Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Дарвоз

 

Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Дарвоз: касе аз шиканҷа шикоят накард

Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии шуъбаи милисаи ноҳияи Дарвоз 22-23-юми августи соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд.

Ба ҳайати гуруҳи мониторингӣ ду намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ва ду намоянда аз ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ворид гардиданд.

Тавқифгоҳи муваққатӣ дар дохили бинои ШВКД-и ноҳияи Дарвоз ҷойгир аст. Охирин таъмири косметикӣ дар ин ҷо аввали соли 2018 гузаронида шудааст.

Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ ду нафар марди боздоштшуда қарор доштанд, ки як нафараш барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ адои ҷазо мекард.

Дар тахтаи иттилоотии долони тавқифгоҳи муваққатӣ овезае мавҷуд аст, ки дар он ҳуқуқҳои боздоштшудагон, тартиби рӯз, брошюра бо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти ислоҳоти милиса, уҳдадориҳои сардор ва кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ нишон дода шудаанд. Ҳамаи маълумотҳо бо забони тоҷикиянд.

Дар изолятор қуттӣ барои мактубу шикоятҳо мавҷуд нест. Ба гуфтаи кормандон, дар сурати зарурат ба боздоштшудаҳо қаламу коғаз таъмин карда мешавад. Дафтари қайди аризаву шикоятҳо вуҷуд дорад, аммо ҳангоми азназаргузаронии дафтар, дар он ариза ё шикояте қайд нашуда буд.

Дар ШВКД дафтари махсусе мавҷуд аст, ки дар он тамоми ҳодисаҳои муайян намудани ҷароҳати ҷисмонӣ дар бадани боздоштшудаҳо қайд карда мешаванд, аммо ба гуфтаи кормандон, чунин ҳолатҳо дар таҷриба вуҷуд надоштанд.

Шуъбаи милисаи ноҳия бо беморхонаи ноҳиявӣ дар мавриди расонидани ёрии аввалияи тиббӣ шартнома дорад.

Дар давраи аз соли 2017 то моҳи августи соли 2018 ҳолатҳои муайян гардидани ҷароҳати ҷисмонӣ дар бадани нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда вуҷуд надоштааст. Боздоштшудаҳои дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарордошта зикр намуданд, ки нисбати онҳо муносибати бераҳмона ва шиканҷа истифода нашудааст.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ба камераҳо равшании муқаррарӣ ба қадри кофӣ ворид намегардад. Чун дар камераҳо тиреза вуҷуд надорад, бе равшании сунъӣ озодона хондану навиштан ғайриимкон аст (ба ҷои тиреза сӯрохии хурди бешишае дар девор бо андозаи 20 ба 20 см мавҷуд аст). Инчунин, боздоштшудагон имонияти пурра шустушӯй кардан надоранд, чун дар тавқифгоҳи муваққатӣ ҷойи шустушӯй вуҷуд надорад. Чунин шароитҳои нигоҳдорӣ метавонанд ба боздоштшудаҳо таъсири манфӣ расонанд ва ҳамчун муносибати нохуб ё пастзанандаи шаъну шараф баҳогузорӣ гарданд.

Кормандони пурсидашудаи тавқифгоҳи муваққатӣ зикр намуданд, ки дар кор ба мушкилот дучор намеоянд, аммо хоҳиш карданд, то дар бораи ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва стандартҳои байналмилалии муносибат бо боздоштшудаҳо семинару тренингҳо гузаронида шаванд.

Дар тавқифгоҳи муваққатӣ 1 камераи назорати видеоӣ мавҷуд аст, ки дар даромадгоҳи изолятор насб карда шудааст.

Тавқифгоҳи муваққатӣ аз 2 камераи масоҳаташон якхела - 6,2 метри мураббаъ иборат аст. Як камера барои як нафар боздоштшуда пешбинӣ гардидааст. Картсер дар тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ, камераи №1 барои ноболиғон ва занон пешбинӣ гардидааст, гарчанде ҳангоми боздид ягон хел фарқият миёни камераҳо ба мушоҳида нарасид.

Ҳангоми боздид мардҳои боздоштшуда дар камераҳо қарор доштанд. Ба ғайр аз катҳои оҳанин дигар ягон хел таҷҳизот вуҷуд надорад. Дар камераҳо оби водопровод ва ҳоҷатхона мавҷуд нест. Дар дохили камераҳо барои наззораи боздоштшудагон чашмак (глазок) вуҷуд дорад.

Ҳангоми боздид ҳарорати ҳаво +29 +30 С ва намнокӣ 31%-32 % буд. Системаи ҳавотозакунӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи сардори ШВКД, дар камераҳо хати марказикунонидашудаи гармидиҳӣ мавҷуд аст. Аз рӯи мушоҳидаҳо, дар камераҳо воқеан батареяҳо насб гардидаанд, аммо санҷидани кори онҳо имконпазир набуд, чун мониторинг дар мавсими тобистон гузаронида шуд.

Ҳоҷатхона (се чуқурии кандашуда) дар кӯча, дар пушти бинои ШВКД ҷойгир аст. Аз ҳоҷатхона ҳам кормандон ва ҳам боздоштшудагон истифода мебаранд. Ҳоҷатхона пӯшонида шуда, дорои девори тунуки қисматкунанда ва дар аст. Хати об дар ҳоҷатхона мавҷуд набуда, оби кашонидашуда истифода бурда мешавад. Ҳангоми мониторинг ҳоҷатхона тоза буд, аммо ҳолати умумии он ғайри қаноатбахш аст.

Дар тавқифгоҳи муваққатӣ ҷойи шустушӯй мавҷуд нест. Ба ин суол, ки боздоштшудагон чи тавр шустушӯй мекунанд, кормандон посух доданд, ки дар ҳолати зарурат барои онҳо бо зарфҳои пластикӣ об меоранд.

Ба ҳавлии сайругашт тариқи долони ШВКД ворид шудан мумкин аст. Болои ҳавлии сайругашт кушода аст ва панҷара надорад, паноҳгоҳ аз боришоту офтоб мавҷуд нест. Нақшаи сайругашт вуҷуд дорад. Дар ҳавлии сайругашт харакҳо ва таҷҳизоти варзишӣ вуҷуд надоштанд. Камераи назорати видеоӣ мавҷуд нест. Ҳавлии сайругашти алоҳида барои ноболиғон вуҷуд надорад, аммо ба гуфтаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ, ноболиғони боздоштшуда ҷудо аз калонсолон ба сайругашт бароварда мешаванд.

Тавсияҳои гуруҳ:

1. Аз рӯи имконият, нафароне, ки адои ҷазои маъмурӣ мекунанд, дар ҷойҳое нигоҳдорӣ карда шаванд, ки барои гумонбарон дар содир кардани гуноҳҳои ҷиноятӣ пешбинӣ нагардидаанд.

2. Таъмин кардани камераҳо бо тирезаи муътадил, ба хотири ворид шудани равшаниву ҳавои муқаррарӣ.

3. Таъмин намудани қуттӣ барои шикояту пешниҳодот.

4. Таъмин намудани ҷойи шустушӯй барои боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатӣ.

5. Беҳтар намудани ҳолати ҳоҷатхона.

6. Таъмини видеокамера, инчунин паноҳгоҳ аз боришоту офтоб дар ҳавлии сайругашт.

NoTorture.Tj