Шиканҷа: Чизе, ки ҳам ҳаст ва ҳам нест

Шиканҷа: Чизе, ки ҳам ҳаст ва ҳам нест

Дар моҳи июни соли ҷорӣ ба ҷуз мавридҳои ҷудогонаи шикоят аз шиканҷа, идомаи қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода ва роҳандозии иқдоме таҳти унвони «Нест бод шиканҷа!», ки дар остонаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти ҶТ» бо мусоидати Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International баргузор гардид, мавзӯъҳои пурбаҳстарини расонаҳо буданд.

Рӯзи 3-юми июн торнамои TojNews таҳти унвони «Эътирози Қорӣ Садриддин ва нома ба Эмомалӣ Раҳмон» мактуби адвокат Файзинисо Воҳидоваро ба президенти кишвар нашр кард. Дар ин муроҷиат адвокати маҳбус Садриддин Тошев, маъруф ба Қорӣ Садриддин, аз гуруснанишинӣ эълон кардани зерҳимояаш хабар дода, ба президент Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фаъолиятҳои ғайриқонунии масъулини ниҳодҳои қудратӣ ва ҳодисаҳои латукӯбу шиканҷаи маҳбусон дар Хуҷанд нақл кардааст. «Ман бо итминони комил гуфта метавонам, ки дар муассисаҳои ислоҳии кишвар шиканҷа ҷой дорад. Дар зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе маҳбус Ҳамза Икромзодаро ба қатл расонида, шоҳидони воқеиро ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода, супориш доданд, ки онҳо дар ин ҷо латукӯб карда шаванд. Яъне ин афсарони муассисаҳои ислоҳии кишвар, ки ба ҷойи тарбия намудан даст ба латукӯби маҳбусон ва шиканҷаи онҳо мезананд, ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки дар ниҳодҳои интизомӣ фаъолият баранд. Маҳз ин афсарон имиҷи кишвари моро паст зада, дар назди ҷомеи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари зулмпарвар муаррифӣ менамоянд. Шояд, вақти он расидааст, ки мақомот аз чунин ашхоси тасодуфӣ тоза карда шавад?», - зикр кардааст Файзиниссо Воҳидова.

Ҳафтаномаи «Самак» бо номи «Раҳпаймоӣ доир мешавад?» (№23 (83), аз 5-уми июни соли 2013) гузоришеро ба табъ расонид, ки дар он оид ба эътирозҳои пай дар пайи наздикони маҳбуси дар зиндон фавтида Ҳамза Икромзода ва шоҳиди марги ӯ Сунатулло Ризоев сухан меравад. Дар гузориш аз ҷумла гуфта мешавад: «Тавре модарони Ҳамза Икромзода ва Суннатулло Ризоев гуфта буданд, дар ҳолати идомаи муносибати ноодилона нисбати қазияи марбут ба наздикони марҳум ва маҳбусашон, худро дар назди Қасри президент оташ мезананд. Пайвандони Ҳамза Икромзода ва адвокатҳову наздикони гунаҳгор дар марги мавсуф аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ розӣ нестанд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ корманди маҳбаси №1-и пойтахт Маҳмуд Исмоиловро дар латукӯби Ҳамза Икромзода гунаҳгор дониста, ба мӯҳлати 5 солу 5 моҳ аз озодӣ маҳрум кард. Аз болои ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ овардаанд. Зимнан, наздикони Ҳамза Икромзода низ аз рӯи ин ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи худро пешниҳод намудаанд».

Ин нашрия дар охир ёдовар мешавад, ки наздикони маҳбуси ҳалокгашта Ҳамза Икромзода мақсад доранд, ҳамчун нишони эътироз ба вуҷуди шиканҷа дар маҳбасҳои кишвар, раҳпаймоӣ доир созанд ва аз Ҳисор то Душанбе пиёда биёянд.

Аммо хабаргузории «Озодагон» рӯзи 6-уми июн сӯҳбатеро бо Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ бо номи «Мехоҳанд моро сиёҳ кунанд» нашр кард, ки дар он номбурда шикоятҳо дар бораи шиканҷаи зиндониёнро рад карда, чунин амалҳоро як «маъракаи сиёҳкунӣ» донист.

Ӯ дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфтааст, ки агар шиканҷа дар зиндонҳои кишвар ҷой медошт, комиссияи махсуси Вазорати адлия ва намояндагони Додситонии кулл онро ошкор мекарданд: «Як чизро мегӯям, ин шикоятҳо на ҳама вақт асоси воқеӣ доранд. Ба чӣ хотир? Бубинед, шикояткунандагон мегӯянд, ки худашон ва ё наздикашон дар дохили зиндон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд. Дар ин бора танҳо онҳо мегӯянд. Аммо мо комиссияи худро дорем. Ҳамчунин аз тарафи мақомоти дахлдор, бахусус Додситонии кулл дар зиндонҳои мо тафтишот гузаронда мешавад. Агар шиканҷа воқеан ҷой медошт, аз ҷониби ин гурӯҳҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ мегардид ва ё ҳадди ақал ба он ишора мешуд. Аслан сарусадо атрофи ҳамин зиндонҳо хеле зиёд шудааст. Дар расонаҳои хабарӣ ҳам муроҷиату шикояти шаҳрвандонро дар робита ба ин масъала зуд-зуд дучор мешавем».

Абдулҳақов ҳамзамон ба қазияи Ҳамза Икромзода ишора карда, аз ҷумла, иброз доштааст, ки айни замон дар ин маврид чизе гуфта наметавонад, чун баррасиҳо ҳоло идома доранд. «Ҳамин ки баррасиҳо анҷом ёфт, мо метавонем дар ин маврид нуқтаи назари худро бигӯем, ки то куҷо шикоятҳо воқеият доштанд», - афзудааст номбурда.

Ӯ ба суоли рӯзноманигор «вақте мегӯед шикоятҳову муроҷиатҳо асоси воқеӣ надоранд, фикр мекунед, ҳадаф аз навиштани онҳо чист?» чунин посух додааст: «Қабл аз ҳама сиёҳ кардани низоми нигоҳдории муассисаҳои ислоҳӣ ё худ фаъолияти мо аст. Онҳо мехоҳанд, ки низомро дар муассисаҳои нигоҳдорӣ бартараф кунанд. Ин ҳам як сиёсат аст».

Дар ҳамин ҳол, дар ҳафтаномаи «СССР» вокуниши маркази ахбори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони ««Фиғони зиндонӣ» фиғони кист?» (№23 (248), аз 6-уми июни соли 2013) ба мақолаи «Фиғони зиндонӣ дурӯғ нест», ки дар нашрияи номбурда 17-уми феврали соли 2013 чоп шуда буд, ба табъ расидааст. Дар ин ҷавобия далелҳои мақолаи қаблӣ инкор карда шуда ва аз ҷумла гуфта мешавад: «Аз таҳлили дақиқи мақола ин хулоса бармеояд, ки он бештар бо истифода аз тобишҳои маъноии калимаҳо ва мафҳумҳо аз сӯи нависандаи эҳсосотӣ таҳия шудааст. Мақола бо суратҳое, ки ба ин муассисаи ислоҳӣ алоқаманд нестанд, ороиш дода шуда, сарлавҳагузориҳо аз редаксия буда, 750 чӯби хӯрдаи маҳкумшуда дар муқоиса ба 75 чӯби хӯрдаи Садриддин Айнӣ, аз паси панҷара истода саҳмияҳои «Роғун»-ро харидорӣ кардани маҳкумшуда Ҳалимшоев Д. ва идеяҳои журналист Аҳмади Иброҳимро оид ба наворбардории филми миллӣ тарафдорӣ кардаву ба суратҳисоби он гузаронидани маблағи пулӣ, дастгирии пешниҳоди ин журналист оиди дар арафаи Иди Наврӯз қабул кардани авфи маҳбусон ва ғайраҳо ҳама бофтаҳои журналист буда, ҳангоматалабона таҳия шудаанд».

Ёдовар мешавем, ки 7-уми феврал ҳафтаномаи «СССР» номаи маҳбуси муассисаи ислоҳии Қӯрғонтеппа Давлатмурод Ҳалимшоевро таҳти унвони «Фиғон аз зиндон» ба табъ расонида буд. Ин маҳбус навишта буд, ки моҳи августи соли 2006 бо тӯҳмати яке аз шахсони воломақом перомуни қазияи 150 сомонӣ дар синни 31-солагӣ ба муддати 20 сол равонаи зиндон шудааст. Ӯ менависад, ки нахуст дар маҳбаси шаҳри Кӯлоб қарор дошту муносибати масъулон нисбат ба маҳбусон ҳирфаӣ ва падарвору ҷавонмардона буд. Аммо таҳти сарлавҳачаи «75 чӯби хӯрдаи Айнӣ ва 750 чӯби хӯрдаи ман» идомаи сарнавишташро чунин қисса мекунад: «Баъди 1 сол моро аз маҳбасхонаи Кӯлоб ба Қӯрғонтеппа оварданд. Ҳама оромии маҳбаси Кӯлоб бо ҷавонмардии акои Умаралӣ ва таблу дуҳули ҷашни 2700-солагӣ зери калтакҳои кормандони маҳбаси Қӯрғонтеппа Қурбонов Шер, Шарипов Гулмаҳмад ва Довуд батамом фаромӯш шуд. Дарк кардам, ки маҳз аъмоли чунин ашхосро муғризони ватани ман ба фоидаи сиёсати худ истифода мекардаанд. Он ҷо, дар Кӯлоб акои Умаралӣ дар утоқи кориаш аз рӯзгори талхи ман пурсида, раҳмаш омаду қариб ашк рехта буд, ин ҷо Шер бо чанд нафар бераҳми дигар чизе напурсида, шояд барои дилхушии худ, моро мурданивор латукӯб карданд. Худоё, инсон бо задан намемурдааст. Баъди зарбаҳои ин тӯдаи ҷоҳил расо 7 моҳ дар беморхона бистарӣ будам. Дар беморхона табиби ҳозиқ Бекназаров дар ниҳодам ҳамчун инсони комил ва башардӯст боқӣ монд. Бо муҷарради каме ба худ омадан ба маҳбас баргаштам. Баъд ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардам. Барои ин густохиам Шер бо усулҳои фақат барои ману ӯ маълум, ки иборат аз иғво буд, бандаро ба маҳбасхонаи №1-и пойтахти кишвар равон кард. Он ҷо сегонаи сталинӣ Иброҳимов Юсуф, Ҷӯрабеков Фарзон ва Акбар (насабашро намедонам) - кормандони маҳбас маро танҳо барои шикоят бурдан ба прокуратура ончунон калтаккорӣ карданд, ки 75 чӯби хӯрдаи қаҳрамони миллат Садриддин Айнӣ дар назарам калтаки масҳкунии бадан намуд. Ӯ ҳамагӣ 75 чӯб хӯрда, инқилоб карду «Марши Ҳуррият» суруду ман, шояд 750 калтак хӯрда, сабр кардам».

Ин маҳбус зикр карда буд, ки баъд аз 6 соли «адои мӯҳлати ҷазо барои бегуноҳӣ» 11-уми марти соли 2012 ӯро дигарбора ба маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа овардаанд ва акнун муносибати масъулони он хуб шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шумораи нахустини ҳафтаномаи навтаъсиси «Рӯзгор» мақолае бо номи «Гумонбарони қатли писарам чор мансабдори Шӯроободанд» (№1 (001), аз 5-уми июни соли 2013) ба табъ расид. Сафармоҳ Раҷабова, сокини ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ба «Рӯзгор» муроҷиат карда, мегӯяд, ки вақте прокурори ин ноҳия барои ошкор сохтани қотилони писараш ҷиддӣ кор накардааст, ӯ маҷбур шудааст, ба прокурори генералӣ ва президент муроҷиат кунад. Номбурда афзудааст, ки фарзандаш Назаралӣ Абдулалиев 14-уми ноябри соли 2011 кушта шудааст ва дар қатли ӯ чор мансабдори ноҳияи Шӯрообод – Шоев Ислом, муовини раиси ноҳияи Шӯрообод, Саидҷаъфар Асроров, раиси ҳамонвақтаи ҷамоати деҳоти Саричашма, Ашӯр Мирзомад, сардухтури беморхонаи деҳаи Чагам ва Тоҷиддин Саидов, сардори ШКД-и Саричашмаро гумонбар медонад. Ӯ нақл мекунад, ки марги писараш дар наздикии дарёи «Панҷ»-и марзи Тоҷикистону Афғонистон, мавзеи Сурхалами Шӯрообод, ки бо чанд тан аз шиносҳояш ба он ҷо барои ҳезум овардан рафта буд, рух додааст: «Ҳамроҳони Назаралӣ нақл карданд, ки вақте ба мошин як куб ҳезумро бор карданд ва мехостанд аз он ҷо раванд, мошинашон дар чуқурие миёни сангҳои калон маҳкам мешавад. Болотар аз макони онҳо як мошини дигар буд, ки аз ӯ кӯмак мехоҳанд, вале соҳиби он мошин аз сабаби бори вазнин доштанаш кӯмак карда наметавонад. Писарам ба ҳамроҳонаш мегӯяд, ки шумо истед, ман рафта аз «застава» (дидбонгоҳ) ягон мошин меорам барои кашидани мошинамон. Бо ҳамин рафтанаш писарам дигар барнамегардад. Вақте Назаралӣ ба роҳ мебарояд, аз манораи дидбонгоҳ як марзбони тоҷик, ки ҳамон рӯз навбатдор буд, мебинад, ки дар назди писарам мошини тамғаи «Нива» меистад ва дохили он ҳамон чор нафар буданд, ки яке аз онҳо наздаш меояд. То ҳамин лаҳза писарамро мебинанд, баъди ин куҷо мешавад, касе намедонад».

Дар идомаи мақола оварда мешавад, ки баъди чор рӯзи нопадид шудани Назаралӣ Абдулалиев, ӯро аз Анқарари Афғонистон меёбанд.

- Ташхиси судӣ маълум кардааст, ки гӯё писарам худашро дар дарё партофтаасту нафасаш гирифта, мурдааст. Аммо зиёда аз 30 нафар шоҳидон, ки дар ташхиси судӣ буданд, иброз медоранд, ки зимни ташхис дар сару даҳону бинии Назаралӣ нишони зарбаҳо намоён буд. Судэкспертизаро худи сардори ШКД-и Сарчашма ташкил мекунад ва намегузоранд, ки мурдаро дар дигар ҷо бурда ташхис гузаронанд. Дар беморхонаи падараш ташхисро мегузаронад, ки ин амали ӯ бароямон шубҳаовар аст, - гуфтааст Сафармоҳ Раҷабова дар сӯҳбат бо хабарнигори «Рӯзгор».

Ҳолати дигари фишор атрофи қазияи марги Ҳамза Икромзоданиз расонаӣ шуд. Ҳафтаномаи «Чархи гардун» бо чопи хабаре таҳти унвони «Таҳдид ба шоҳиди марги Ҳамза Икромзода» (№26 (877), аз 26-уми июни соли 2013) иттилоъ дод, ки як маҳбуси зиндони рақами аввали шаҳри Душанбе Давлатёр Қурбонов таҳти фишор ва таҳдид қарор гирифтааст. Дар хабар аз суханони бародари маҳбуси фавтида Ҳамза Икромзода - Амиралӣ Икромов оварда шудааст, ки кормандони зиндон аз Давлатёр Қурбонов талаб кардаанд, то аз додани шоҳидӣ нисбати қазияи Ҳамза даст кашад. Ҳамзамон аз қавли вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров чунин оварда шудааст: «Аслан ҳеҷ ҷои пӯшида нест, ки дар зиндонҳои мо шиканҷа вуҷуд дорад. Давоми ин солҳо боре ҳам гурӯҳе аз маҳбусонро аз Душанбе ба Хуҷанд интиқол надода буданд. Аммо баъди марги Ҳамза Икромзода якбора маъмурияти зиндонҳои Душанбе харҷи зиёд карда, гурӯҳе аз маҳбусонро фиристод. Ин далели он аст, ки воқеан Ҳамза Икромзода дар пайи шиканҷа ба ҳалокат расидааст».

Аммо ин ягона тобиши нав дар мавриди шиканҷа нест. Моҳи гузашта ҳолати дигари барои наздикони як нафар ҷабрдида низ ғайриинтизор ба миён омад. Рӯзномаи «Азия-Плюс» бо чопи хабаре таҳти унвони «Вакили мудофеи Шерик Карамхудоев узр мепурсад…» (№46 (831), аз 20-уми июни соли 2013) навишт, ки вакили мудофеъ Файзи Олӣ аз сабаби «пинҳон дошта шудани баъзе далелҳо аз ҷониби зерҳимояаш», аз ҳимояи баъдии ӯ даст мекашад ва ҳамзамон, «аз хонандагон узр мепурсад».

Чун мавридҳои эътироз аз шиканҷа сари чанд вақт ба вуҷуд меоянд, зарурати омӯзиши вазъ ба мушоҳида мерасад. Дар ин замина, рӯзи 18-уми июн торнамои NoTorture.Тj хабаре таҳти унвони «Омодасозии адвокатҳо барои ҷабрдидагон аз шиканҷа» нашр кард, ки аз ҷумла чунин иттилоъро дар бар мегирад: «Дар ҷараёни кори як тренинги серӯза, ки ахири ҳафтаи гузашта ба итмом расид, воситаҳои беҳбуд бахшидан ба имконоти адвокатҳо оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва тафтиши пурсамари ин гуна далелҳо мутобиқи механизмҳои миллӣ ва байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуданд. Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷмъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон доир гардида, дар кори он 20 нафар адвокатҳои амалкунандаи шаҳри Душанбе, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат варзиданд. Ин чорабиниии маърифативу амалӣ дар чаҳорчӯби як силсила тренингҳо бо мақсади таъсиси гурӯҳи адвокатҳо дар рӯйхати ягона баргузор шуда, минбаъд онҳо дар парвандаҳои ҷиноятии марбут ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар тамоми манотиқи кишвар кӯмак хоҳанд кард».

Чӣ тавре ки қаблан гуфта гузаштем, яке аз мавзӯъҳои фарогири моҳи июн дар мавриди шиканҷа ташкили намоишгоҳи вижа бо номи «Нест бод шиканҷа!» буд. Ин чорабинӣ рӯзи 25-уми июн, дар арафаи Рӯзи байнулмилалии ҳифзи қурбониёни шиканҷа дар толори ҷаласоти маркази тиҷоратии «Вефа» баргузор гардида, ба он созмонҳое низ пайвастанд, ки шомили Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мебошанд.

Дар доираи ин иқдомот намоишгоҳи аксҳо доир гардид, ки дар он 9 саргузашти воқеӣ инъикоси худро ёфтанд. Асоси 6 саргузаштро парвандаҳои пурсарусадои Ҳамза Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов ташкил медиҳад, ки аснои боздошт ва ё дар маҳбас ба ҳалокат расиданд. Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагиву матонати хешовандони қурбониёне бахшида шуд, ки бар асари шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавтидаанд.

Дар ин чорабинӣ муаррифии китоби мустанади «Тақдирҳои шикаста, зиндагиҳои рабуда» («Сломанные судьбы, отнятые жизни») сурат пазируфт, ки дар бораи 8 қазияи воқеии қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон ҳикоят мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар мавриди чорабинии мазкур хабаргузориҳои «Озодагон», TojNews, «Азия-Плюс», «Озодӣ», NoTorture.Tj вадигар нашрияву расонаҳои дохиливу хориҷӣхабару мақолаҳои таҳлиливу гузоришҳои тасвирии зиёдеро пахшу нашр карданд. Рӯзномаи «ИмрӯзNews» аз рафти чорабинии «Нест бод шиканҷа!» гузориши муфассале бо номи «Ба Пан Ги Мун нома навиштам» ба табъ расонида, аз ҷумла навиштааст: «Чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон аксҳои ёдгории нафаронеро, ки аз шиканҷа ба ҳалокат расидаанд, намоиш доданд. Дар ин намоиш волидони онҳое, ки гуфта мешавад, аз шиканҷа ба ҳалокат расидаанд, ҳузур доштанд. Лӯъбат Бурҳонова, ки яке аз аввалин наттоқони телевизиони Тоҷикистон маҳсуб меёбад, аз сӯзу фироқи фарзанди дар маҳбас фавтидааш ба ин толор омада буд. Дилшодбек Муродови 46-сола, ки фарзанди вай буд, бо ҳукми суд барои нигаҳдории ғайриқонунии маводи нашъа айбдор дониста шуда, ба мӯҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум гардид ва моҳи августи соли 2009 дар маҳбас фавтид. Лӯъбат Бурҳонова нақл менамояд, ки ба ӯ як нафаре тамос гирифта, гуфтааст, ки писаратро сардори гурӯҳи тафтишотӣ Ҷамол Мухторов куштааст. Вале баъдтар ба ӯ гуфтанд, ки фарзандаш аз сактаи дил фавтид».

- Иззатулло Шарифов бошад, мактуб навишт, ки дар ҳоҷатхона афтида, аз бинияш хун ҷорӣ шуда, фавтид. Намедонам, ба кадомашон бовар намоем, дурӯғ мегӯянд. Фарзандам солим буд, ҳеҷ гуна беморӣ надошт, - изофа мекунад Лӯъбат Бурҳонова дар сӯҳбат бо хабарнигор.

Ин зан гуфтааст, ки барои шиканҷаи писараш ба Пан Ги Мун, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид низ нома навишта, вале ҷавобашро то ҳол нагирифтааст.

Ҳафтаномаи «Озодагон» таҳти унвони «Яке буд, яке набуд, аммо афсона не» (25 (285), аз 26-уми июни соли 2012) мақолаи таҳлилии худро ба чоп расонидаву матлабро чунин оғоз бахшид: «Шиканҷа. Чизе, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаст ва ҳам нест. Ҳомиёни ҳуқуқ ва пайвандони зиндониёни ҳалокшуда аз мавҷудияти шиканҷа нигаронӣ мекунанд, мақомот бошад, иддао дорад, ки он нест».

Дар мақолаи мазкур аз ҷумла гуфта мешавад, ки «25-уми июн дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти Тоҷикистон» ва мусоидати Созмони Amnesty International иқдоми «Нест бод шиканҷа!» баргузор шуд. Дар доираи он намоишгоҳи аксҳо сурат пазируфт, ки дар он 9 саргузашти воқеӣ манзур шуд. Асоси 6 саргузаштро парвандаҳои пурсарусадои Ҳамзаалӣ Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродов ташкил медод, ки зимни боздошт ё дар маҳбас ба ҳалокат расидаанд. Се саргузашти дигарро шарикони «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонунияти Тоҷикистон» аз Қирғизистону Қазоқистон ва Туркманистон ирсол доштаанд, ки қазияҳои мушобеҳро инъикос месозанд».

Муаллиф дар ин мақолаи худ ҳамзамон аз маҳбуси ахиран озодшуда - Сироҷиддин Абдураҳмонов ёдовар шуда, гуфтааст: «Охирин нафаре, ки мавҷудияти шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистонро комилан рад кард, Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин буд. Ӯ, ки моҳи январи соли 2010 барои пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи Салафия барои 7 сол равонаи зиндон шуда, тибқи қонуни авф баъди чор сол, субҳи 24-уми июни соли 2013 аз боздошт раҳо гардид, сару садоҳо дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳоро беасос хонд: «Ман бо чашмонам чор сол дидам. Надидам, ки касеро зада, дасту пояшро шикаста бошанд. Ин гапҳо ҳама сафсатаанд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки хабаргузории Бииӣ рӯзи 24-уми июн тавассути гузорише таҳти унвони «Озодии яке аз муттаҳамон ба пайравии ҷараёни мамнӯъи Салафия аз зиндон» аз озод шудани Сироҷиддин Абдураҳмонов хабар дода буд.

NoTorture.Tj