Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ин аксҳо аз бойгонии намоишгоҳи «Нест бод шиканҷа!» гирифта шудаанд, ки аз ҷониби Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми июни соли 2014 дар Душанбе бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ва Шуъбаи тоҷикистонии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад гузаронида шуд. Тафсилоти бештари ин иқдомотро метавон дар гузориши видеоии NoTorture.Tj тамошо кард.
27-уми январи соли 2014 якчад сарбози дидбонгоҳи сарҳадии қисми ҳарбии 2857, воқеъ дар ноҳияи Спитамен, «бо мақсадҳои тарбиявӣ» сарбозони ҷавонро, ки ним сол адои хизмат кардаанд, дар як қатор саф кашонида, ба гулӯ ва дигар узвҳои баданашон зарбаҳои паёпай заданд.
Пас аз латукӯб Мақсуд Носиров аз ҳуш рафт. Ӯро аз замин бардошта, ба хобгоҳи казарма бурданд, ки дар он ҷо ба ҳуш наомада, фавтид.
Дар асоси хулосаи ташхиси судию тиббӣ, Мақсуд Носиров бар асари бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст (хунравии дарунӣ, кафидани ҷигар, хунравии рӯдаи борик ва ғайра).
Дар нисбати 4 сарбозе, ки дар ин амал даст доштанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, рӯзи 8-уми май онҳо ба муҳлатҳои аз 5 то 7,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Ҳимоятгар тасмим дорад, ки аз болои ин ҳукм ба Коллегияи ҳарбии Суди олӣ шикоят барад ва тақозо кунад, парванда барои тафтиши иловагӣ баргардонида шавад.