Талошҳои зидди шиканҷа дар кишвар

Талошҳои зидди шиканҷа дар кишвар

Соли 2012 дар таърихи Тоҷикистон соли ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои шиканҷа буд. Дар ин сол калимаи «шиканҷа» борҳо дар минбарҳои СММ, нишастҳои масъулини кишвар ва воситаҳои ахбори омма садо дод. Интизор мерафт, ки баъди зиёд таваҷҷӯҳ шудан ба ин масъала, то охири соли 2012 вазъият беҳбудӣ меёбад, аммо тавре аз иттилооти ВАО бармеояд, дар моҳи охири сол - декабр низ сарусадо атрофи шиканҷа кам набуд.

Мутаассифона, ҳолатҳое ҳам идома доранд, ки воситаҳои ахбори омма дар бораи шиканҷа шудани ноболиғон матолиб пахшу нашр мекунанд. Рӯзи 3-юми декабри соли 2012 радиои «Озодӣ» гузоришеро таҳти унвони «Пажӯҳиш: «Кӯдакон ҳам аз шиканҷа эмин нестанд» пахш кард. Дар гузориш гуфта мешавад, ки «тибқи як пажӯҳиш, дар Тоҷикистон наздики 40 нафар кӯдакони муттаҳам ба қонуншиканӣ мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор гирифтаанд». Муаллиф бо изҳори таассуф менигорад: «Гулчеҳраи 17-сола танҳо барои он, ки дубора ба дасти кормандони милиса наафтад, худкушӣ кард. Бо расидани даъватномаи шӯъбаи корҳои дохилӣ, ӯ сирко нӯшид, то бимирад, аммо бо одамоне, ки ӯро бераҳмона заданд ва батакрор таҳдиди таҷовуз ба номусаш карданд, рӯ ба рӯ нагардад. Додситонии шаҳри Душанбе мегӯяд, қазияро таҳқиқ мекунад, аммо бисёриҳо бар инанд, ки масъулони ҳодиса бо ҷазои сабук раҳо хоҳанд шуд. Модари Гулчеҳра мегӯяд, ки духтараш аз даъвати такрорӣ барои бозпурсӣ сахт дар ҳарос буд. Сониян, ин саргузаштро Гулчеҳра ҳамроҳ бо як дугонааш паси сар кардааст, ки милисаҳо ҳардуро бо иттиҳоми дуздӣ боздошт карда буданд».

Ба иттилои расонаи номбурда, қазияи Гулчеҳра яке аз мисолҳоест, ки дар пажӯҳиши ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» дар робита ба «шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо кӯдакон дар лаҳзаҳои боздошту бозпурсӣ ва нигаҳдорӣ дар муассисаҳои интизомии Тоҷикистон» номбар шудааст. Раҳбари ин созмон ​​Тоҷиддин Ҷалолов дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки «дар пажӯҳиши мазкур ҳудуди 40 нафар ноболиғи аз 10 то 18-сола ширкат доштанд. Масалан яке аз ин ноболиғони 17-сола мегӯяд, ки вақте ӯро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ворид карданд, 5 нафар пулис ӯро пурсиш намуданд. Дар ин миён на ҳимоятгар ва на волидайни ӯ ширкат надоштанд. Пурсиш аз соати 11-и шаб то саҳар идома ёфт ва ҳар соат танҳо чанд дақиқа барои истироҳат дода мешуд. Чунин ҳолатҳо бениҳоят зиёданд. Мутаассифона, имрӯз нисбати ноболиғон азобу шиканҷа раво дида мешавад. Ин кӯдакон, ки ду нафарашон духтар буданд, зери шиканҷа ба ҷурмҳое иқрор шудаанд. Ҳамчунин, се ноболиғи аз 15 то 17-сола дар яке аз шӯъбаҳои корҳои дохилии пойтахт мавриди латкӯб қарор гирифта, аз соати 5-и бегоҳ то 3-и субҳ, то замоне, ки гуноҳро ба гардан нагирифтаанд, бозпурсӣ шудаанд».

Аммо аз пахши ин матлаб муддате гузашту 25-уми декабри соли 2012 Оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» гузоришеро бо номи «Шикояти волидайни маҳбусони ноболиғ аз шиканҷа» пахш кард, ки он 27-уми декабри соли 2012 дар рӯзномаи «Азия-плюс» ба табъ расид. Ба иттилои оҷонсӣ ва рӯзномаи номбурда, «падару модари маҳбусони ноболиғе, ки дар муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон қарор доранд, аз истифодаи шиканҷа нисбати фарзандонашон аз ҷониби кормандони муассиса шикоят оварданд. Ба қавли онҳо, ин ҳодисаҳо баъди сардори нави муассиса таъин шудани Исмат Қурбонов оғоз гардидаанд».

- Фарзандони мо мегӯянд, ки баъди таъин шудани сардори нав, нисбати онҳо амалҳои шиканҷаву таҳқир, латукӯб, ҷазоҳои гуногун, аз қабили дар бар кардани сарулибос дар ҳавои сард, хушк кардани саҳни ҳавлии муассиса бо латта, манъи зиёд овардани маводи ғизоӣ ва ба дигарон надодани он ва дигар кирдорҳои бераҳмона зиёд шудаанд,- гуфтаанд волидайни маҳбусони ноболиғ ба намояндаи Омбудсмен ва хоҳиш кардаанд, ки дар муассиса санҷишу ташхиси тиббии маҳбусон гузаронида шуда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд. Намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи иносн ба онҳо ваъда додааст, ки тамоми далелҳои дар муроҷиаташон зикргардида мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт.

Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон нафарони аз синни ноболиғӣ гузашта, хусусан сарбозон низ дар мавриди истифодаи пурраи ҳуқуқҳояшон мушкил доранд. Аммо ягона созмони муассири ҳимоятгари ҳуқуқи онҳо - «Ампаро» худ чанд вақт боз бо мақомоти судии кишвар «дастбагиребон» аст. Ин масъала ҳам аз назари ВАО дур намонда, Оҷонсии иттилоотии TojNews 18-уми декабри соли 2012 таҳти унвони «Самадова: Ин мурофиаи судӣ ба нафъи мо ҳал мешавад» хабар пахш кард.

- Додгоҳи шаҳри Хуҷанд охири моҳи октябри соли равон фаъолияти Созмони ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро»-ро мутаваққиф сохт. Баҳонаҳое, ки муҷиби ин амр шудааст, аслан ночизанд ва ҳатто бидуни асос ва далелҳои мӯътамаду пайгириҳои ғайрикасбӣ,- навишт ин оҷонсӣ ва ҳамзамон суханони намояндаи Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Нuman Rights Watch) дар Аврупову Осиёи Марказӣ Ҳю Уилямсонро оид ба иқдоми суд иқтибос овард, ки аз ҷумла чунин гуфтааст: «Ин ҳукм даҳони кормандони созмонро дар масъалаҳои муҳиме, назири шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи даъватшавандагон баст. Ин қадаме ба ақиб дар масъалаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст».

Ин хабари оҷонсӣ андешаи раҳбари созмони «Ампаро» Дилрабо Самадоваро ҳам дар бар гирифтааст, аммо иловатан, дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» (№39(315), 19-уми декабри соли 2012) дар ҳамин маврид мақолаи таҳлилие таҳти унвони «Ампаро: Ҷанги пашша бо фил идома дорад» ба табъ расид. «Акнун бояд иқрор ҳам шуд, ки баррасии «Ампаро» касбӣ сурат нагирифт, балки ин «Ампаро» аст, ки аз мазлумияти худ дар ҷомеаи Тоҷикистон оламиёнро ово кард. Ва бовар кунед, ин олам ҳар чӣ ҳам бошад, садои мазлумонро мешунавад. Ин моем, ки садҳо маҳбусамонро латукӯбу ба худкушиҳо водор месозанд, вале бо чашмони пӯшида такзиб мекунем, ки «шиканҷа ҳаст, вале кам». Аммо ин «кам» ҳамарӯза эътирозҳоро афзун мекунад, вале мо боз намебинем, зеро ҳар қадар зиёд бошад, дар чашми додситонҳои мо «кам» менамояд. Агар додситон инро набинад, пас кӣ бубинад? Яқинан, «Ампаро» ба фаъолияти худ идома хоҳад дод, чун додгоҳ ҳам ногузир аст дар қарори худ таҷдиди назар кунад. Дар охирин сӯҳбате, ки бо раиси ин созмон Дилрабо Самадова доштам, эҳсос кардам, ки ба пирӯзии созмонаш дар мурофиаи такрорӣ тибқи аризаи кассатсионӣ сахт бовар дорад, ки гуфт: «Албатта, мо умедворем, ки ин бор ба манфиати мо ҳал мешавад. Адолатона, дар асоси қонун, на танҳо бо дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ»,- менависад муаллиф.

Ин ишораи муаллиф ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода аст, ки чанде пеш вуҷуд доштани шиканҷаи андакеро дар Тоҷикистон эътироф карда ва аммо гуфта буд: «Мақомот тамоми роҳҳои қонунии мубориза бо ин падидаро истифода мебаранд».

Вале, таври маълум, баъдан волидони маҳбусони маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе, ки ба маҳбасхонаи №23-и шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта буданд, ба нишони эътироз ва далели шиканҷа дидани фарзандонашон дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Худи ҳамон рӯз, яъне 15-уми декабри соли 2012 хабаргузории «Озодагон» пайи ҳам ду хабар бо номҳои «Эътирози волидайни маҳбусин дар назди бинои Прокуратураи генералӣ» ва «Ш. Салимзода ба модари маҳбус: Дар газета гап задед, шарм надоштед…» пахш кард.

Тибқи иттилои Момагул Холмуродова, модари маҳбус Умед Холмуродов ба хабаргузории «Озодагон», прокурори генералӣ ба онҳо иброз намудааст, ки «шумо шуру шанг бардоштед, фикр кардед, ки СММ (ООН) ёрдаматон мекунад, хабарнигорони газетаҳо шуморо ёрдам мекунанд… Дар газета гап задед, шарм надоштед. Мо одам мондем, рафта тафтиш карданд, ҳамаи гуфтаҳои шумо дурӯғ аст».

Дар ҳамин замина, ҳафтаномаи «Озодагон» гузориши муфассалеро таҳти унвони «Шиканҷа дар зиндонҳо: Аз дурӯғ то ҳақиқат» (№50(259), 19-уми декабри соли 2012) ба табъ мерасонад, ки сабаби аслии интиқоли маҳбусонро аз Душанбе ба Хуҷанд «ба хотири шоҳидӣ надодани маҳбусон дар бораи марги мармузи собиқ маҳбус, марҳум Ҳамза Икромзода» бозгӯ мекунад. Эътирозгарон сабаби шиканҷа дидани маҳбусонро маҳз ба ҳамин омил рабт медиҳанд. Гулбаҳор ном завҷаи як маҳбус, ки аз аёдати шавҳараш аз шаҳри Хуҷанд баргашта ва назди Прокуратураи генералӣ ҳозир шудааст, ба «Озодагон» мегӯяд: «Аҳволи шавҳарамро дида, дигар худамро дошта натавонистам. Тамоми баданаш сиёҳу кабуд аст. Дастҳояш сӯзондагӣ, даруни чашмҳояш сурх шудагӣ аст. Аз дарди асаб дастонаш меларзанд. Шавҳарам мегӯяд, ки бе ҳеҷ гуноҳ моро оварда рост монданду дарҳоро баста, 100 нафар кормандони маҳбасхона бо дубинка баромада латукӯб карданд. Ҷои гурез нест, илоҷ надоштем, сахт заданд».

Тибқи иттилои падари як маҳбуси дигар аз маҳбасхонаи №23-и шаҳри Хуҷанд ба «Озодагон», баъд аз дидани наворҳое, ки тариқи интернет ва бархе расонаҳо пахш шуда ва дар он навор писари ӯ низ захмҳои баданашро нишон медиҳад, худашро дошта натавониста, ба назди прокурор омадааст.

Бояд зикр кард, ки дар ҳамин шумораи ҳафтанома мақолаи дигар бо номи «Ҳафт соли «зиндонбони рақами 1»» нашр шуда, раиси ҲУСДТ Раҳматилло Зойиров бар иловаи андешаҳои худ оид ба сабтҳо низ қайд карда гузаштааст. «Ман намегӯям, ки солҳои қаблӣ шиканҷа дар маҳбасҳои кишвар тамоман набуд, албатта мавҷуд буд, аммо хеле соддатар. Вале тайи 4-5 соли охир он ба таври ваҳшиёна дар Тоҷикистон реша давондааст. Ман ҳамчун ҳуқуқшинос бо тамоми аксҳои Ҳамза Икромзода аз наздик шинос шуда будам ва ба ҷавоби масъулини маҳбасҳои Тоҷикистон, ки гуфтаанд гӯё худаш вафот кардааст, ҳеҷ бовар намекунам. Ин як чизи ғайриимкон аст. Аҷиб аст, ки ҳоло масъулини РКИ ҳатто ҷавоб ҳам ба ҳамаи ин қазияҳо пайдо мекунанд, ки ин як даҳшат аст ва оқибати хуб надорад. Маҳбасҳои кишварро имрӯз ба бизнес мубаддал кардаанд. Касе пул дод, раҳо шуд. Далел видеои маҳбусоне, ки ба Хуҷанд интиқол дода шудаанд»,- гуфтааст ӯ.

Лозим ба ёдоварист, ки Р. Зойиров ҳамзамон дар бораи баррасии мунсифонаи вазъи маҳбусони шаҳри Хуҷанд пешниҳоде ҳам дошт. 20-уми декабри соли 2012 Оҷонсии иттилоотии TojNews хабареро бо номи «Раҳматилло Зойиров: Асли шиканҷа бояд тасдиқ шавад» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон аз Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар дархости таъсиси Комиссия оид ба вазъи маҳбусони маҳбаси рақами 23-и шаҳри Хуҷанд кардааст».

Раҳматилло Зойиров гуфтааст, ки ҳадаф аз таъсиси комиссияи вижа тасдиқи асли масъалаи шиканҷа дар маҳбасхонаи шаҳри Хуҷанд мебошад, ки маҳбусон ба васоити ахбори омма пешниҳод кардаанд.

- Мо аз роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хоҳиш кардем, то якҷоя аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон комиссияи вижае таъсис ёбад ва аз наздик аз ҳаёти маҳбусон дидан кунем,- гуфтааст ӯ ба TojNews.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Оҷонсии иттилоотии «Азия-плюс» бо пахши хабари «Падари маҳбус: Маро ба ҷавобгарӣ кашиданианд» менависад: «Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳбусони аз Душанбе ба муассисаи ислоҳии Хуҷанд фиристодашуда ба ОИ «Азия-плюс» иттилоъ дод, ки ӯро ба прокуратура даъват карда, таҳдид кардаанд, ки барои баёноти бардурӯғ нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд».

Бояд зикр намуд, ки М. Ризоев чандин маротиба ба ВАО перомуни истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона нисбати маҳбусони интиқолшуда, аз ҷумла писари худаш маълумот дода буд. Ба андешаи вай, интиқоли маҳбусон танҳо ба хотири шоҳид будани ду нафар ба марги Ҳамза Икромзода сурат гирифта, онҳоро дуртар аз пойтахт, дар муассисаи ислоҳии Хуҷанд ҷазо доданӣ шудаанд.

Аммо прокурори назорати иҷрои қонун дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ Толиб Азимов дар робита ба ин масъала ба ОИ «Азия-плюс» изҳор доштааст, ки М. Ризоев ба прокуратура барои пешниҳоди далел даъват шуда буд.

Тавре аз хабарҳои расонаҳо бармеояд, мавзӯи шиканҷа дар моҳи ноябри соли 2012 ба таври густурда баҳсу баррасӣ гардидааст. Вале нуктаи аз ҳама ҷолиб ва ғайриинтизор вокуниши раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода буд, ки зуд дар сархати ахбори ВАО-и дохилӣ қарор гирифт. Ҳафтаномаи «Самак» (№52(60), 24-уми декабри соли 2012) бо такя ба радиои «Озодӣ» хабаре таҳти унвони «Абдулқодирзода: Дар маҳбасҳо шиканҷа нест» ба табъ расонида, суханҳои ӯро иқтибос овард: «Он хабарҳое аз тарафи расонаҳо дар бораи шиканҷа ва зӯроварӣ дар маҳбасҳо пахш мешаванд, нодуруст ва иғвогарии худи расонаҳост, ки бо ин мехоҳанд ҷомеаро ноором кунанд».

Чунин «айббандӣ»-ро ба расонаҳо ва рӯзноманигорон ҳатто аз андешаи маҳбус Ёқуб Салимов хондан мумкин аст. Номбурда дар як сӯҳбат, ки ҳафтаномаи «СССР» (№49(222), 6-уми декабри соли 2012) онро ба табъ расонидааст, дар посух ба суолҳои Парвин Ализода мегӯяд: «… Аз рӯи инсофу виҷдон иқрор мекунаму исрор, ки кадом як озору шиканҷа, озору фишор то ҳанӯз дар баробари худ эҳсос накардаам. Ман ростӣ, ҳатто надидаам, ки кормандони зиндон нисбати дигаре низ ранҷу озорро раво дида бошанд… Медонам, дар ангезаи ҳарчи зиёдтар ба фурӯш рафтани рӯзномаҳо баъзан ба ҳангомахоҳию моҷароҷӯӣ ва дурӯғофарӣ рӯй меоранд…».

Аммо сарфи назар аз ин ҳама, рӯзноманигор Зафари Сӯфӣ бо номи «Дурӯғ» ва зерсарлавҳаи «Вақте муфтиву мулло дурӯғ мегӯянд…» мақолаи таҳлилии фарогире иншо кардаву дар ҳафтаномаи «Озодагон» (№51(260), 26-уми декабри соли 2012) ба нашр расондааст, ки нуктаи асосии марбут ба мавзӯяшро инҷо иқтибос меорем: «… Мехоҳам як ишораи Абдуқодирзода ном муллоеро ёдрас шавам, ки бидуни ҳеҷ масъулият расонаҳои кишварро иғвогар хондааст. Ин нафар шояд аслан надонад, ки дар Тоҷикистон чи расонаҳо вуҷуд дорад ва бовари комил дорам, ки матолиби расонаҳо дар мавриди шиканҷа шудан ё нашудани маҳбусон дар маҳбасҳои кишварро нахондааст. Гузашта аз ин, аз Худо шарм надоштаву дигаронро тӯҳмат задааст. Шояд дар асл мабдаи парастиши ин нафар на холиқи якто, балки мавҷуди заминист. Зеро касе Худоро мепарастад ва боз масъулияте инчунинӣ (муфтӣ будан!) бар дӯшаш ҳаст, ба ҳеҷ ваҷҳ ноҳақ ҳеҷ бандаи Худоро тӯҳмат намезанад. Охир расонаҳо барои чӣ иғво кунанд? Агар шиканҷа дар зиндонҳо вуҷуд надошта бошад, чаро расонаҳо онро вуҷуддошта бихонанд? Аз ин амал чӣ манфиате барояшон мерасад? Ҳар кадом аз рӯзноманигорону масъулони расонаҳои кишвар аз Абдуқодирзодаву зиндонбонҳо ватанашро садҳо баробар бештар дӯст медорад…». 

NoTorture.Tj