Супориши Раҳимзода ва нороҳатии вазири мудофиа

Супориши Раҳимзода ва нороҳатии вазири мудофиа

Дар моҳи сентябри соли 2015 низ чун як моҳи қабл аз он, яъне август, сарусадо атрофи ҳаёти сарбозони тоҷик вуҷуд дошт буд, аммо қазияи дигаре ин ҳангомаҳоро пахш кард.

Торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 1-уми сентябр гузориши муфассале таҳти унвони «Дастури Раҳимзода барои таҳқиқи латукӯби Умар Бобоҷонов»  пахш карда, навишт, ки «хонаводаи Умар Бобоҷонов аз боздошти ду маъмури пулиси Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат хабар доданд. Аммо мақомоти расмӣ то ҳол ин иттилоъро таъйид накардаанд».

Бояд гуфт, ки сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат Умар Бобоҷонов, ба иддаои наздиконаш, гӯё аз сӯи маъмурони пулис барои ришаш латукӯб шудааст. - Рӯзи 1-уми сентябр даҳҳо сокини Ваҳдат, ки дар назди бемористони марказии ин шаҳр бо тақозои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони латукӯби Умар Бобоҷонов таҷаммуъ карда буданд, пароканда шуданд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 1-уми сентябр гуфт, ки бо супориши қатъии Раҳимзода ин ҳодиса мавриди санҷиши хизматӣ қарор дорад ва афроди гунаҳкор муайян ва ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд,- навиштааст торнамо.

Худи ҳамон рӯз, 1-уми сентябри соли 2015 хабаргузории «Озодагон» низ матлабе дар ин маврид бо номи «Хабари боздошти 4 нафар ва тақозои падари Умар барои муҷозоти муҷримон»  пахш кард.

- Дар робита ба қазияи латукӯби Умар Бобоҷонов, як донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Ваҳдат чор корманди пулис боздошт шудаанд. Дар ин бора Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари ин донишҷӯ иттилоъ дода, афзуд, ки хабари боздошти онҳоро имрӯз ба вай расонидаанд. Талоши хабарнигори мо барои суҳбат бо масъулини Шуъбаи корҳои дохилии Ваҳдат дар ин робита то ин соат бенатиҷа буд. Хабари боздошти кормандони пулис дар ҳолест, ки рӯзи якуми сентябр Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон хостори таҳқиқи ин қазия шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, бо супориши генерал-лейтенанти милиса гуруҳи оперативӣ-тафтишотӣ таҳти роҳбарии муовини вазир таъсис шуда, ҳодисаи мазкур мавриди санҷиш қарор дорад,- навишт ин хабаргузорӣ.

Торнамои Ruzgor.tj бошад, санаи 4-уми сентябр бо истинод ба торнамои Радиои «Озодӣ» гузориши муфассале таҳти унвони «Чаро Умар ба кома афтод? Фарзияи полис»  пахш карда, дар оғоз навишт: «Мақомоти умури дохилаи шаҳри Ваҳдат мегӯянд, Умар Бобоҷонов на дар натиҷаи латукӯби афсарони милиса, балки худаш ба ҷӯйбор афтида, ҷароҳат бардоштааст».

- Дар ҳоле, ки хонаводаи Умар Бобоҷонов, сокини ноҳияи Ваҳдат мегӯяд, ки пулис писари онҳоро ба хотири риш доштанаш латукӯб кардааст, кормандони пулис мегӯянд, ин ҷавон маст буд ва дар ҳоле, ки мехост фирор кунад, ба ҷӯйбори бетонӣ сарозер шуд,- изофа кардааст торнамо.

Ин расона ҳамзамон назари лейтенант Саидмӯъмин Боевро, ки ҳамчун нозири минтақавӣ фаъолият мекунад, ба хонанда пешкаш кардааст. Мавсуф дар мавриди ҳодиса фарзияи худро нақл карда, гуфтааст, ки ҳамроҳ бо ду тан аз ҳамкоронаш барои хӯроки шом ба маркази тиҷоратии “Гулистон” мерафтанд, ки шоҳиди садоҳои баланд ва ҳақорати гуруҳе аз ҷавонон шуданд.

- Овози ҷанҷол буд дар назди нуқтаи фурӯши маҳсулоти спиртӣ. Он ҷо 4 ҷавонро дидем, ки дағалона ва баланд-баланд суҳбат мекарданд. Худро корманди милиса муаррифӣ кардем, вале онҳо дағалгуфтории худро бас намекарданд. Якеаш бо ман дастбагиребон шуд ва ҳатто куртаамро дарронд. Аз рӯи қонун хостем шахсияташонро маълум кунем ва як мошини роҳгузарро манъ карда, бо яке дигар аз ҳамкорон Умар Бобоҷоновро, ки он замон шахсияташ ба мо маълум набуд, ба мошин савор кардем. Ӯ хеле маст буд. Ҳангоми аз мошин фаромадан мехост фирор кунад, ки пуштнокӣ даруни ҷӯйбори бетонӣ афтод,- гуфтааст лейтенант Боев.

Тавре ин корманди пулис афзудааст, Умар Бобоҷоновро, ки ҳаракат карда наметавонист, вориди шуъба карда ва пас аз маълум намудани шахсияташ, ӯро фавран ба бемористон бурдаанд.

Аммо санаи 5-уми сентябр хабаргузории TojNews хабаре бо номи «Умар Бобоҷонов аз ҳаёт чашм пӯшид»  пахш кардаву аз ҷумла чунин иттилоъ дод: «Умар Бобоҷонов, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, ки ба гуфтаи наздиконаш, аз ҷониби кормандони милиса латукӯб шуда буд, дар бемористон аз олам даргузашт. Абдулло Бобоҷонов, бародари Умар Бобоҷонов гуфт, ки ӯ соати 22-и шаби 4-уми сентябр дар бемористони шаҳри Ваҳдат баъди як ҳафтаи беҳушӣ фавтид».

Торнамои Радиои «Озодӣ» ҳам санаи 5-уми сентябр гузорише таҳти унвони «Умар Бобоҷонов баъди як ҳафтаи беҳушӣ даргузашт» пахш карда, навишт: «Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия ва сокини 23-солаи Ваҳдат баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ дар бемористони марказии ин шаҳр даргузаштааст. Абдулло Бобоҷонов, бародари Умар гуфт, ки ҷасади ӯ пеш аз намози пешини рӯзи шанбе ба хок супурда шудааст. Хонаводаи Умар Бобоҷонов иддао доранд, ки ӯ шаби 28-уми августи соли ҷорӣ дар пайи латукӯби маъмурони пулис дар ҳоли беҳушӣ ба бемористон интиқол ёфта, бо ҳамин ба худ намодааст. Ӯ тайи як ҳафтаи охир тариқи дастгоҳ нафаси сунъӣ мегирифт».

Ҳафтаномаи «Чархи гардун» низ бо истинод ба хабаргузории «Озодагон» бо чопи як матлаб таҳти унвони «Даргузашти Умар Бобоҷонов, донишҷӯи «латукӯбшуда барои риш»» (№37 (993), аз 9-уми сентябр) дар ин бора хабар дод.

Умар Бобоҷонов, ки ба гуфтаи волидонаш, донишҷӯи соли сеюми як Донишгоҳи Санкт-Петербург аст, барои таътили тобистона ба зодгоҳаш - шаҳри Ваҳдат омада будааст. ​

Тавре дар боло ишора шуд, дар моҳи сентябри соли ҷорӣ расонаҳои ватанӣ ба инъикоси масоили ҳаёти сарбозон низ рӯ оварданд. Хабаргузории «Озодагон» санаи 3-юми сентябр бо пахши матлабе таҳти унвони «Оғози мурофиаи додгоҳии марбут ба марги сарбози 22-сола»  иттилоъ дод, ки «Додгоҳи ҳарбии вилояти Суғд фардо, 4-уми сентябр ба баррасии мурофиаи марбут ба марги сарбоз Фирдавс Раҳматов шуруъ мекунад». Дар ин бора ба хабаргузории мазкур аз Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хабар додаанд.

- Ба қавли наздиконаш, Фирдавс Раҳматов, сокини 22-солаи маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр рӯзи 7-уми майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шуда, масъулини қисми низомӣ шоми 7 ба 8-уми июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади ӯро ба манзилаш овардаанд. Сабаби маргашро онҳо “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд. Аммо Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10-уми июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латукӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ кард, Фирдавс бар асари латукӯби шадид ҷон додааст: “Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латукӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”. Дар пасманзари ин ҳама масъулини Додситони низомии вилояти Суғд бо баргузории як нишасти хабарии вижа гуфтанд, ки “тибқи натиҷаҳои санҷиш, роҳи нафаси Раҳматов дар натиҷаи латукӯб гирифта шуда, давоми 10 дақиқа дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”. Рӯзи 22-юми июн масъулини Вазорати дифои Тоҷикистон аз барканории се мақоми баландпояи қисми ҳарбии 04080-и худ дар шаҳри Конибодом, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ дар он ҷасади Фирдавс Раҳматов ба хона оварда шуд, хабар дода буданд. Он замон аз дафтари матбуоти Вазорати дифои кишвар ба “Озодагон” хабар доданд, ки фармондеҳони полк, баталион ва ротаи қисми ҳарбии 04080 ба хотири бетаваҷҷуҳӣ аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Аммо манбаъ аз бурдани ному насаби онҳо худдорӣ кард,- менависад хабаргузорӣ.

Торнамои Радиои «Озодӣ» бошад, санаи 16-уми сентябр матлаби таҳлилиеро бо номи «Муҳокимаи парвандаи ҳалокати Фирдавс Раҳматов дар артиш»  пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд муҳокимаи парвандаи марги сарбози 22-сола Фирдавс Раҳматовро идома дод, ки аввали моҳи майи соли равон ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд ва баъди як моҳ ҷасади ӯро ба Хуҷанд фиристоданд».

Ба навиштаи торнамои мазкур, аз хонаводаи Фирдавс Раҳматов дар ин қазия ду вакили дифои созмони ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳвандӣ” - Дилафрӯз Самадова ва Дилшод Ҷӯраев ҳимоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, 6 сарбози дигари қисми ҳарбии Фирдавс Раҳматов, ки низ аз ҷониби кӯҳнасарбозон латукӯб шудаанд, ҳоло ба ҳайси ҷабридида дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок доранд. Ҳамчунин, дар ҷараёни таҳқиқи парванда додситонии ҳарбӣ 3 афсари қисми низомии 04080, воқеъ дар ноҳияи Конибодомро, ки Фирдавс Раҳматов дар он хидмат мекард, дар робита ба марги ин наваскар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст. Ин афрод сардорони бахшҳои низомӣ - Раҷаб Маҳмадов, Обидҷон Ҳомидов ва Ҳабибулло Ҳакимов буда, ба “хунукназарӣ” айбдор шудаанд.

- Дар ду соли ахир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аскарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчи мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримоноро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карданд ва суҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё «дедовщина» кори сахт аст,- хулоса кардааст торнамо.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аллакай аввалҳои моҳи сентябр вазири мудофиа Шералӣ Мирзо аз падидаҳои номатлуб дар қисмҳои низомӣ изҳори ташвиш карда буд. Дар ин маврид торнамои Pressa.tj хабаре бо номи «Вазир аз «дедовщина» сахт нороҳат аст»  пахш карда, чунин иттилоъ дод: «Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои низомии кишвар сари масоили марбут ба «дедовщина» ё ба қавле “меҳтарсолорӣ”, даст ба ҷиноят задани бархе аз сарбозон ва худсарона тарк намудани қисмҳои низомӣ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар артиш ба «дедовщина» ҷой нест. Дар ин нишаст, ки рӯзи 3-юми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, вазири дифоъ ба таваҷҷуҳи бештар ба масоили омодабошии ҷангӣ, таъминот бо маводи озуқа, сарулибосу пойафзол, доруворӣ ва дигар шароитҳои хизматӣ ҳам таъкид намуд».

Дигар аз қазияҳои пурсарусадо, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ низ инъикос ёфт, ҳодисаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода буд. Торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 25-уми сентябр дар ин бора матлабе таҳти унвони «Оё ба волидайни Икромзода $10 млн зарар пардохта мешавад?»  пахш карда, хабар дод: «Дар пайи эътирози Додгоҳии Олии Тоҷикистон, даъвои волидайни Ҳамза Икромзода, ки тобистони соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расида буд, аз сари нав баррасӣ мешавад. Қарор аст, баррасии қазияи Ҳамза Икромзода, сокини ноҳияи Ҳисор 2-юми октябр дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо раёсати Ҳотамшо Раҷабов, додраси ин додгоҳ доир шавад».

Файзалӣ Икромзода, падари Ҳамза Икромзода, аз тасмими Раёсати Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ки моҳи августи соли ҷорӣ содир шудааст, истиқбол карда, гуфтааст, ки “ҳарчанд Додгоҳи Олии Тоҷикистон қариб ду сол баъд ба ҳалномаи Додгоҳи Исмоили Сомонӣ расидагӣ кард, аммо он мунсифона ва одилона аст. Иқдоми Додгоҳи Олии Тоҷикистон ба маънии ҳанӯз ҳам вуҷуд доштани волоияти қонун ва адолати судӣ мебошад”.

- Зимнан, Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, рӯзи 20-юми сентябри соли 2012 дар маҳбаси шумораи аввали пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони ӯ мегӯянд, дар бадани вай из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешуд. Аммо мақомот ин ҳодисаро рад намуда, онро худкушӣ арзёбӣ карданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон дастикам 6 нафар, бо шумули Ҳамза Икромзода, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев ва Умедҷон Тоҷиев дар пайи боздошт ва ё дар зиндон бар асари шиканҷа ба ҳалокат расидаанд. Аз ин миён то имрӯз танҳо пайвандони Исмоил Бачаҷонов тавонистаанд аз идораи зиндонҳои Вазорати адлия 30 000 сомонӣ, пайвандони Сафаралӣ Сангов аз Вазорати корҳои дохилӣ 46 000 ва модари Баҳромиддин Шодиев аз пулиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе 14 000 сомонӣ товон рӯёнанд,- навиштааст ин торнамо.

NoTortureTj