
Дар намоишгоҳи имсола созмондиҳандагон 3 саргузашти нави сарбозони ҷавони қӯшунҳои сарҳадиро манзур сохтанд, ки қурбонии зӯроварӣ ва муносибати бераҳмонаи ҳамхизматони баландрутба гардидаанд. Аз ҷумла, саргузаштҳои сарбози маъюбшуда Шаҳбол Мирзоев, ки алъон дар ҳолати вазнин бистарии бемористон аст, инчунин Акмал Давлатов ва Мақсуд Носиров, ки бар асари латукӯб дар артиш ба ҳалокат расиданд. Ҳамзамон бинандагони ин намоишгоҳ чун соли пеш бо 6 таърихномаи аксии дигар низ шинос шуданд. Асоси онҳоро қазияҳои пурсарусадои Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов ташкил дод, ки зимни боздошт ё дар маҳбас фавтидаанд.
“Мо имрӯз дар ин макон барои поси хотири шахсоне гирд омадем, ки қурбонии шиканҷа ва муносибати бераҳмона шудаанд. Имрӯз аз қабули Конвенсияи СММ зидди шиканҷа 50 сол пур мешавад. Санади мазкур дар сатҳи байнулмилалӣ таҳаммулнопазирии комил нисбат ба шиканҷаро эълом дошт, то ин ки ҳар як ҳолат ба таври дақиқ тафтиш карда шавад, ҳар як шахси гунаҳкор ҷазо бигирад ва давлат таҳаммулнопазирии худро нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб изҳор дорад”, - гуфт дар оғози чорабинӣ роҳбари Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон Нигина Баҳриева.
Вай афзуд, ки дар ин намоишгоҳ аксҳои қурбониёну ҷабрдидагон бо захму нишонаҳои шиканҷаву муносибати бераҳмона ба маърази тамошо гузошта нашудааст – ҳозирин набояд он даҳшатеро бубинанд, ки онҳо аз сар гузарониданд. Мақсади намоишгоҳ дигар аст – нишон додани аксҳо аз бойгонии хонаводаҳои ин ҷавонон: чӣ гуна онҳо ба воя мерасиданд, аз шириниҳои ҳаёт лаззат мебурданд, вале бо амри тақдир дар як марҳилаи зиндагӣ ба ҳолати ногуворе гирифтор шуданд. Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд, бахшида шудааст. Сарфи назар аз монеаҳову интизороти зиёд, онҳо ба адолат бовар доранд ва саъй меварзанд, ки шахсони гунаҳкор ҷазои қонунӣ бигиранд.
“Дар ин ҷо 9 таърихномаи аксӣ манзур гардонида шудааст, ки имрӯз танҳо яке аз қаҳрамонони онҳо зинда аст – ҷабрдидаи муносибатҳои ғайриоинномавии “дедовшина” Шаҳбол Мирзоев – ҳамаи ашхоси боқимонда ҷони худро аз даст доданд”, - гуфт роҳбари Эътилоф ва таъкид сохт, то замоне ки ҳукми ниҳоӣ аз рӯйи ҳамаи ин паравандаҳо бароварда нашавад, гузаронидани чунин иқдомот идома меёбад.
Нигина Баҳриева ҳамчунин иброз дошт, ки дар 20 соли аз ҷониби Тоҷикистон ба имзо расидани Конвенсияи зидди шиканҷа рӯйдодҳои мусбат зиёд буданд – қонунгузорӣ ба таври назаррас тағйир ёфт, ба Кодекси ҷиноятӣ моддаи алоҳида ворид карда шуд, ки барои истифодаи шиканҷа муҷозот пешбинӣ мекунад, гузашта аз ин парвандаҳои нахустин аз рӯйи ин модда оғоз шуданд ва ҷабрдидагони шиканҷа ё хешовандони онҳо аввалин ҷубронҳоро гирифтанд. “Мо ҳамзамон дарк месозем, ки шиканҷа дар кишварамон зуҳуроти паҳншуда боқӣ мемонад. То ба ҳол адвокатҳо наметавонанд ба зерҳимояашон дастрасӣ пайдо кунанд, то кунун бисёр парвандаҳо тафтишу таҳқиқ нашудаанд... Ва ман хеле умедворам, замоне фаро мерасад, ки дар Тоҷикистон дигар ягон мавзӯъ барои гузаронидани чунин намоишгоҳҳо пайдо намешавад – дар сарзамине, ки худро демокративу ҳуқуқбунёд эълом кардааст ва ҳуқуқи инсонро арзиши волотарин медонад, шиканҷа ва муносибати бераҳмона решакан мешавад”, - гуфт сарвари Эътилоф.
Дар навбати худ, ҷонишини сарвари ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” Таҳмина Ҷӯраева дар бораи ҳар як таърихномаи аксие, ки дар ин намоишгоҳ ба маърази умум гузошта шудааст, сухан ронда, аз ширкат надоштани намояндагони мақомоти давлатӣ дар ин чорабинӣ изҳори таассуф кард.
Дар толоре, ки намоишгоҳ ҷараён дошт, бо мақсади ҷамъоварии кӯмакпулӣ барои муолиҷаи Шаҳбол Мирзоев як қуттии шаффоф гузошта шуда буд ва ҳозирин баҳри дастгирии сарбози маъюбшуда маблағҳои худро хайр карданд.
Чорабинии мазкур дар толори Маркази тиҷоратии “Вафо”-и пойтахт бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Шуъбаи тоҷикистонии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад созмон дода шуд.
Дар ҷараёни намоишгоҳи аксҳо роҳбари Созмони ҷамъиятии “Перспектива+” Ойниҳол Бобоназарова андешаҳои худро оид ба вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон баён кард: