Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон 24-уми январи соли 2019 Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ барои солҳои 2019-2022-ро қабул кард.
Нақшаи миллӣ аз якчанд банд иборат аст: тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, ҷазо барои истифодаи шиканҷа, пурзӯр намудани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба адвокати мустақил, санҷиши ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, шароити дар ҳабс нигоҳ доштан, механизми мустақили қабул ва баррасии шикоятҳо аз шиканҷа, пардохти ҷуброну офиятбахшӣ ва ғайра.
Нақшаи миллӣ ҳудуди 80 чорабиниҳоеро дар назар гирифтааст, ки ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ оид ба масоили роҳ надодан ба шиканҷа равона гардидаанд. Ба амалисозии Нақшаи миллӣ доираи васеи мақомоти давлатӣ, судҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Институти Омбудсмен ҷалб карда шудаанд.
Масалан, дар мавриди банди «Чораандешӣ нисбати ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани шахсоне, ки барои истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона гунаҳгор дониста мешаванд» як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст: гузаронидани таҳлили қонунгузорӣ ва таҷрибаи тафтиши ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонавау ғайриинсонӣ; ташкил намудану гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба такмили ихтисоси судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура ва дигар мутахассисон оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона; ворид намудани масъалаи манъи ҷиддии шиканҷа дар баромадҳои мансабдорони ҳукуматӣ, аз ҷумла дар баромадҳои онҳо дар ВАО.
Дар мавриди банди «Чораҳои ҷазо барои иистифодаи шиканҷа» ҳокимияти Тоҷикистон нақша доранд, ки давоми се соли оянда ба моддаи 143, эзоҳи 1 (Шиканҷа)-и КҶ ҶТ тағйирот ворид намуда, муҳлати маҳрумият аз озодӣ барои истифода аз шиканҷаро боло бубаранд, масъалаи истифода нашудани санадҳои авфро баррасӣ намоянд, қатъ кардани парвандаи ҷиноятиро нисбати нафароне, ки аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода бурдаанд, ё озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятиро дар робита ба созиш бо ҷабрдида ва ё гузаштани муҳлати даъво манъ намоянд.
Дар мавриди банди дастрасӣ ба адвокати мустақил масъалаи амалисозии қонунгузории Тоҷикистон оид ба мулоқоти бемонеаи адвокат бо зерҳимояаш ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Бо Нақшаи миллӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ муфассалтар дар торнамои www.notorturetj.org шинос шудан мумкин аст.