Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Фаъолият оид ба амалисозии Шартҳои Истамбулӣ барои ташхиси самараноки тиббӣ ва ҳуҷҷатгузории шиканҷаву муносибати бераҳмона аз ҷониби Парвина Наврӯзова (ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон»), ки ҳамзамон мутахассис оид ба Протоколи Истамбулӣ дар Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ба шумор меравад, ҳамоҳангсозӣ карда мешавад.
Фаъолияти таҳлилӣ. Дар давраи аз моҳи январ то марти соли 2020 гузориш «Оид ба истифодаи Протоколи шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудаҳо дар муассисаҳои тиббии ҶТ» ва гузориши таҳлилӣ «Оид ба натиҷаҳои таҳлил ва баҳогузории ҳолати воқеии хадамоти судӣ-тиббии ҶТ» коркард ва дар торнамои Эътилофи зидди шиканҷа пахш карда шуданд.
Пешбурди таъсиси институти ташхисҳои ғайридавлатӣ. Аз ҷониби коршиносони барнома таҳлили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарии Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Гурҷистон, инчунин қонунгузории миллӣ оид ба масоили таъсис ва роҳандозии институтҳои ташхисҳои судии давлативу ғайридавлатӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷаи он ҳуҷҷати таҳлилӣ омода гардид. Ҳуҷҷати таҳлилӣ бо иштироки намояндагони мақомоти масъули давлатӣ, аъзои Эътилофи зидди шиканҷа, доираҳои академӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиноси байналмилалӣ Марям Ҷишкариани баррасӣ карда шуд.
Тренинг оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ. 18-20-уми феврали соли 2020 оид ба омодасозии мутахассисон аз рӯйи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тренинги серӯза гузаронида шуда, дар он 31 нафар, аз ҷумла табибон, равоншиносон, ҳуқуқшиносон, адвокатҳо (шарикон ва аъзои Эътилоф) иштирок карданд, ки аз онҳо 15 нафар аз шаҳри Душанбе, 4 нафар аз ВМКБ, 6 нафар аз вилояти Хатлон ва 6 нафар аз вилояти Суғд буданд.
Замимаи мобилӣ оид ба масоили ҳуҷҷатгузории тиббии ҳолатҳои зӯроварӣ (қурбониёни шиканҷа, хушунати хонаводагӣ, шахсони гирифтори ВИЧ, хизматчиёни ҳарбӣ) тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ. Замимаи мобилӣ тавсияҳо барои қурбониёни зӯроварӣ, адвокатҳо, равоншиносон ва табибонро дар бар гирифта, аз ҷумла ҳуқуқҳои онҳову кафолатҳо, механизмҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, баҳогузории оқибатҳои ҷисмониву равонии зӯроварӣ, ҷуброни зарар, тавсияҳои тарзи гузаронидани ҳуҷҷатгузории тиббии зӯроварӣ, воситаҳои тамоси мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ғайридавлатие, ки бевосита ба масоили тафтиши чунин парвандаҳо ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ, тиббиву равонӣ машғуланд, фаҳмонида шудааст.
Замимаи мобилии Бот дар Телеграмм - «Ман ва ҳуқуқҳои ман» баъди санҷиш моҳи сентябри соли 2020 фаъол карда шуд.
Инфографикаи «Кафолати ҳифзи саломатии боздоштшудагон дар тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ (ИВС) ва тавқифгоҳи тафтишотӣ (СИЗО)» коркард гардидааст ва бо забонҳои русиву тоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, торнамои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва дар сомонаи ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ба таври васеъ паҳн карда мешавад. Инфографика QR-код дар замимаи мобилӣ ва Бот дар Телеграмм - «Ман ва ҳуқуқҳои ман»-ро дар бар мегирад.
Ислоҳоти тандурустӣ дар маҳбасҳо. 10-16-уми августи соли 2020 ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» дар якҷоягӣ бо СРИҶҶ ВА ҶТ ҷаласаи кориеро оид ба коркарди Нақшаи амал ба Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ташкил намуданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми июни соли 2020, №385 тасдиқ карда шуд.
Дар ҷараёни ҷаласа дар қисмати тандурустӣ дар маҳбасҳо аз ҷониби ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» тавсияҳо пешниҳод гардиданд, ки ба Нақшаи амал ба Стратегия ворид карда шуданд. Миёни онҳо тавсияҳоеро аз қабили коркарди барномаи маҷмуии офиятбахшии айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо, маҳбусон (равонӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ), амалисозии институти чораҳои интизомии ҷазо, меъёрҳои хӯрокаву табобати маҷбурӣ, таҳияи механизми тафтишот нисбати ҳама ҳолатҳои фавт дар муассисаҳои системаи пенитенсиарӣ, баррасии масъалаи бахши хадамоти тиббии СРИҶҶ ВА ҶТ, гузаронидани тренингу семинарҳои омӯзишӣ оид ба масоили ташкили таъминоти тиббӣ, табобат ва офиятбахшӣ тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ, гузаронидани мониторинги мустақили ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри баҳогузории шароитҳои нигоҳдориро вохӯрдан мумкин аст.
Айни замон лоиҳаи Нақшаи амал дар баррасии Ҳукумати ҶТ қарор дорад.
Бо ин ва дигар маълумотҳо метавонед дар торнамои мо ва саҳифаҳоямон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шавед:
Торнамои мо: http://notorturetj.org/
Дар Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj
Дар Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Дар Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Дар Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Дар Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Дар Теллеграмм: http://t.me/notorturetj
Дар Инстраграмм: notorture.tj