Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳи июли соли ҷорӣ ду мансабдори сатҳи баланди Тоҷикистон - вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд.
Санаи 4-ми июли соли 2016 торнамои радиои «Озодӣ» бо номи «Кӯмаки вазир барои пайванди гурдаи Эмомиддин» хабаре пахш карда, иттилоъ дод, ки «Нусратулло Салимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пайванди гурдаи Эмомиддин Холов - сарбози пешини неруҳои марзбонии кишвар аз ҳисоби худаш 20 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст».
Насриддин Холов, бародари Эмомиддин ба расонаи мазкур гуфтааст, ки "понздаҳ ҳазори ин ёрӣ дар шакли нақд ва панҷ ҳазори дигараш дар вақти ҷарроҳӣ ба шакли дору дода хоҳад шуд".
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 14-уми июл хабаргузории «Азия-Плюс» бо пахши матлабе таҳти унвони «Анҷоми муваффақонаи ҷарроҳии пайванди гурдаи Эмомиддин Холов» хабар дод: «Ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холов, ҷавоне аз Рашт, ки дар хизмати артиш гурдаҳояш аз коркунӣ бозмонда буданд, муваффақона анҷом пазируфт. Директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмуҳаммад Исмоилзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бемор аллакай ба ҳуш омада, айни замон вазъи солимии ӯ ва модараш, ки донори писараш буд, қаноатбахш мебошад».
Ёдовар мешавем, ки Эмомиддин Холов, сокини деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт моҳи майи соли 2015 ба хотири табобати гурдаҳои бемораш ба пойтахт омад, вале кормандони комиссариати ҳарбӣ ӯро дастгир карда, ба артиш бурданд. Хизмати ӯ дар қисми низомӣ дар Хоруғ 12 рӯз идома кард ва баъди хуруҷи бемории гурдаҳояш ӯро аз артиш ҷавоб доданд. Қазияи Эмомиддини бемор ва ба сафи артиш кашида шудани ӯ яке аз мавзуҳои доғ дар матбуоти Тоҷикистон шуд. Баъд аз ин Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли равон чаҳор корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро барои "хунукназарӣ" дар иҷрои масъулият аз 7 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.
Санаи 18-уми июл бошад, хабаргузории TojNews матлабе бо номи «Раҳимзода: Аз шиканҷа пешгирӣ намуда, бо гумонбарон муоширати хуб кунед» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз зердастонаш талаб кард, ки аз шиканҷа пешгирӣ намуда, ҳангоми бозпурсӣ бо шаҳрвандон муоширати хуб намоянд».
Ба иттилои ин хабаргузорӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар ҷаласаи мушовараи ВКД оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 гуфтааст, ки “ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ боз ҳам тақвият дода шуда, робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат менамояд”.
Дафтари матбуоти ВКД аз ҷаласаи мазкур навиштааст, ки “вазири корҳои дохилӣ оид ба пешгирӣ намудани шиканҷа, муоширати хуб бо шаҳрвандон ва риояи ҳуқуқҳои онҳо ҳангоми бозпурсӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таъкид дошт”.
Бояд гуфт, ки дар моҳи июли соли равон аслан қазияҳои вобаста ба сарбозон бештар расонаӣ гардиданд. Рӯзи 1-уми июл хабаргузории «Озодагон» бо пахши як матлаб таҳти унвони «Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе: Эмомалӣ Саидзода "облава" нашудааст» навишт, ки «Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе мегӯяд, дар пайи нашри як хабари "Озодагон" оид ба тариқи "облава" ба артиш ҷалб кардани ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат санҷиш анҷом додааст. Дар номаи ин ниҳод, ки бо имзои полковники адлия М. Ҳокимзода, додситони ҳарбии гарнизони Душанбе унвонии "Озодагон" расид, гуфта мешавад, дар пайи ин санҷиш ҳолати аз сӯйи мақомот бо роҳи "облава" ё "иҳотагирӣ" дастгир кардани ҷавонони синни даъват тасдиқи худро наёфтааст. Маҳмадалӣ Саидзода, як сокини шаҳри Ваҳдат моҳи майи соли равон ба "Озодагон" тамос гирифта, гуфт, писараш Эмомалӣ, ки донишҷӯи Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат аст, шоми 19-уми май ҳадафи “облава” қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, писараш дар яке аз кӯчаҳои шаҳр боздошт шудааст: “Ҳуҷҷати донишҷӯияшро нишон додааст, вале масъулини комиссариат ба инобат нагирифтаанд”. Вақте хабарнигори "Озодагон" ба назди комиссиариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат рафт, Исматулло Икромов, як сокини дигари ин шаҳр низ аз ҳадафи "облава" қарор гирифтани фарзандаш шикоят кард. Ӯ гуфт, писараш Равшанҷони Исматулло қаблан низ ҳадафи “облава” ва латукӯб қарор гирифта буд: «Ман гуфтам, ки ташхиси тиббӣ карда, аз болояшон ба додгоҳ шикоят мебарам, вале маро зора карданд, ки ин корро накунам ва дар ивазаш писарамро озод карданд»».
Дар ҷавоби Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе гуфта шудааст, ки «вобаста ба ваҷҳи пешниҳодшуда, ки гӯё даъватшаванда Икромзода Р. И. мавриди латукӯб қарор дода, бо роҳи "иҳотагарӣ" ба комиссияи даъватӣ пешниҳод шуда бошад, дар рафти санҷиш тасдиқи худро наёфт".
Санаи 13-уми июл бошад, торнамои Радиои «Озодӣ» бо номи «Парванда алайҳи як афсар барои латукӯби 7 сарбоз» пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: «Додситонии ҳарбии гарнизони Кӯлоб алайҳи як афсари неруҳои марзбонӣ барои латукӯби ҳафт сарбоз парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ва эълони ҳукм ба додгоҳ фиристодааст. Фирӯз Раҷабзода, додситони низомии минтақаи Кӯлоб 12-уми июл гуфт, Комилҷон Рофиев - фармондеҳи қисми ҳарбии 2931 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин вазифаи оинномавиро вайрон карда ва ҳоло мунтазири хулосаи додгоҳ нишастааст. Ӯ гуфт, "ҳодисаҳои латукӯб моҳи моҳи майи соли ҷорӣ рух дода ва парвандаи Комилҷон дар дасти баррасист".
- Дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти Тоҷикистон чандин афсарро барои хунукназарӣ дар робита ба меҳтарсолорӣ аз кор сабукдӯш карда, сарбозонеро, ки дар латукӯби баъзе аскарони навдаъват ва ҳатто марги онҳо даст доштаанд, ба муҳлатҳои мухталиф зиндонӣ карданд,- навиштааст ин расона ва аз қазияи дигар низ ёдовар шудааст: «Аз ҷумла, охирҳои моҳи май ду афсар ва як сарбози қисми низомии "2847"-и неруҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар робита ба марги сарбоз Фаррухҷон Ҳайталиев аз 4 то 14 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе фармондеҳи постгоҳи қисми ҳарбии “2847”-и неруҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ капитан Сӯфӣ Сӯфиев ва муовини ӯ лейтенант Бобурҷон Ортуқовро тибқи моддаи 391, қисми 3, (сӯйистифода аз вазифаи давлатӣ) ба муддати чаҳорсолӣ аз озодӣ маҳрум кард. Додгоҳ айбдоршавандаи севум - сарбози ин қисми низомӣ Алихон Туйчиевро тибқи моддаи 373 қисми 2 (вайрон намудани ойинномаи муносибат бо аскарон) ва моддаи 110, қисми 3 (огоҳона зарари вазнини ҷисмонӣ расонидан) ба 14 соли зиндон маҳкум кард».
Яке аз қазияҳои доғи дигар ин буд, ки торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши хабаре таҳти унвони «Маро маҷбур карданд, то шишапораҳоро фурӯ барам» дар борааш навишт: «Як сарбози неруҳои дохилии Тоҷикистон баъди шиканҷа аз сӯи ҳамхизматҳояш дар дармонгоҳи низомӣ зери назорати табибон аст. Аммо фармондеҳони қисми низомӣ мегӯянд, ки сарбоз латукӯб нашудааст ва ӯ аз дарди гурда ранҷ мекашад. Хуршед Аминов, сарбози қисми низомии 5453, мутааллиқ ба Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, феълан дар дармонгоҳи неруҳои дохилӣ бистарӣ аст. Бобоҷон Ҳасанов, табиби бемористони Раёсати тиббии Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, Хуршед Аминов аз 25-уми июн боз таҳти муолиҷаи пизишкон қарор дорад. Ба гуфтаи ин табиб, Хуршед бо нишонаҳои латукӯб аз ноҳияи сар ва ҳамчунин дарди гурда дар бемористон бистарӣ шуда ва баъдан дар натиҷаи озмоиши рентгенӣ дар дохили рӯдаҳояш пораҳои шиша ва сӯзани шикаста ошкор шудааст».
Худи Хуршед Аминов дар суҳбат бо ин расона хабари латукӯбу шиканҷа шуданашро таъйид карда, гуфтааст, ки шаби 14-уми июн чанд нафар аз ҳамхизматонаш ба ӯ ҳамла карда ва маҷбуран ба даҳони ӯ панҷ пораи шишаи шикаста ва сӯзан андохта ва водор ба фурӯ бурдан кардаанд: "Шаб ҳамла карданд ва ман натавонистам чеҳраҳои онҳоро бубинаму бишносам. Якеашонро боздошт кардаанд ва ду нафари дигар ҳанӯз мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Бар сарам бо тасма заданд. Шишапораву сӯзанро бо ёрии лазер дар бемористон аз баданам берун карданд".
Аммо фармондеҳони қисми низомӣ хабари шиканҷа шудани сарбозро таъйид накардаанд. Алиҷон Раҳматшоев, фармондеҳи қисми низомии 5453 гуфтааст, ки ин гуна иттифоқ сурат нагирифта ва Хуршед Аминов ба далели дарди гурда дар бемористон бистарӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории «Озодагон» санаи 22-юми июл хабаре бо номи «Генерал дар бораи қазияи Аминов: Шиша не, оҳанпора хӯрдааст»
пахш кард.
- Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон қазияи Хуршед Аминов, сарбози қушунҳои дохилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро, ки гӯё ҳамхидматҳояш ӯро водор кардаанд, шишапораҳоро хӯрад, мудҳиш хонд. Раҳимзода рӯзи 22-юми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, қазияро зери назорати шахсиаш гирифта, барои таҳқиқи мунсифонаи он ба раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва амният дастур додааст. Ба гуфтаи вазир, «тибқи маълумоте, ки то ҳоло ба мо расидааст, ба он кас шиша нахӯрондаанд, балки худаш якчанд металҳои оҳанинро фурӯ бурдааст. Айни ҳол таҳқиқи қазия идома дорад ва баъди анҷоми он иттилои бештар хоҳем дод”,- навиштааст хабаргузорӣ.
Чанд рӯз пеш аз ин сана, 19-уми июл торнамои Радиои «Озодӣ» матлабе бо номи «14 соли зиндони сержант Табуров барои марги Бахтиёр дар артиш» пахш карда буд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: «Додгоҳи низомии Душанбе як сарбозу ду афсари Вазорати дифоъро бо гуноҳи ба марг расондани як ҳамхидматашон ба зиндон маҳкум кард. Дар ин додгоҳ рӯзи 19-уми июл ба «Озодӣ» гуфтанд, ки лейтенанти калон Акмалшои Талабшо ва капитан А. Ҷонов 2-солӣ ва сержант Сайидумрон Табуров 14 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Ба қавли масъулони додгоҳ, ин афрод бар асоси қисми дуи моддаи 373-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - "вайрон намудани оинномаи муносибат бо аскарон" ва қисми сеи моддаи 391 - "сӯйистифода аз мансаби давлатӣ" муҷрим шинохта шудаанд».
Тибқи хулосаи додгоҳ, ҳодиса 14-уми апрели соли ҷорӣ рух додааст. Сержант Сайидумрон Табуров шабона ҳангоми хидмат дар қисми низомӣ ба тарафи дили Бахтиёр Қурбонмадов зарба задааст ва ӯ тоб наоварда, ба замин афтода, баъдан ҷон додааст. Аммо лейтенанти калон Акмалшои Талабшо ва капитан Ҷонов, ки масъулияти назорат ба сарбозонро доштаанд, нисбат ба ин рафтори сержант Табуров бемасъулиятӣ нишон додаанд.
Ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19-уми апрели соли ҷорӣ ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавсими имсолаи баҳории даъват ба артиш довталабона ба хидмат рафт ва даврони сарбозиро дар қисми низомии 02011-и Вазорати дифоъ дар Рашт оғоз карда буд.
Ахиран, рӯзи 25-уми июл торнамои NoTorture.Tj бо истинод ба торнамои Радиои «Озодӣ» хабаре таҳти унвони «Муҳокимаи даъвои Раҳматовҳо зидди Вазорати дифоъ анҷом меёбад» пахш карда, навишт, ки «интизор меравад, рӯзи 26-уми июл Додгоҳи низомии гарнизони шарҳи Душанбе қарори худро аз рӯи аризаи даъвогии волидони сарбози дар артиш ба ҳалокат расида эълон кунад».
- Додгоҳи гарнизони Душанбе бояд мавқеашро дар робита бо талаби пардохти ҷубронпулии маънавӣ баъди марги сарбоз Фирдавс Раҳматов эълон кунад. Чанде пеш волидони сарбоз Дилором ва Ғаниҷон Раҳматовҳо аз Вазорати дифои Тоҷикистон тақозо карда буданд, ки ҷуброни маънавии марги писари худро дар ҳаҷми 238 ҳазору 800 сомонӣ пардохт кунад,- афзудааст торнамо.
Санаи 26-уми июл бошад, торнамои Радиои «Озодӣ» хабари муфассале бо номи «Д. Самадова: Ҳалокати сарбоз дар артиш бояд ба дигарон дарс шавад» пахш кард.
- Баррасии аризаи даъвогии волидони сарбози дар артиш ба ҳалокатрасида зидди Вазорати дифои Тоҷикистон ба таъхир андохта шуд. Интизор мерафт, ки имрӯз Додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе хулосаҳои худро дар заминаи аризаи пардохти ҷубронпулии маънавӣ аз марги Фирдавс Раҳматов эълон мекард. Додрас Нарзулло Шараф дар мурофиаи рӯзи 26-уми июл дар Душанбе гуфт, ки ҳукм аз рӯи ин парванда ба муҳлати номуайян ба таъхир афтод. Дар мурофиаи имрӯза танҳо баромади вакилони мудофеъ Дилафрӯз Самадова ва Дилшод Ҷӯраев, ки аз хонаводаи Раҳматовҳо намояндагӣ мекунанд, шунида шуд,- навишт торнамои мазкур.
Вакили дифоъ Дилафрӯз Самадова дар суҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки "ҳанӯз моҳи майи соли равон ба Додгоҳи гарнизонии шаҳри Душанбе аз ҷониби волидони сарбози фавтида Фирдавс Раҳматов аризаи даъвогӣ барои рӯёнидани зарари маънавӣ ирсол гардида буд ва мурофиаи додгоҳии он тӯли бештар аз як моҳ ҷараён дорад. Дар аризаи даъвогӣ омадааст, ки аз ҷониби Вазорати мудофиа зарари маънавӣ ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ ба фоидаи Дилором Раҳматова ва 26 ҳазор сомонӣ ба фоидаи Ғаниҷон Раҳматов ситонида шавад".
Фирдавс Раҳматов, ки дар қисми ҳарбии 04080 Вазорати дифои Тоҷикистон дар Конибодом хизмат мекард, рӯзи 7-уми майи соли 2015 ба хизмат даъват шуд ва расо баъди як моҳаш - рӯзи 7-уми июн ҷасадаш ба волидонаш супурда шуд. Дар моҳи октябри соли гузашта Додгоҳи ҳарбии гарнизони Суғд cе сарбозро дар латукӯбу марги Фирдавс Раҳматов гунаҳкор донист ва ҳар яке аз онҳоро мутаносибан аз 17 то 18 сол ба зиндон маҳкум карда буд. Сержант Раббонӣ Сулаймонов ба 18 сол, сержант Комрон Раҳимов ба 17,5 ва сарбози қаторӣ Айём Назаров ба 17 соли ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуданд.
Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати дифоъ се фармондеҳи қисми низомии 04080 - фармондеҳони полк, баталйон ва як ротаи қисми низомиеро, ки сарбоз Фирдавс Раҳматов дар он ҷо ҳалок шудааст, ба далели хунукназарӣ аз иҷрои вазифа барканор намуд. Созмони "Озодиҳои шаҳрвандӣ", ки масоили бадрафторӣ дар артишро таҳқиқ мекунад, аз соли 2014 то имрӯз 17 ҳолати бадрафторӣ дар қисмҳои низомии Тоҷикисторо ба баррасӣ гирифтааст. Аз ин шумор, 8 ҳолати ҳодисаҳо бо фавти сарбозон анҷомидааст. Вале ба гуфтаи ин созмон, омори асосӣ ва дақиқро вазорати дифоъ дар ихтиёр дорад.
Ин ҳама дар ҳолест, ки рӯзи 20-уми июл торнамои Радиои «Озодӣ» бо пахши матлабе таҳти унвони «Қабурғаи Парвизро кӣ шикаст? Боздошти се милиса дар Фархор» аз як қазияи дигар хабар дода буд.
- Мақомоти интизомии Тоҷикистон се маъмури пулис дар ноҳияи Фархорро барои латукӯби як боздоштшуда дастгир кардаанд. Суҳроб Саломов, муовини сардори Раёсати умури дохилии Хатлон гуфт, ки ҳоло ин се маъмури пулис дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд ва рӯзҳои наздик парвандаашон ба додгоҳ фиристода хоҳад шуд. Ӯ рӯзи 19-уми июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, чунин бархӯрди номуносиб бо сокинон обрӯи кормандони пулисро мебарад ва барои ҳамин манфиатдоранд, ки пеши роҳи қонуншиканӣ дар миёни ходимони ҳифзи ҳуқуқро бигиранд. Суҳроб Саломов афзуд: "Ба зудӣ парвандаи се ходими пулиси Фархор ба додгоҳ ирсол мешавад ва парванда аз рӯи моддаи "баромадан аз ваколатҳои хизматӣ" баррасӣ хоҳад шуд". Як масъули пулис аз ноҳияи Фархор дар тафсилоти ҳодисаи латукӯби сокини маҳаллӣ ба «Озодӣ» гуфт, ин ҳодиса чаҳор моҳи пеш рух дода ва чораҷӯӣ алайҳи кормнадони пулис тоза шуруъ шудааст. Ин маъмурони пулис дар пайи шикояти Парвиз Ҳабибови 37-сола боздошт шудаанд. Нафарони боздоштшуда кормандони ШКД-и ноҳияи Фархор - Файз Саидов, Меҳроб Давлатов ва Акрамшоҷони А. ҳастанд. Пайвандони ҷабрдида мегӯянд, дар пайи як моҷаро бо ҳамсараш Парвиз Ҳабибов ба идораи пулис бурда шуда, шабро дар ҳамон ҷо рӯз кардааст. “Субҳи он рӯз ӯро бо ду қабурғаи шикаста озод карданд ва мо ӯро ба бемористон бурдем,”- нақл карданд онҳо,- навиштааст торнамо».