Муроҷиати Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон

Муроҷиати Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунад, тафтиши дақиқ, беғаразона ва мустақили арзу шикоятҳоро оид ба шиканҷа, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазоев Искандархон, Қаҳҳоров Бахтовар ва Мирзоев Умедҷон дар мурофиаи судӣ изҳор доштаанд, гузаронад.

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон аз изҳороти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муртазоев Искандархон, Каҳҳоров Бахтовар ва Мирзоев Умедҷон оид ба истифода шудани шиканҷа дар нисбати онҳо, инчунин аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида нашудани тафтишоти самаранок ва набудани вокуниш ба арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа изҳори нигаронии ҷиддӣ мекунад. 

Намояндагони Эътилоф бо дархости ҳимоятгари судшаванда Мирзоев У. ба ҳайси нозирон дар мурофиаи судии рӯзи 27-уми марти соли 2012, ки дар суди ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе бо айбдории Муртазоев И., Каҳҳоров Б. ва Мирзоев У. дар содир кардани ҷиноят аз рӯйи бандҳои «б, в», қисми 2, моддаи 244-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) баргузор гардид, ҳузур доштанд.

Муртазоев И., Каҳҳоров Б. ва Мирзоев У. рӯзи 29-уми ноябри соли 2011 дар бозори «Шоҳмансур»-и ш. Душанбе бо гумонбарӣ дар содир намудани дуздии телефони мобилӣ дастгир карда шуданд. Судшавандагон Каҳҳоров Б. ва Муртазоев И. дар ҷараёни мурофиаи судӣ изҳор доштанд, ки дар утоқҳои кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур нигаҳдорӣ мешуданд. Сарфи назар аз он, ки дарҳол ба содир кардани амали дуздӣ иқрор шуданд, пас аз дастгиркунӣ нисбат ба онҳо аз ҷониби кормандони ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур шиканҷа бо истифода аз қувваи барқ (тибқи нишондоди Мирзоев У.), ки бар асари он дар ангуштони хурди дастони чап ва росташ ҷойҳои сӯхта бо нишонаҳои обила боқӣ мондааст, инчунин дар шакли латукӯби мунтазам (тибқи нишондодҳои Муртазоев И. ва Каҳҳоров Б.) сурат пазируфтааст. Шиканҷа бо мақсади ба даст овардани нишондодҳои иқрорӣ оид ба айбдоркунии судшавандаи сеюм Мирзоев У. дар шарикии дуздии мазкур истифода шудааст (ҳарчанд шоҳидон, худи Мирзоев ва судшавандагони дигар дар ҷараёни тафтиш ва мурофиаи судӣ қайд карданд, ки Мирзоев харидори телефон буд ва ягон робитае ба дуздӣ надошт).

Судшаванда Муртазоев И. дар мурофиаи судӣ гуфт, ки дар натиҷаи шиканҷаи нисбат ба ӯ анҷомдодаи кормандони ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур, аз қисми болои соиди дасташ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт ва он аз нарасонидани ёрии саривақтии тиббӣ ба пӯсидан оғоз кард. Танҳо пас аз як моҳ, ки вазъи саломатиаш хеле бад шуд, ба ӯ ёрии тиббӣ дар шакли амали ҷарроҳӣ таъмин гардид.

Тибқи нишондоди судшаванда Каҳҳоров Б., баъд аз дастгиркунӣ дар давоми тақрибан 14 соат нисбат ба онҳо шиканҷа истифода шудааст. Зимнан тамоми аъзои бадани онҳо бо калтаке, ки ба зераш барои намондани нишонаҳои зарбу лат китоби ғафс гузошта шудааст, мунтазам латукӯб гардида, пойҳояшон бо скотч, даҳонашон бо гарданбанд ва дастонашон бо завлона (дастбанд) баста шудааст.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ судшаванда Мирзоев У. изҳор дошт, ки бо гузашти якчанд рӯз, баъд аз интиқоли онҳо ба муассисаи боздоштгоҳи тафтишотӣ (тақрибан 05.12.2011с.), ба наздашон прокурор омад ва Мирзоев ба ӯ гуфт, ки нисбат ба онҳо шиканҷа истифода мешавад. Ба ин гуфтаи ӯ прокурор ҷавоб дод, ки муфаттиш онҳоро бо ҳимоятгар таъмин мекунад. Аз ҷониби прокурор барои ҳимояи манфиатҳои Муртазоев И., Каҳҳоров Б. ва Мирзоев У. дигар чорае дида нашуд.

Духтури бунгоҳи осебу садамаи 1-и Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 Шарифов Юнус, ки дар бораи аз муоинаи тиббӣ гузаронидани дастгиршудагон нишондод медод, ба судя гуфт, ки дар бадани дастгиршудагон нишонаҳои зӯроварӣ (доғҳои кабуд, ҷойҳои зарбхӯрда, нишонаҳои латукӯб), инчунин ягон доғи ҷароҳат ё осеби дигарро надидааст. Танҳо дар нисбати судшаванда Муртазоев И. тавзеҳ дод, ки дар қисми пеши мушакҳои ронаш хуномосҳоро дидааст, ки замони пайдоиши онҳо, гӯё аз суханони Муртазоев, пеш аз дастгиршавӣ будааст. Аммо судшавандагон Муртазоев И., Каҳҳоров Б. ва Мирзоев У. духтурро дар додани нишондоди бардурӯғ айбдор карданд. Ба ин тариқ, Каҳҳоров аз духтур оид ба ҳаққонияти гуфтаҳояш дар бораи набудани ягон доғ дар бадани судшавандагони муоинашуда дубора суол карда, ба иштирокчиёни мурофиаи судӣ хами оринҷи ҳар ду дасташро бо доғҳои зиёди кӯҳнашуда аз истифодаи мунтазами маводи нашъадори тазриқӣ намоиш дод (ин доғҳоро духтур мебоист зимни гузаронидани муоинаи тиббӣ ба қайд мегирифт, дар ҳоле ки ӯ оид ба набудани ягон доғ дар бадани судшаванда хуҷҷат дар намуди варақаи тиббӣ тартиб дод). Судшаванда Каҳҳоров Б. дар толори мурофиаи судӣ изҳор дошт, ки ҳуҷҷати тартибдодаи духтур қалбакӣ мебошад, зеро имзои дар он гузошташуда аз ӯ нест ва матн аз номи ӯ бо ҳусни хатти бегона навишта шудааст.

Судя дар ҷараёни мурофиаи судӣ ба Муртазоев И. иҷозат надод, ки ба суд ва иштирокчиёни мурофиа изҳои захмҳои аз истифодаи шиканҷа ва ҷарроҳии баъдина бардоштаашро нишон диҳад. Аммо суд нишон додани осори ҷароҳатро манъ карда, ҳамзамон ба изҳорот дар бораи истифода шудани шиканҷа ягон эътино накард.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мекунад, ки ба татбиқи чораҳо оид ба мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ, аз ҷумла, қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 29 марти соли 2012 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки ворид кардани моддаи алоҳидаи «Шиканҷа» ва ҷазоҳои онро пешбинӣ месозад, равона шудаанд.

Ҳамзамон бо нигаронӣ изҳор медорем, ки шиканҷа дар кишвар васеъ истифода мешавад ва механизмҳои мавҷудаи вокуниш ва тафтиши арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа самаранок набуда, ба ҳолати беҷазоии шахсоне, ки дар истифодаи шиканҷа айбдор карда мешаванд, мусоидат мекунад.

Ҳолати дар боло зикршуда бори дигар аз он норасоиҳои низоми адолати судӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар пешгирии шиканҷа ва ҳифзи қурбониёни он ҷой дорад. Дар ҳоле ки мутобиқи ӯҳдадориҳояш аз рӯйи Конвенсияи зидди шиканҷа, давлат бояд таъмин кунад, ки дар сурати мавҷуд будани далелҳои кофӣ оид ба истифода шудани шиканҷа дар қаламрави ҳуқуқии он, тафтиши фаврӣ ва беғаразона гузаронида шавад ва ҳама гуна баёноте, ки таҳти шиканҷа дода шудааст, дар ҷараёни ҳама гуна баррасиҳои судӣ ҳамчун далел истифода нагардад. Аз нишондодҳои Муртазоев И., Каҳҳоров Б. ва Мирзоев У. дар мурофиаи судӣ аён мегардад, ки кормандони прокуратура пас аз дастрас кардани арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа, барои тафтиши онҳо ягон чорае надида, ҳамзамон суд нисбат ба чунин арзу шикоятҳо бетафовутӣ зоҳир мекунад. Беэътиноии судҳо ба арзу шикоятҳо оид ба шиканҷа аз натиҷаҳои мониторинги мурофиаҳои судӣ, ки тӯли ҳафт соли охир аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» гузаронида мешаванд, инчунин изҳороти адвокатҳое, ки қурбониёни шиканҷаро ҳимоя мекунанд, тасдиқ мегардад.

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомот даъват ба амал меоранд, ки тафтиши дақиқ, беғаразона ва мустақили изҳорот оид ба шиканҷаро анҷом дода, нашри натиҷаҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудани гунаҳгорони эҳтимолиро мутобиқи ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф кафолат диҳанд.

Апейрон

Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир

Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро»

Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният

Коллегия адвокатҳои вилояти Суғд

Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон

Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI»

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон

Маркази ҳуқуқи инсон

Фонди ҷамъиятии «Нотабене»  

2-юми марти соли 2012.