Мониторинги маркази руҳӣ дар Бохтар: ҷанҷолҳо миёни мизоҷон рух медиҳанд, аммо онҳо зуд оштӣ мешаванд

Мониторинги Маркази вилоятии руҳии №1 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 24-25-уми апрели соли 2019 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд.

Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Нидоев Ҳ. ва Низомов А., инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ - Мӯсоев Ш. ва Сафаров Х. ворид гардиданд.

Ба гуруҳи мониторингӣ дастрасии бемонеа ба муассиса таъмин карда шуд. Марказ аз соли 2002 амал мекунад. Бино иморати куҳна буда, қаблан он ба сифати боғчаи кӯдакона фаъолият мебурд. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар муассисаи мазкур иншооти нав - утоқҳои оббозӣ, ҳоҷатхонаҳо, ошхона сохта шудааст. Ба ғайр аз ин, дар шуъбаҳои мардона ва занона корҳои таъмирии қисмати берунӣ, коркарди дарунӣ, сафедкуниву рангуборнамоӣ амалӣ карда шудааст. Дар умум, бино тоза ва ҳудуди ҳавлиҳои сайругашт нигоҳубиншуда буд.

Муассиса барои 70 нафар ба назар гирифта шудааст. Ҳангоми мониторинг дар он 78 нафар қарор доштанд, ки аз ин шумора 48 нафар мард ва 22 нафар занон буданд. Аз онҳо 8 нафар дар асоси амбулаторӣ табобат мегиранд. Бо 10 нафар мизоҷ, 11 корманд аз ҳисоби кормандони хурд, 2 табиб, аз ҷумла директори муассисаи мазкур суҳбат гузаронида шуд.

Давомнокии ҳузури мизоҷон гуногун буд: аз 8 рӯз то 3 сол. Ба ғайр аз ин, ҳангоми пурсиши мизоҷон баъзеи онҳо зикр намуданд, ки чанд муддат дар муассисаи мазкур қарор доштанашонро ёд надоранд.

Шумораи нафарони ба таври ихтиёрӣ дар муассиса ҷойгиркардашуда 60 нафар аст, шумораи нафарони маҷбурӣ ҷойгиршуда бошад, 10 нафар. Аммо қарори суд дар бораи ҷойгирсозии ғайриихтиёрӣ ё розигии хаттии мизоҷ вуҷуд надорад.

Ба гуфтаи кормандони хурд, ҳолатҳое мешавад, ки миёни мизоҷон зиддият ба вуҷуд меояд, ҷанҷол ва якдигарро таҳқир мекунанд. Кормандони хурд ва дигар кормандон ҷалб гардида, онҳоро лафзан ором месозанд.

Тахтаи иттилоотӣ дар шуъбаҳои мардонаву занона, дар девори даромадгоҳи шуъбаҳо насб гардида буд. Маълумот танҳо бо забони тоҷикӣ буд.

Ҳангоми таъини табобат аз мизоҷ ё намояндаи қонунии ӯ розигии шифоҳӣ гирифта мешавад. Мизоҷ оид ба дарди ҷисмонии имконпазир, хатар ва таъсирҳои табобати пешниҳодгардида огоҳ карда мешавад. Мизоҷ метавонад аз табобати пешниҳодшуда ва агар табобат аллакай сурат гирифта истода бошад ҳам, даст кашад. Инчунин, роҳбари марказ ҳангоми пурсиш ба он ишора кард, ки нисбати мизоҷон ба ҷуз чораҳои медикаментозӣ дигар усулҳои оромсозӣ истифода намешавад.

Муассиса бо камераҳои назорати видеоӣ муҷаҳҳаз аст, ки ҳудудҳои онро зери назар доранд. 1 камера дар долони бинои маъмурӣ, 2 камера дар даромадгоҳи бинои маъмурӣ, 3 камера дар даромадгоҳи шуъбаи занона ва 4 камера дар долони шуъбаи занона насб карда шудаанд. Пас аз анҷоми таъмири пурраи шуъбаи мардона камераҳои назорати видеоӣ дар онҷо низ насб карда мешаванд.

Аз буҷаи давлатӣ барои хӯрокаи як нафар мизоҷ дар як рӯз 10 сомониву 95 дирам ҷудо, аммо аслан аз 13 то 15 сомонӣ сарф мешавад. Дар як моҳ барои як нафар мизоҷ 328 сомонӣ ҷудо мешавад. Дар як ҳафта ду маротиба барои мизоҷон аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Бохтар оши хайриявӣ омода карда мешавад.

Ба иттилои директори муассиса, дар соли 2018 як ҳолати марг бо сабаби беморӣ - инфаркт вуҷуд дошт.

NoTorture.Tj