Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
2-3-юми май Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар ҳайати дунафарӣ аз идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бидуни огоҳсозии пешакӣ аз тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон дидан намуданд.
Бинои ШВКД-и ноҳияи Ховалинг соли 1994 сохта шудааст. Охирин таъмири куллӣ соли 2017 анҷом дода шудааст.
Тавқифгоҳи муваққатӣ дар дохили шуъбаи милитсия ҷойгир буда, изолятор аз 2 камера иборат аст, ки барои нафарони дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда пешбинӣ гардидаанд.
Дар изолятор барои ноболиѓону занон камера вуҷуд надорад. Ба гуфтаи сардори тавқифгоҳи муваққатӣ, ҳангоми зарурат дар камераи №1 ноболиѓону занон ҷойгир карда мешаванд, гарчанде ҳангоми мушоҳидаҳо ягон хел фарқият дар шароити он нисбати дигар камераҳо ба назар нарасид.
Дар рафти гузаронидани мониторинг аз ҳисоби кормандон 4 нафар - муовини сардори ШВКД, ки фаъолияти тавқифгоҳи муваққатиро пеш мебарад, сардор ва 2 нафар корманди навбатдори изолятор пурсида шуданд.
Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ шахсони боздошттшуда набуданд.
Дар тавқифгоҳи муваққатии ШВКД 3 видеокамераи назоратӣ насб шудааст: як камера дар ҳавлии сайругашт, дуюмаш дар назди даромадгоҳи тавқифгоҳи муваққатӣ ва сеюмаш дар долони тавқифгоҳи муваққатӣ.
Дар даромадгоҳи камераҳо дар девор варақи андозаи А-4 бо ҳуқуқ ва уҳдадориҳои нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда овехта шудааст.
Қуттӣ барои мактуб ва шикоятҳо дар тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд надорад.
Кормандони пурсидашуда гуфтанд, ки дар давраи соли 2017 то моҳи майи соли 2018 ҳолатҳои муайян намудани ҷароҳати ҷисмонӣ дар нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда вуҷуд надошт.
Корманди тиббӣ ва нуқтаи тиббӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ ва ШВКД нест. Дар ҳолати зарурӣ ёрии тиббиро табиби “Ёрии таъҷилӣ” мерасонад, чунки ШВКД бо беморхонаи ноҳиявӣ дар мавриди расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ шартнома дорад.
Ба гуфтаи кормандони пурсидашуда, дар ШВКД дафтари махсус ҳаст, ки дар он тамоми ҳолатҳои муайян гардидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бадани боздоштшудагон қайд мешавад, вале дафтар барои шиносоӣ ба гуруҳи мониторингӣ пешниҳод карда нашуд.
Ба гуфтаи кормандон, дар тавқифгоҳи муваққатӣ дафтари қайди аризаву шикоятҳо вуҷуд дорад. Дафтар ба гуруҳ пешниҳод гардид, аммо дар он қайди ариза ё шикояте ба назар нарасид.
Кормандони пурсидашудаи тавқифгоҳи муваққатӣ зикр намуданд, ки дар кор ба мушкилот дучор намешаванд, аммо изҳор доштанд, ки мехоҳанд барои онҳо оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон, гирифторӣ ба шиканҷа ва муносибат бо боздоштшудагон тибқи стандартҳои байналмилалӣ семинару тренингҳо гузаронида шавад.