«Облава» дар кишвар ҷой дорад

Дар моҳҳои январ-феврали соли 2017 гарчанде дигар қазияҳои марбут ба шиканҷа баррасӣ гардиданд, аммо расонаҳо бештар ба инъикоси даъвати наваскарон ба сафи артиш пардохтанд.

Санаи 2-юми январ торнамои радиои «Озодӣ» гузоришеро бо номи «Мониторинг: Таъмини маишии сарбозон беҳтар мешавад» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Як таҳқиқоти фаъолони ҳуқуқи башар нишон медиҳад, ки таъминоти маишиву ғизои сарбозон дар қисмҳои ҳарбии кишвар тадриҷан беҳбуд меёбад, вале дар масъалаи робитаҳои инсониву оинномавӣ ҳанӯз ҳам мушкил вуҷуд дорад».

Рӯзи 7-уми феврал бошад, торнамои NoTorture.Tj аз боз шудани «Парвандаи ҷиноятӣ нисбати шиканҷаи сарбоз» хабар дод.

- Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Саидов Ё. С., хизматчии ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 1431 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Шиканҷа) боз кардааст. Тавре аз ташкилоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» хабар доданд, “тибқи маълумоти дар парвандаи ҷиноятӣ овардашуда, командири взвод Саидов Ё. С. вазифаи таҳқиқбарандаро иҷро намуда, ду сарбозро ба дуздии амволи қисми ҳарбӣ муттаҳам карда, бар ивази амволи гумшуда маблағи пулӣ талаб кардааст. Инчунин, ӯ сарбозонро мавриди дашному ҳақорат қарор дода, таҳдид намудааст, ки агар маблағи талабкардаашро наоранд, маълумотро ба прокуратураи ҳарбӣ пешниҳод менамояд ва падару модари сарбозонро ба қисми ҳарбӣ даъват карда, дар назди ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ обрӯ ва эътибори онҳоро паст мезанад. Дар натиҷа сарбози қаторӣ Қ. Ҷ. Ҷ. аз чунин муносибат ва муомилаи бераҳмона руҳафтода шуда, 11-уми сентябри соли 2016 даст ба худкушӣ зада, ҳалок гардидааст”.

Ҳамин расона, яъне NoTorture.Tj санаи 10-уми феврал хабаре таҳти унвони «Ғами ду падар: Ба латукӯб даст назанед!» пахш карда, аз ҷумла навишт: «9-уми феврали соли ҷорӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионии падари сарбози фавтида Таваллоев Шуҳрат - Таваллоев Имомдодро аз болои ҳукми Суди гарнизони шаҳри Душанбе баррасӣ карда, қонеъ кардани онро рад намуд.

6-уми январи соли 2017 Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо ҳукми худ сарбози қатории Гвардияи Миллии ҶТ Мирзобоев М. Х.-ро бо моддаи 373 қисми 2 бандҳои “Б, Д” (муносибатҳои ғайриоинномавӣ) гунаҳкор дониста, ба муҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба гуфтаи намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»,  «16-уми октябри соли 2016 маҳкумшуда сарбозони қаторӣ Таваллоев Шуҳрат, Ш. М. ва С. М.-ро вориди синфхона карда, бо миёнбанди сарбозӣ ба сару поёни манаҳ зарба зада, зарари ҷисмонӣ расонидааст. Дар натиҷаи латукӯб ва таҳқири ӯ сарбози қаторӣ Таваллоев тоқат накарда, бо силоҳи оташфишон ду маротиба ба зери манаҳи худаш тир холӣ кардааст. Дар натиҷа сарбози қаторӣ ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона вафот кардааст».

Торнамои радиои «Озодӣ» ҳам рӯзи 13-уми феврал дар ин маврид таҳти унвони ««Доғи сиёҳ»-и қисмҳои низомии Тоҷикистон»  гузориши муфассал пахш карда, аз ҷумла хабар дод: «Додгоҳи низомии Тоҷикистон ҳукми як сарбозеро бетағйир гузошт, ки бо гуноҳи ба марг расонидани ҳамхидматаш Шуҳрат Таваллоев ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Марги мармузи сарбози артиш дар моҳи октябри соли гузашта бори дигар таваҷҷуҳро ба муносибати байни сарбозону нақши фармондеҳони онҳо ба ҳангоми ихтилофҳо эҷод кард. Ба қавли Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои волидони сарбози кушташуда, “тафтишот латукӯб шудани Шӯҳрат Таваллоев аз тарафи Мирзоҳомид Мирзобоевро собит кардааст, вале барои чӣ Шуҳрат худашро парондааст маълум нест ва ошкор нашудааст“.

Ҳамин расона, яъне торнамои радиои «Озодӣ» санаи 17-уми феврал гузориши дигареро бо номи «Хона ба хона... 1,5 моҳ пеш аз оғози мавсими даъват ба артиш» пахш кард.

- Дар ҳоле, ки то оғози мавсими даъвати баҳорӣ ба артиш якуним моҳи дигар мондааст, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ якҷо бо масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон хона ба хона гашта, ҷавонони даъватшаванда ба хидмати ҳатмии ҳарбиро сабти ном мекунанд. Мақомот мегӯянд, ин кор ба хотири ихтиёрӣ сафарбар шудани даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷалби иҷбории онҳо роҳандозӣ мешавад,- омадааст дар гузориш.

Зимнан, санаи 21-уми феврал худи ҳамин торнамо матлабе таҳти унвони «Марги мармузи Эҳсон Элчибеков дар қисми ҳарбӣ» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Мақомоти вилояти Бадахшон марги як сокини ин минтақа дар қисми ҳарбии 06870-и Вазорати дифоъ дар Душанберо тасдиқ карданд. Дар Комиссариати ҳарбии вилоят рӯзи 21-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҷасади Эҳсон Элчибеков шаби гузашта ба дасти пайвандонаш супурда шудааст. Элчибекови нуздаҳсола, сокини рустои Бағуи ноҳияи Рӯшон, рӯзи 16-уми феврал дар шароити мармуз даргузаштааст. Додситонии гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе таҳқиқи ҳодисаро шуруъ карда ва аз рӯи ин ҳодиса як нафар боздошт шудааст».

- Дар ҳоле, ки масъули комиссариати ҳарбӣ ва ҳам мақомоти дигари дахлдор аз шарҳи расмии ҳодиса худдорӣ мекунанд, як манбаи Радиои Озодӣ дар Вазорати дифои Тоҷикистон, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, Эҳсон дар натиҷаи як моҷаро бо ҳамхидмати худ “ба марг расонида шуд”. Ҳарчанд ӯ аз талаффузи вожаи “кушта шуд” худдорӣ кард, аммо дар шарҳи ин моҷаро чунин гуфт, “миёни Элчибеков ва як сарбози дигар моҷаро хест ва онҳо дар соати 12-и шаб пушти ҳоҷатхонаи қисми ҳарбӣ гузашта, занозанӣ карданд. Ниҳоят ҳамхидматаш ӯро хафа кардааст”,- омадааст дар матлаб.

Хешовандони Эҳсон Элчибеков гуфтаанд, ки баробари аз назар гузарондани ҷасад ва ҳам дидани осори захмҳои эҳтимолӣ, ба ин фарзия бештар бовар мекунанд, ки писари онҳо «ба марг расонида шудааст». Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, вуҷуди ду захми монанд ба теғи корд дар қисмати пушти гардани Эҳсон ишора ба куштори ӯ дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки хабаргузории «Озодагон» санаи 16-уми феврал бо чунин ном хабар пахш карда буд: «Додситони кул “облава”-ро тасдиқ кард: Ҷой дорад...» .

- Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал зимни ҳисоботаш дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев тасдиқ кард, ки “облава” дар кишвар ҷой дорад. Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки бо роҳи зӯрию боздошт сафарбар кардани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар кишвар ҳоло ҳам ҷой дорад. Ӯ гуфт, бидуни дақиқсозӣ ҷавононро боздошт мекунанд. Додситони кул илова намуд, ки дар қисмҳои низомӣ ва комиссариатҳо санҷиш гузаронда шуда, 1 ҳазору 1 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд,- навишт ин расона.

Тавре пештар зикр шуд, дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ чан қазияи марбут ба шиканҷа расонаӣ гардид. Санаи 16-уми январ торнамои NoTorture.Tj аз қавли хабаргузории «Азия-плюс» навишт: «Милисае, ки ба таҷовуз айбдор мешуд, аз кор озод карда шуд» .

- Милисае аз ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳимоятгарони ҳуқуқ ӯро дар таҷовузи духтаре айбдор медонистанд, аз кор озод карда шуд, аммо нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст. Мувофиқи тафтиши нав, ки бо дастури Прокуратураи генералӣ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуд, аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди милитсия рад карда шудааст. Сухан дар бораи ҳодисае меравад, ки тобистони соли гузашта дар ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Малика (номи духтар бо хоҳиши худаш тағйир дода шудааст) шикоят кард, ки ӯ аз ҷониби корманди фаврии милитсия таҷовуз шудааст. Иттилоъ дар бораи далели мазкур аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ пахш гардид, ки духтар ба он ҷо барои кӯмак муроҷиат кардааст,- омадааст дар матлаби мазкур.

«Дар шуъба фикр мекунанд, ки Малика бероҳа аст ва милисаҳо ба ӯ расидан мехоҳанд. Аввал нозири минтақавӣ расиданӣ мешавад, аммо Малика фарёд мезанад ва аввалӣ ӯро ба корманди фаврӣ месупорад, ки бо таҳдиди «шантаж» ва зӯроварии ҷисмонӣ духтарро таҷовуз мекунад»,- иттилоъ додааст адвокат Абдураҳмон Шарипов.

Худи ҳамин торнамо, яъне NoTorture.Tj рӯзи 20-уми январ хабаре бо чунин унвон пахш кард: «Қарор бекор шуд, Прокуратураи шаҳри Душанбе санҷиш мегузаронад» .

- Қарори ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансур дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ бекор карда шуда, Прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи аризаи корманди созмони байналмилалӣ дар Душанбе санҷиш мегузаронад. Дар ин бора намояндаи корманди созмон хабар дод. Дилшод Ҷӯраев қаблан иттилоъ дода буд, ки як нафар корманди созмони байналмилалӣ дар Душанбе барои бекор кардани қарор дар бораи рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон, нусхаҳои шикоят ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар низ барои маълумот ирсол гардидаанд. Тибқи иттилои намояндаи шахси ҷабрдида, Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳангоми санҷиши аризаи шахси ҷабрдида шоҳидони асосӣ пурсида нашудаанд, далел аз китоби қайди муроҷиаткунандагон дар шуъбаи неврологии беморхонаи марказии ҷумҳуриявӣ дар мавриди ҷароҳати ҷисмонӣ талаб карда гирифта нашудааст, диск бо сабти видеоро ба эътибор нагирифтаанд ва инчунин, ба санади тадқиқоти тиббӣ-судии №7720 аз санаи 3-юми октябри соли 2016 аҳамият ва баҳои ҳуқуқӣ дода нашудааст,- омадааст дар хабар.

Сухан дар бораи латукӯби сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милиса дар доираи амалиёти «Нелегал»-и 2-юми октябр меравад. Оид ба ин ҳолат қаблан Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, ки ҷабрдида ба он муроҷиат кардааст, хабар дода буд.

Яке аз дигар қазияҳои пурсарусадо, ки дар моҳҳои январ-феврали имсол расонаӣ шуд, қазияи рӯзноманигор Доро Суҳробӣ буд. Дар ин маврид торнамои Faraj.tj рӯзи 20-уми январ матлабе бо номи “Вазир: Парвандаи латукӯби Доро Суҳробӣ ба прокуратура ирсол шудааст»  пахш намуд.

- Қазияи латукӯби Доро Сӯҳробӣ, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» барои санҷиш ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон супорида шудааст. Ин нуктаро имрӯз, 20-уми январ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии кишвар дар нишасти матбуотии ниҳодаш иброз намуд. Номбурда гуфт, бо сабаби он, ки Доро Суҳробӣ новобаста ба рӯ ба рӯ намудани кормандони милисаи минтақа милисаи ӯро латукӯбнамударо мушаххасан шинохта натавонист, парванда барои санҷиш ба Прокуратураи генералӣ ирсол шудааст.

Ба навиштаи ин торнамо, Доро Суҳробӣ, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон (муассиси ҳафтаномаи «Фараж») санаи 18-уми сентябри соли ҷорӣ мавриди латукӯби кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаи «Гипрозем» қарор гирифта буд: «Ӯ, ки бо супориши редаксия мехост аз рафти корҳои роҳсозӣ ва ҳолати савдои кӯчагӣ дар ин маҳалла барои шумораи навбатии ҳафтаномаи «Фараж» «фоторепортаж» омода намояд, мавриди лабукӯби кормандони милитсия қарор гирифт».

Баъдан, рӯзи 3-юми феврал торнамои Faraj.tj бо пахши матлаби дигар таҳти унвони «Прокуратураи генералӣ: Латукӯби Доро Суҳробӣ тасдиқ нашудааст»  хабар дод, ки «парвандаи ҷиноятии нисбати латукӯби Доро Суҳробӣ (Маҳкамов) бинобар ҷой надоштани амалҳои зӯроварӣ ва латукӯб дар ҳаракатҳои кормандони милиса қатъ карда шудааст».

Зимнан, торнамои NoTorture.Tj санаи 7-уми феврал хабаре бо номи «Раҳимзода: Дар соли 2016 ягон парвандаи ҷиноятӣ оид ба шиканҷа боз нашудааст»  пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: «Дар соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар робита ба истифодаи шиканҷа ягон парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст,- хабар дод вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотие, ки чанде қабл баргузор гардид. Ба гуфтаи ӯ, дар мавриди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона якчанд шикоят мавҷуд буда, аммо дар рафти санҷишҳо аз онҳо ягонтояш тасдиқи худро наёфтааст. Зимнан, раҳбари ВКД нагуфт, ки мушаххасан чанд шикоят оид ба шиканҷа ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ворид шудааст.

Масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати гумонбаршудагону маҳбусон дар Тоҷикистон доғи рӯз аст ва бисёр вақт аз ҷониби созмонҳои маҳалливу байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон мавриди интиқод қарор мегирад. Соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи «Шиканҷа» ба хотири пешгирии чунин ҳолатҳо ворид карда шуд, аммо то имрӯз танҳо як парванда аз рӯи ин модда нисбати нозири милисаи ноҳияи Ёвон маълум асту халос».

Рӯзи 8-уми феврал бошад, хабаргузории «Озодагон» хабаре таҳти унвони «Ҳукми 13,5 соли зиндони се корманди пулиси ноҳияи Фархор»  пахш карда, иттилоъ дод: «Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳукми се корманди пулиси ноҳияи Фархорро, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ муттаҳам мешуданд, содир кардааст. Наздикони яке аз ин кормандони пулис имрӯз, 8-уми феврал ба “Озодагон” гуфт, додгоҳ Акрамшоҳҷони Абдулло, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатовро, ки дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор кор мекарданд, ба муҳлати 4,5-солӣ равонаи зиндон намуд. Парванда алайҳи Акрамшоҳҷон, Саид ва Меҳроб бар асоси шикояти як сокини Фархор, ки иддао кард, дар пайи як баҳси хонаводагӣ кормандони пулис фарзандаш Парвиз Ҳабибовро ба идораи Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия бурда, мавриди латукӯб қарор додаанд, боз шуд. Дар шикоят гуфта мешуд, дар пайи ин латукӯб қабурғаи Парвиз шикастааст. Аммо Акрамшоҳҷони Абдулло, яке аз се корманди милиса дар муроҷиатномае унвонии Додситонии кулл ва Додгоҳи Олии Тоҷикистон изҳор дошта буд, дар латукӯби Парвиз Ҳабибов даст надорад».

Notorture.Tj