Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мониторинги литсей дар шаҳри Душанбе 19-20-уми апрели соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Дар ҳайати гуруҳи мониторингӣ дунафарӣ намояндагони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил буданд.
Литсей соли 1965 сохта шуда, айни замон дар тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ қарор дорад. Дар инҷо таълими наврасон, аз ҷумла омўзиши касбӣ ба роҳ монда шудааст.
Бино дуошёна буда, барои 180 нафар кўдакон дар назар гирифта шудааст. Ҳангоми боздид аз ЛМКТ онҷо 31 нафар ноболиғон, ки ҳамаашон писаранд, қарор доштанд. Баъди анҷоми омўзиш кўдакон бо роҳбаладии як нафар корманди ЛМКТ ё волидони кўдакон ба оилаҳояшон интиқол дода мешаванд.
Дар рафти мониторинг директор, ҳафт нафар корманди муассисаи мазкур ва 11 нафар наврасоне, ки бо онҳо як ба як суҳбат кардан имкон дошт, пурсида шуданд.
Корманди пурсидашуда зикр намуд, ки ягон ҳолати муайян кардани ҷароҳати ҷисмонӣ, шиканҷа ё муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони муассиса ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вуҷуд надошт.
Аз 11 нафар кўдакони пурсидашуда 10 нафарашон зикр намуданд, ки нисбаташон шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода нашудааст ва онҳо шоҳиди таҳқири лафзӣ аз ҷониби кормандон ва миёни кўдакон набудаанд. Танҳо як нафар пурсидашуда зикр намуд, ки боре аз ҷониби парастор оид ба қисми режимнок таҳқири дағали лафзии наврас ҷой дошт. Директори муаасиса аз ин бохабар гардида, ҳамон замон парасторро аз кор озод кардааст.
Дар посух ба суоли вобастаи зўроварӣ миёни кўдакон ҳамаи наврасони пурсидашуда гуфтанд, ки шоҳиди чунин зўроварӣ нашудаанд.
Ҳамаи 11 нафар кўдакони пурсидашуда зикр намуданд, ки волидон ё хешу табор дар дилхоҳ вақт метавонанд бе маҳдудият онҳоро хабар гиранд.
Ҳамаи кўдакон изҳор доштанд, ки дар муассисаи мазкур худро амн ҳис мекунанд. Инчунин, онҳо гуфтанд, ки бо дигар кўдакон ва кормандоне, ки дар муассиса қарор доранд, муносибатҳои хуби дўстона доранд.
Кормандони прокуратура аз ЛМКТ мувофиқи имкониятҳои худ ва Омбудсмен 4-5 маротиба дар як сол боздид мекунанд. Инчунин аз ЛМКТ намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва нозирони ШВКД-и ноҳияи Шоҳмансур боздид менамоянд.
Дар бинои ЛМКТ 30 ҳуҷраи истиқоматӣ мавҷуд аст. Як ҳуҷра барои 10 нафар пешбинӣ гардидааст, аммо аз сабаби он, ки дар литсей кўдакон каманд, дар як ҳуҷра 8 навраси аз 14 то 18-сола зиндагӣ мекунанд. Наврасон дар бинои литсей 4 ҳуҷраро ишғол кардаанд.
* Акс аз: sdska.ru