Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода 9-уми июн бо нишони вокуниш ба муроҷиати ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳодисаҳои ҳамла ба хабарнигори “Азия-Плюс” Авазмад Ғурбатов (Абдулло Ғурбатӣ) мактубро ба Прокуратураи генералӣ ва нусхаи онро ба ТҶ “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” ирсол намуд.
«Ба шумо мактуби ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ирсол намуда, хоҳиш мекунем, ки ба мо ва муаллифони мактуб оид ба баррасии он хабар диҳед»,- зикр шудааст дар мактуби кӯтоҳ.
Ёдовар мешавем, ки 2-юми июн Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва як қатор ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар дар робита ба ҳолатҳои латукӯби хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» Авазмад Ғурбатов (Абдулло Ғурбатӣ), ки асос барои марбут донистани онҳо ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ мегарданд, изҳори нигаронӣ карданд.
Дар аризаи дастаҷамъии онҳо, ки ба суроғаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Прокурори генералии ҶТ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон равона гардидааст, аз ҳар ду ҳодисаи ҳамла ба рӯзноманигор, ки дар моҳи охир рух доданд, ёдоварӣ карда шудааст.
Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин боваранд, ки таъқиби рӯзноманигорон вобаста ба амалисозии фаъолияти рӯзноманигориашон, инчунин зоҳир накардани вокуниши лозимаву нагузаронидани тафтиши дилхоҳ ҳолати ҳамла ба рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО метавонад ба бад шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон, худсонсурӣ ва паст гардидани фаъолнокии рӯзноманигорон ва ВАО дар кишвар оварда расонад, зеро беҷазоӣ фазои тарсро ба вуҷуд меорад.