Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Иззатулло Шарипов тарафи духтуре, ки ба Ҳамза Икромзода ёрии аввалини тиббиро расонидааст, ишора карда гуфт, «агар ӯгуноҳкарда бошад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад. Дили ман бо забонам як аст. Чизе, ки дар дил дорам, ба забон меорам. Агар ҳамин корро ваҳшиёна карда бошанд, Худо занад онҳоро. Ҳақиқат бояд рӯзанад. Агар Ҳамза худашро дор накашида бошад, кушандаҳои ӯназди қонун ҷавобгаранд.
Марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 28-солаи муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Вазорати адлияи Тоҷикистон, бар асари латукӯб азтарафи масъулини маҳбас, тайи чанд рӯз саҳифаҳои ВАО ва интернетро пур кард. Вокунишҳои шадид ва маҳкумкунандаи масъулини маҳбасхона садо дода, аз мақомот тафтиши холисонаи куштор талаб карда мешуд.
Агарчи сабаби марги Ҳамза Икромзодаро масъулини маҳбасхудкушӣунвон карда бошанд ҳам, наздиконаш бо дидани ҷисми беҷони пур аз захму ҷароҳатҳои Ҳамза онро куштори ваҳшиёна мегӯянд. Маҳз ҳамин амалҳои ваҳшиёнаи кормандони дохили маҳбас наздикони Икромзодаро маҷбур намуд, то арзу шикояти худро рӯба рӯба самъи масъулини баландпоя бирасонанд.
Беш аз даҳсокини деҳаи «Хирманак"-и ноҳияи Ҳисор бо модари Икромзода рӯзи 28.09.2012 ба назди Иззатулло Шарипов, раиси Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳозир шуданд. Иззатулло Шарипов эшонро бо ҳамроҳи ду ҷонишинаш, духтури маҳбас ва хабарнигорон ба ҳузур пазируфт, то ин ки арзу шикояти онҳоро гӯш кунанд.
Хабарнигори «Фараж» дар ин мулоқот ҳузур дошт ва ҳоло гузориши мухтасар аз ҳамон вохӯрӣбарои хонандаи нашрия пешкаш мешавад.
Сирҳои нуҳуфта пас аз марг
Зулайхо Ҷӯраева, модари Ҳамза бо оҳи ҷонсӯз арзашро оғоз кард:
- Пурсиданӣҳастам, ки қонун ҳаст ё нест? Ҳам зиндонӣмекунанд, ҳам мекушанд! Кушта шудани бачаамро ҳама дид. Ман аз Худованд ҳаминро илтиҷо мекунам, ки қотили писари маро ёбанд. Мегӯянд, ки писарам худкушӣкардааст. Чӣхел худкушӣ? Ҳама чиз дар бадани писари ман маълум. Бачаи маро куштанд! Қотилонро ёфта диҳанд! Акаи Иззатулло, баъд аз марги писарам барои гирифтани либосҳояш маҳбасхона омадем, се соат паси дари Рустам Тоштемуров, сардори маҳбас истодем, моро қабул накард. Мо танҳо мехостем, бипурсем, ки писарам чӣгуфта ҷон дод, барои кадом кораш ин хел рафтор карданд, аммо касе назди мо набаромад. Либосҳои фарзандамро нафаре бароварда доду тамом.
Зулайхо Ҷӯраева ҳангоми сухан кардан гоҳгоҳаз нолаву гиря гулӯгир шуда, каме сукут меварзид. Дар ин гуна лаҳзаҳо ҳамроҳонаш ӯро дастгирӣменамуданд. Дар яке аз лаҳзаҳо хоҳари марҳум сухани модарашро бурида гуфт:
- Наход бо оби гарми баклашка пӯсти танро сӯзонида бошанд? Дар баклашка вақтеоби гарм мерезад, ӯҷинҷмешавад, кулула мешад, наход секунҷа шавад? Дар тани бародарам, захмҳои шаклан секунҷа ҷой дошт, ки ба изи дарзмол монанд буд. Агар бовар накунед, мурдаро аз гӯр мебарорем, бубинед. Кош, дар ҳамон сардиҳои зимистон, бародарам аз хунукӣдар маҳбас мемурду ин хел азобаш намедоданд...
Зулайхо Ҷӯраева, инчунин Рустам Тоштемуров, раҳбари маҳбаси №1-ро дар шиканҷа ва кушта шудани фарзандаш гунаҳкор хонда гуфт, ки барои раҳо кардани фарзандаш аз ШИЗО 2 – ҳазор доллар талаб карда, ҳамчунин таҳдид намудааст, ки дар акси ҳол панҷсоли дигар болои мӯҳлаташ зам мекунад.
- Иззатулло Шарипов, ман модарам, ҷигарам сӯхт. Ман бисёр мехостам, ки Рустам Тоштемуров ҳамин ҷо рӯба рӯи ман истад. Медид, ҷигари сӯхтаи маро, оё вай фарзанд надорад? Бачаи маро аз рӯйи пул куштанд.
Ӯбо ҳасрат гуфт, ки фарзандаш ҳамеша занг зада мегуфтааст барояш пул диҳанд то аз зулми кормандони маҳбас наҷот ёбад: «Ба хабаргириаш мерафтам, пул медодам, хона меомадам, даҳрӯз нагузашта, занг мезад, ки оча пул биёр, мезананд. Бачам мегуфт, ки вай Тоштемуров даҳони бад дорад, дашном медиҳад. 150 то 200 сомониро ман 3 сомонӣё 1 сомонӣкарда мебурдам. Дар даруни тагпӯшаш пинҳон мекард нисфашро ва мегуфт, ки «оча аз инҷо бароям, даҳпост мегузарам. Ҳамаш пул мегӯянд. Касе ки пул диҳад, азобаш кам аст». Охирон бор, ки ба хабаргириаш рафта будам, куртаашро боло карда, тахтапушташро нишон дод, сиёҳбуд, гуфт, барои пул заданд».
Дуои Иззатулло Шарипов
Ниҳоят Шарипов баъди як соати дарди дил намудани муроҷиаткунандагон сухан кард:
«Ман фаҳмидам, дарди дили шуморо, акнун маро гӯш кунед. Ман ҳамчун роҳбар, ҳамчун инсон мегӯям, агар Тоштемуров фарзандатонро қасдан ҳамин хел карда бошад, хонааш сӯзад. Худаш ба ҳамин рӯз гирифтор шавад бо фарзандонаш, ҳамон тавре, ки шумо мегӯед. Ман генерал ҳастам ва аз дигар генералҳо худамро боло медонам. Чунки меҳнат мекунам. Ҳеҷвақт нагузошта истодаам, ки ҳамин хел кор рух диҳад. Вале камбудӣдар ҳама кор дида мешавад.Алҳол, дар ин бора прокуратура тафтишот бурда истодааст, боз худам зери назорат мегирам, касе гуноҳкардааст, дар назди қонун ҷавоб медиҳад».
Шарҳи духтур
Абдулҳаким Тугаев, духтури маҳбаси №1, ки даҳсол собиқаи корӣдорад, барои наҷот додани ҷони Икромзода ҳамон рӯзи наҳс сайъ кардааст. Ӯба хабарнигорон сабаби марги Икромзодаро чунин шарҳдод:
- Пеш аз «баклашка» бо оби гарм гузоштан, ягон ҷароҳат дар бадани маҳбус дида намешуд. Изҳои сим дар дастони ӯпештар буданд. Банди дили ӯро судмедэкспертизачок кардааст, мо накардаем. «Баклашка»-и оби гармро мо барои он дар таги каши ӯмондем, ки аз гардиши суст хун лахта нашавад. Дар ҳамин ҳолат, шояд сӯхта бошад. Вале сӯхтанашро надидаем. Вақте омада дидем, маҳбус кашол буд. Набзашро дидам, ки дар дасти чапаш набз ҳаст. Дар дасти рост набз набуд. Ӯро ба замин гузошта, ба ӯнафаси сунъӣдодам, ки «пулс» пайдо шуд. Гирифта сӯзандору гузаронидам, глюкоза ва аскарбинка. Фишораш ба 0 баробар шуда буд. Набз дар дасти росташ ҳам пайдо шуд, чашмаш кушода буд. Ман гуфтам, ки ёрии таъҷилиро даъват кунед, то омадани онҳо ман ба баданаш қатра гузаронидам. Дидам, ки дасту пояш хунук шуда истодааст, ба хотири лахта нашудани хунаш, гуфтам дар баклашка оби гарм биёранд, то баданашро гарм нигоҳдорем.
Абдулҳаким Тугаев мегӯяд, то вақти оби гарм бо «баклашка» гузоштан дар бадани марҳум изи сӯхтагӣнабуд. Аммо чанд «баклашка» оби гарм гузошта, кай сӯзонидаанд, духтур дарак надорад.
Бояд гуфт, ки чанд пайи сӯхтаро масъулини маҳбас осори электрошокер баён кардаанд. Яъне бароиба ҳуш овардани марҳум гӯё он истифода бурда шуда бошад.
Ногуфта намонад, духтур ва яке аз ҷонишинҳои И.Шарипов гуфтанд, ки пеш аз экспертизаи тиббӣонҳо ҷасадро акс гирифтанд ва дар бадани ӯҷароҳат набуд. Вале барои исботи гуфтаҳои худ эшон чизе нишондода натавонистанд.
ҲилоловНазирмад, ҷонишини сардори сарраёсати иҷрои ҷазоҳо байни суханони духтур даромада, иброз дошт: «Хайр, камтар оби баклашкаҳо гарм будааст. Пӯсти одам нозук аст, сӯзонидааст. Онҳо ҳам хостанд, ки хунаш лахт набандаду баданашро гарм нигоҳдоранд. Боз маҳбусон ҳам дар ин кор кӯмак расониданд, то ӯро наҷот диҳанд».
Дефибриллятор ё электрошокер?
Маҳз ҳамин суханон, хабарнигори «Фараж»-ро водор намуд, то ба чанд суол ба духтури қалбшиноси беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ», ки бо сабабҳои маълум ному насабашро намеорем, муроҷиат намояд. Дар сӯҳбат бо мо духтур чунин зикр кард:
- «Баклашка» бо оби гарм танҳо дар ҳолатҳои эстремалӣ, ба бемор гузошта мешавад, яъне вақте ки гардиши хун суст аст. Дар ҳамон ҳолат ба «баклашка» оби гарм гирифта, бо латта печонида, баъдан дар кафи дасту пойи бемор гузошта мешавад то дар нӯги панҷаҳо хун гардиш намояд. Дар ҷойи дигари бадан гузоштани «баклашка» манъ аст. Оби ҷӯшонро гузошта намешавад. Чун вақте оби ҷӯшро ба «баклашка» мегирем, зарф шакли худро гум мекунад ва гузоштани он мумкин нест. Ҳарорати об ҳамон қадаре бояд бошад, ки даст насӯзад. Баъдан ин кор танҳо дар ҷойҳое карда мешаванд, ки дур аз духтурхона бошанд. Дар таги каши дасти одам рагҳои калони хунгард мавҷуданд, ки баъзан оби гарм мемонанд, дар ҳомонҳолатҳои зарурӣ, вале ин ҳам аз рӯи қоидаи тиб гирем, мумкин нест.
Дар мавриди истифода аз «электрошок» духтури ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки «барои дилро ба кор даровардан, ҳангоме ки дил аз кор боз мемонад, аз «дефибриллятор» истифода мекунанд. Вале он «электрошок» нест: «Он ки шумо мегӯед, ки барои ба ҳуш овардани бемор «электрошок» истифода намудаанд, ин нодуруст аст. «Электрошок» одамро беҳуш мекунад, на ин ки ба ҳуш меорад. «Дефибриллятор» асбобест, ки бо он дилро ба кор медароранд. Агар вақти истифода намудани «дефибриллятор» қафаси синаи беморро нағз малҳам ё вазелин накунед, изи он дар бадани бемор мемонад. Аммо аз ҳама асосаш, табиби ҳақиқӣҳеҷвақт «дефибриллятор»-ро «электрошокер» намегӯяд, ӯфарқи ин асбобҳоро меравад».
Аммо духтур Тугаев.А дам ба дам аз «электрошок» ёд мекард. Хабарнигорон, ки аз ҳар сӯхта ё пӯсти кандашудаи бадани Икромзода суол мекарданд, духтур ду ҷавоб дошт изи «баклашка» аст ё пайи «электрошок» мебошад, дигарашро намедонад. Изҳои сӯхташуда дар тахтапушти маҳбусро низ духтур баён кард, ки ҳангоми истифодаи «электрошок» пайдо шудааст.
Ба ҷойи хулоса
Дар охир, модари марҳум талаб намуд, ки вақте қотилони писараш пайдо мешаванд, онҳоро ба ӯнишон диҳанд. Иззатулло Шарипов ваъда дод, ки агар воқеан ҳам куштор содир шуда бошад, гунаҳкоронро ҳатман хоҳад дид.
Ӯгуфт: «Ҳозир дигар ҳеҷчиз гуфта наметавонем, чун тафтишот идома дорад. Тафтишот, ки тамом шуд гунаҳкорон ҷазои худро мебинанд. Сабаби ба ҷанозаи писаратон нарафтани кормандони маҳбас ин аст, ки ҷуръат накардаанд».
Билохира Шарипов.И ваъда дод, ки раиси маҳбаси №1-ро аз вазифа барканор хоҳад кард, новобаста аз он ки тафтишот давом дорад, ба хотири хунукназарӣаз вазифа озод хоҳад шуд: «Ҳоло барои ин воқеа ҳамаи ҷонишинҳо ва кураторон ҷазо мегиранд, барои хунукназарӣ».
- Вақте ӯро хона оварданд, ягон ҷои танаш обод набуд. Ҳама ҷо изи дарзмол буд, гӯё бо он сӯзонидаанд. Изҳои дарзмол дар бадани ӯба шакли секунҷа аз худ нишона медоданд. Ҳатто байни пойҳояш (шармгоҳаш) сӯхтагӣва гӯштҳои танаш канда гирифтагӣбуданд. Ин чи беадолатист? Наход одамро ба ин ҳол гирифтор кунанд. Гуноҳкард, мувофиқи гуноҳашҷазо медид, вале ваҳшиёна ба қатл расид. Медонед, ки ҳатто ду нохуни дасташро канда гирифтаанд. Аз ин рӯ, мехоҳем танҳо ҳақиқат рӯи об барояд, дигар ҳеҷ,- мегӯяд Азиза Асоева, холаи Ҳамза Икромзода.
Вохӯрии наздикони Ҳамза бо даъват намудани «Ёрии таъҷилӣ» анҷомид. Ҳангоми суханронӣмодари Ҳамза Икромзода то ба ҳадде ба ҳаяҷон омада буд, ки аз гуфтану шунидани ҳолати воқеа фишори хунаш баланд шуда, аз ҳуш рафт.
Ин ки тафтишот чӣгуна кори худро анҷом медиҳад, вақт нишон медиҳад ва хоҳишҳои модари марҳумто куҷо иҷро мегарданд, мунтазир хоҳем буд.
Мавриди зикр аст, ки рӯзи дигар пайвандони Ҳамза Икромзода барои додхоҳӣба прокуратураи генералӣрафтанд. Аммо ба қавли хоҳари марҳум, ДилхоҳИкромзода талоши онҳо барои мулоқот бо Шерхон Салимзода бенатиҷа анҷомид ва танҳо корманди додситонӣРаҳматулло Холов аризаи онҳоро қабул намуд. Наздикони Ҳамза мегӯянд, ки онҳо ҳатман ҳафтаи оянда ба додситонӣмеоянд ва нияти сӯҳбат бо Салимзодаро доранд.
ҲамзаИкромзода, рӯзи 20 сентябр дар зиндони №1 дар Душанбе даргузашт. Хешовандонаш мегӯянд, дар бадани ӯосори шиканҷа ва латукӯб мушоҳида мешуд. Мақомоти расмӣмегӯянд,ки дар зиндон худкушӣкардааст.