Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон инфографикаеро пешниҳод мекунад, ки дар он тамоми маълумот оид ба санҷиши пешакӣ ҷой гирифтааст.

19.02.2018 - 11:32

Дар мурофиаи судии вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 316 КҶ ҶТ нисбати Маҳмадулло Идиев, ки рӯзи 13-уми феврал баргузор гардид, кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун шоҳид пурсида шуданд. Панҷ нафар кормандони милиса бо супориши сардори ШКВД дар ноҳияи Дӯстӣ барои дастгир намудани сокини ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дӯстов, ки дар гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир гумонбар...

16.02.2018 - 14:27

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар посух ба аризаи адвокат оид ба парвандаи Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 дар натиҷаи шиканҷаи эҳтимолӣ дар РМЗҶМ-и вилояти Суѓд вафот кард, зикр менамояд, ки парвандаи мазкур барои тафтиши иловагӣ ба ВКД ҶТ фиристода шудааст. Посухи Прокуратураи генералӣ ба адвокат 6-уми феврали соли 2018 бо имзои муовини Прокурори генералии кишвар В. Ваҳобов гардонида...

14.02.2018 - 11:04

Дар мурофиаи навбатии судӣ дар Суди вилояти Хатлон вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати лейтенанти калони ШВКД дар ноҳияи Дўстӣ Маҳмадулло Идиев, ки 12-уми феврал баргузор гардид, навбатдори ШВКД Олимҷон Назаров пурсида шуд. Номбурда дар нишондодаш изҳор дошт, ки рўзи 24-уми июли соли 2017 дар ШВКД навбатдор буд: “Тақрибан соатҳои 20:40 дақиқа лейтенанти калон Маҳмадулло Идиев ва лейтенати...

13.02.2018 - 14:15

Суди вилояти Хатлон имрӯз, 6-уми феврал ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба марги сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритус Толибҷон Дӯстов, ки баъди боздошташ аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ вафот карда буд, шуруъ намуд. Вобаста ин парванда дар курсии судшаванда лейтинанти калони ШВКД дар ноҳияи Дӯсти Маҳмадулло Идиев нишастааст, ки нисбаташ бо  моддаи 316 қисми 3 банди “а”-и КҶ ҶТ...

07.02.2018 - 18:23

1-2-юми феврали соли ҷорӣ Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавриди натиҷаи фаъолияташ дар соли 2017 ҷамъомад баргузор кард. Роҳбари Эътилоф Нурмаҳмад Халилов зикр намуд, ки дар соли гузашта ба Эътилоф муяссар гардид дар самти муборизаи самаранок муқобили шиканҷа дар кишвар як қатор тағйирот ворид намояд. Аз ҷумла, аз ҷониби ташкилотҳои аъзои Эътилоф 66...

05.02.2018 - 10:35

6-уми феврали соли 2018 соати 10 дар суди вилоятии Хатлон дар шаҳри Қўрғонтеппа аз рўи парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди ШВКД дар ноҳияи Дўстӣ Идиев М., ки бо моддаи 316, қисми 3 (Баромадан аз ҳади ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста мешавад, мурофиаи судӣ баргузор мегардад. 26-уми июли соли гузашта сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дўстов бо гумони даст доштан дар гардиши...

02.02.2018 - 08:13

Раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён мегӯяд, дар соли гузашта танҳо як парванда бо моддаи 143 эзоҳи 1-и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурии Тоҷикистон - “Шиканҷа” дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ гардидааст. Номбурда иброз дошт, ки бо ин модда нисбати сарнозири маҳкамаи муваққатии рақами 19-и ШВКД дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳакимов Одилҷон парванда баррасӣ гардида, ҷазои маҳкум...

01.02.2018 - 20:31

Дар соли 2017 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 муроҷиат оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид шудааст, ки 2 адади онҳо тасдиқи худро ёфтаанд. Дар ин бора рўзи 25-уми январи соли ҷорӣ Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод дар нишасти хабарии ниҳодаш иттилоъ дод. Номбурда зикр намуд, ки «дар натиҷаи баррасии 20 муроҷиат 2 муроҷиат тасдиқи худро ёфт ва мо...

26.01.2018 - 08:00

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон  баҳри табодули таҷриба дар мавзуи “Ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона тибқи Протоколи Истамбулӣ” аз 23 то 24-уми январи соли 2018 дар шаҳри Душанбе барои адвокатҳо, табибони клиникаҳои хусусӣ, табибон - руҳшиносони мустақил вохӯрии корӣ баргузор намуд. Дар ин вохӯрӣ коршиносони байналмилалии ташкилоти «...

24.01.2018 - 15:29

Страницы