Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, ки маҳви шиканҷаро ҳадафи худ қарор додааст, бо баргузории ҳамоише як барномаи роҳбурдӣ барои мубориза бо шиканҷаро муаррифӣ кард.
Муаррифии ин барнома, ки "Дурнамои мубориза бо шиканҷа барои солҳои 2011-2015" ном дорад, рӯзи ҷумъаи 2-юми март, ду рӯз пас аз тасвиби муқаррароти зидди шиканҷа дар қонуни кайфарии Тоҷикистон, баргузор шуд ва дар он коршиносон, намояндагони давлат ва ҷомеаи маданӣ ширкат доштанд.
Ба гуфтаи мубтакирон, ин барнома бар меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба озодӣ аз шиканҷа асос ёфта ва ба такмили қавонин ва риояти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Тавре ки дар ин ҳамоиш зикр шуд, ҳадафи асосии ин барномаи роҳбурдӣ ҳамоҳангсозии талошҳо барои созмондиҳии тадобири муштарак байни ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи маданӣ дар заминаи мубориза бо шиканҷа ва беҷазо мондани омилони ин ҷурм будааст.
Нигина Баҳриева, роҳбари Сандуқи иҷтимоии "Нотабене", мегӯяд: "Мутаассифона, феълан бисёре аз судшавандаҳо (муттаҳамон) аз бими он ки мӯҳлати ҷазояшон зиёд мешавад, аз эътироз дар мавриди шиканҷа дар ҷараёни муҳокимаҳои судӣ (додгоҳӣ) худдорӣ мекунанд. Ҳатто бархеашон вакили дифоъ ҳам намегиранд, то дар муҳокима аз ҳуқуқи эшон дифоъ кунад. Мо талош мекунем, ки дар ин росто дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро то андозае баланд бардорем".
Бахтиёр Насруллоев, намояндаи созмони ғайридавлатии "Ҳуқуқи шаҳрванд", сабаби хомӯшии боздоштшудагон ва муттаҳамон дар мавриди шиканҷа шуданашон аз сӯйи маъмурони давлатиро вуҷуди фасод дар ниҳодҳои додгоҳӣ медонад.
Ҳамчунин, ӯ мӯътақид аст, ки паст будани сатҳи огоҳии ҳуқуқии худи боздоштшудагон ва муттаҳамону маҳкумшудагон ва вуҷуди фасод ё ришвадиҳӣ дар раванди тафтишот ё боҷӯйӣ аз ифшои мавориди шиканҷа дар додгоҳҳо монеъ мешавад.
Зимнан, дар ин нишаст зикр гардид, ки барномаи роҳбурдии (истротежики) мубориза бо шиканҷаро соли 2011 созмонҳои узви Эътилофи мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон таҳия кардаанд.
Ин созмонҳо қасд доранд дар чорчӯби ин барнома тифи васеъе аз намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба раванди иҷрои тадобир барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазо мондани омилони он дар Тоҷикистон ҷалб созанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки риояти ҳақи инсон ба озодӣ аз шиканҷа ҳангоми боздошт, ҷараёни бозрасӣ, таҳқиқ ва муҳокимаҳои додгоҳӣ дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳо, ҳамчунин риояти ҳуқуқи гурӯҳҳои ҷудогонаи осебпазир (занон, кӯдакон, сарбозон) дар ҷараёни иҷрои ин барнома дар авлавият қарор хоҳад гирифт.
Феълан 14 созмони ғайридавлатии Тоҷикистон ба Эътилофи мубориза бо шиканҷа шомиланд, ки созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари "Авасто", "Ампаро", "Апейрон", Анҷумани ҳуқуқшиносони Помир, Бунёди иҷтимоии "Нотабене", Идораи ҳуқуқи башар, Ҳайати вукалои мудофеъи "Сипар", Мактаби мустақили рӯзноманигории "Тоҷикистон - асри 21" аз ҷумлаи онҳо ҳастанд.