Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар хона-интернат барои шахсони гирифтори мушкилоти руҳии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд муайян карда нашуд. Баъзан вақт миёни худи мизоҷон зиддият ба вуҷуд меояд ва онҳо метавонанд якдигарро таҳқири лафзӣ кунанд.
Дар ин бора гуруҳи мониторингӣ аз ҳисоби кормандони дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки 23-24-уми феврал дар хона-интернат барои шахсони гирифтори мушкилоти руҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов мониторинг гузаронид, иттилоъ медиҳад.
Ба гуруҳ дастрасӣ ба муассиса таъмин карда шуд. Дар рафти мониторинг гуруҳро директори муассиса, муовини ў, роҳбари шуъбаи мардона, инчунин муовини директор оид ба қисми хоҷагидорӣ роҳбаладӣ карданд. Ҳангоми гузаронидани суҳбат бо мизоҷон кормандони муассиса иштирок надоштанд.
Бинои шуъбаи руҳӣ соли 1956 сохта шуда, охирин таъмири косметикӣ моҳи октябри соли 2017 анҷом дода шудааст. Айни замон дар шуъбаи кўдакона таъмир рафта истодааст. Муассиса бо 16 камераи наззораи видеоӣ муҷаҳҳаз аст, ки тамоми ҳудудҳои онро фаро мегиранд.
Муассиса барои 325 мизоҷ пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми мониторинг дар он 286 нафар мизоҷон қарор доштанд, ки 167 нафари онҳо мардҳо ва 119 нафари дигарашон занҳоянд. Барои беморони бистарӣ шуъбаи кўдакона ва шуъбаи солмандон вуҷуд дорад.
Давомнокии ҳузури мизоҷон гуногун аст: аз як моҳ то 20 сол. Ҳамаи мизоҷон дар муассиса ихтиёрӣ ҷойгир карда шудаанд.
Ба иттилои сардухтур, дар соли 2017 дар муассиса 5 ҳолати вафот бо сабаби беморӣ вуҷуд дошта ва як ҳолати дигар бо сабаби беморӣ дар соли 2018 ба қайд гирифта шудааст.
Тавре кормандони МР зикр карданд, дар муассиса мизоҷоне ҳам нигоҳ дошта мешаванд, ки табобат шудаанд ва зарурати истоданашон дар муассиса нест, аммо хешовандонашон намехоҳанд онҳоро ба хона бубаранд.
Кормандон қайд намуданд, ки онҳо барои расонидани кўмак ба шахсони дорои маълулият ба донишу таҷрибаҳо ниёз доранд. Инчунин, яке аз кормандон зикр намуд, ки барои мизоҷони бемории вазнин дошта ба муассиса руҳшиноси махсус лозим аст. Ба гуфтаи кормандон, дар ҷумҳурӣ чунин мутахассисон каманд.
Аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ҳар рўз барои хўрокаи як нафар мизоҷ 16 сомонӣ ҷудо, аммо дар асл аз 20 то 25 сомонӣ сарф мешавад.
Гуруҳи мониторингӣ дар натиҷаи боздид аз муассиса тавсия медиҳад, ки ба хешовандони мизоҷони табобатёфта мактуб ирсол карда шавад, то онҳоро аз муассиса бубаранд, барои кормандони муассиса дар самти ҳуқуқи шахсони дорои маълулият тренингҳо ташкил карда шаванд ва ҳамзамон басти корӣ барои руҳшинос таъмин гардад.