Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Панҷ 27-28-уми марти соли 2018 бидуни огоҳсозии пешакӣ гузаронида шуд. Дар ҳайати гуруҳи мониторингӣ дунафарӣ намояндагони идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дохил буданд.
Бинои ШВКД-и ноҳияи Панҷ соли 1955 сохта шудааст. Охирин таъмири куллӣ тирамоҳи соли 2014 анҷом дода шудааст. Тавқифгоҳи муваққатӣ дар ҳавлии бинои ШВКД-и ноҳияи Панҷ ҷойгир аст.
Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар изолятор се мард нигоҳ дошта мешуданд. Яке аз онҳо барои дар ҳолати мастӣ рондани нақлиёт дар тавқифгоҳи муваққатӣ дар шакли ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 рўз адои ҷазо мекард. Ду нафари дигар дар содир намудани ҷиноят гумонбаршуда ба ҳисоб мерафтанд. Ҳангоми гузаронидани мониторинг дар тавқифгоҳи муваққатӣ занону ноболиѓон набуданд.
Се нафари дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда гуфтанд, ки ду рўз боз дар тавқифгоҳ қарор доранд. Дар ин давра ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони ин муассисаи пўшида нисбати онҳо вуҷуд надоштааст.
Нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда изҳор доштанд, ки ҳангоми аввалин бор ворид шудан ба тавқифгоҳ табиб вазъи саломатии онҳоро аз назар гузаронида, вуҷуд доштан ё надоштани ҷароҳати ҷисмониро низ санҷидааст.
Нафарони нигоҳдоришаванда гуфтанд, ки ба онҳо тартиби рўз дар тавқифгоҳи муваққатиро фаҳмонидаанд. Онҳо медонанд, ки ба 3 маротиба хўрок, гирифтани тўша дар шакли маҳсулот аз хешовандон, ба сайругашт ва баромадан ба ҳоҷатхона (чун он дар ҳудуди камераҳои тавқифгоҳи муваққатӣ ҷойгир аст) ҳуқуқ доранд.
Дар рафти мониторинг 7 нафар аз ҷумлаи кормандон пурсида шуданд. Кормандони пурсидашуда гуфтанд, ки дар давраи аз соли 2016 то моҳи марти соли 2018 ҳолатҳои муайян намудани ҷароҳати ҷисмонӣ дар нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда вуҷуд надоштааст.
Ба гуфтаи кормандон, дар тавқифгоҳи муваққатӣ дафтари қайди шикояту аризаҳо мавҷуд аст. Гуруҳи мониторингӣ бо дафтар шинос шуд, ки дар он ягон ариза ё шикоят вуҷуд надошт.
Ҳар саҳар сардори тавқифгоҳи муваққатӣ шахсан боздоштшудагонро хабар мегирад ва аз вазъи саломатияшону шароитҳои нигоҳдорӣ пурсон мешавад.
Аз воситаҳои махсус кормандони тавқифгоҳи муваққатӣ дар корашон танҳо аз завлонаҳо барои аз тавқифгоҳ интиқол додан ва ба тавқифгоҳ баргардонидани боздоштшудаҳо истифода мебаранд.
Кормандони пурсидашудаи тавқифгоҳи муваққатӣ изҳор доштанд, ки мехоҳанд оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон, гирифторӣ ба шиканҷа ва муносибат бо боздоштшудагон тибқи стандартҳои байналмилалӣ семинару тренингҳо гузаронида шавад.
Нуқтаи тиббӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ вуҷуд надорад. Дар ҳолати зарурӣ кўмаки тиббиро табиби “Ёрии таъҷилӣ” мерасонад, чунки ШВКД бо беморхонаи ноҳиявӣ бобати расонидани ёрии аввалияи тиббӣ шартнома дорад.
Дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ як видеокамераи назоратӣ насб карда шудааст, ки дар долон ҷой гирифтааст.
Тавқифгоҳи муваққатӣ 2 мошини дар ҳолати хуб дорад, ки барои кашонидани боздоштшудаҳо ҷудо шудааст.
Дар тавқифгоҳи муваққатӣ 4 камера барои боздоштшудаҳо вуҷуд дорад. Як камера барои нафароне пешбинӣ гардидааст, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд. Як камераи дигар барои занон пешбинӣ шудааст. Камераҳо аз таъмир баромадаанд ва ҳолаташон қаноатбахш аст.
Дар тахтаи иттилоотии ҳуҷраи кормандони навбатдори тавқифгоҳи муваққатӣ овеза оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудаҳо, тартиби рўз, уҳдадориҳои сардори тавқифгоҳ мавҷуд аст. Ѓайр аз ин, ҳангоми азназаргузаронии кмера ба мушоҳида расид, ки дар даромадгоҳи камераҳо қоѓази андозаи А-4 бо ҳуқуқу уҳдадориҳои нафарони дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдоришаванда, инчунин номгўи ашёҳои иҷозатбуда овехта шудааст.